Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рустам Азимов: Ӯзбекистон ба сармоягузорони Чину Русия бартарӣ медиҳад

Рустам Азимов: Ӯзбекистон ба сармоягузорони Чину Русия бартарӣ медиҳад

4-11-2016, 13:49
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
Рустам Азимов: Ӯзбекистон ба сармоягузорони Чину Русия бартарӣ медиҳад

Ноиб-аввали сарвазири Ӯзбекистон Рустам Азимов, ки кишварашро дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Бишкек намояндагӣ мекард, аз рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви СҲШ ҷонибдорӣ кардааст.

Ба гуфтаи Азимов, ҳатто "дар замони буҳрони давомдори иқтисодии ҷаҳонӣ иқтисоди Ӯзбекистон рушди 7,5 дарсадӣ доштааст". Вай дар идома афзудааст, ки кишвараш ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя ҳавасманд аст.

"Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо шариконамон - Чину Русия ва ҳамсояҳои наздикамон - Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аллакай барои рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва сармоягузорӣ иқдомҳои мушаххасе меандешад", - афзудааст вай.

Рустам Азимов ҳамчунин гуфтааст, Ӯзбекистон роҳи мудернсозии технологияро тай мекунад ва аз Русияву Чин умедвор аст, ки дар ин бахш сармоягузорӣ хоҳанд кард.

Саидраҳмон Каримӣ




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: