Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Куруши Кабири мо

Куруши Кабири мо

4-11-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 1130 нафар
Назарҳо: 0
Куруши Кабири мо

Рӯзи байналмилалии Куруши Кабир
Муаллифи нахустэъломияи ҳуқуқи башар

Донистани таърихи миллат барои ҳар фарди соҳибшуур аз шартҳои ҳатмист, чун он барои худмуайянкунии шахс дар муҳити гуногунфарҳангии ҷаҳон ҳамчун сипарест, ки ӯро аз фурӯ бурдан аз ҷониби фарҳангҳои ғайр эмин медорад. Имрӯз анқариб ҳар як миллат соҳиби қаҳрамонҳои худ аст ва дар саҳифаҳои таърихиаш ҳатман давраеро дар ёд дорад, ки онро нишонаи олии ташаккули давлатдории миллиаш медонад. Дар Русия ин давраи Пётри Кабир, Фаронса Карли Бузург, Олмон Фридрих Барбаросса ва дигар қаҳрамононашро фаромӯш накардааст, Италия аз давраи дурахшони имперотурии Рим ёд мекунад, барои англисҳо давраи шаҳбону Елизавета азиз аст, мисриён аз замони фиръавнҳо ифтихор доранд (аммо аз насли аслии мисриёни қадим танҳо қибтиён боқӣ мондаанд, ки камтар аз 10% аҳолиии кишварро ташкил мекунанд), дар ҳамсоякишвари мо Темури Ланг дар садр нишаставу Чин аз Ши Хуан Ди-аввалин муттаҳидкунандаи кишвар хотироти нек дорад.

Давраи дурахшони ҳар як миллату кишвар на ҳама вақт ба «дарди ҳамсоягон» бармехӯрад, чун дар боло бурдани нуфузи мардуму роҳандозӣ намудани аҳдоф ва манофеи миллии хеш, умуман, ҷой ва мақом пайдо кардан «зери чархи кабуд» аксаран дигар ақвом таҳти фишор қарор гирифтаанд. Чунин аст қонунияти зиндагӣ. Масалан, симои лашкаркаш ва асосгузори давлати ягонаи муғул Чингисхон назди миллатҳову ақвоми ғайримуғул нақши бисёр манфуре касб кардааст, чун ба номи ӯ ва ворисонаш қатлу куштори дастаҷамъӣ, нобуд сохтани давлатҳову миллатҳо ва ба нестӣ бурдани фарҳанги мардумони шаҳрнишин алоқамандӣ дорад. Аммо имрӯз ҳам муғулҳои муосир аз исми ӯ фахр доранд, чун на то давраи Чингисхон, на баъд аз ӯву ворисонаш Муғулистон ин қадар баландпарвозиҳоро надид. Ҳоло ба Улан-Батор, пойтахти ин кишвар биравед ва шуморо ҳатман назди муҷассамаи бузурги ин қотили бузурги мардумон ва аждаҳои фарҳангсӯз мебаранд.

Таърихи миллатҳои ориёии эронинажод аз чунин мисолҳои нашъунамои давлатӣ ва зуҳур кардани ашхоси оламшумул бениҳоят ғанист ва ин нукта фаҳмо ҳам ҳаст-чун тамаддуни умумиҷаҳониро низ то андозаи бузургу чашмрас ҷадди мо поягузор буданд ва дар қисми ғолиби тамаддуни муосири ҷаҳон «акси садо»-и он дида мешавад. Ҳоло мавриди овардани намунаҳои исм ва осори гузаштагони бузурги мо нест, дар матолиби гузаштаи худ сари ин мавзӯъ зиёд ҳарф задаем ва дар маводҳои ояндаамон низ онро пайгирӣ хоҳем кард. Ин ҷо мо атрофии шахсияти алоҳида ҳарф хоҳем ронд. Саҳеҳтараш, Шахсият. Исми ӯ Куруши Кабир аст, ки фахри мо, миллатҳои эронинажод мебошад.

Баъзеҳо метавонанд аз банда домангир бошанд, ки чаро ман ба ҳайси як тоҷик аз Исмоили Сомонии Бузург-асосгузори давлати муқтадири тоҷикон, ҳамоне, ки забони моро ҳифз карду халифаи арабро сарфи назар, давлатдории миллии моро эҳё намуду ҳокимияти сиёсии тозиёнро барҳам зад, ҳоло чизе намегӯям. Дар матолиби пешина аз хидматҳои ин Марди Бузург ҳам зиёд гуфтаам ва дар оянда низ ба ин мавзӯъ даст хоҳам зад. Аммо ҳама чиз бояд бо тартиби худаш бошад. Мо аз давлатҳо ва сарварони пешини ориёӣ сухан хоҳем ронд ва пайваста ба қаҳрамониҳои миллати тоҷик, ки ҷузъи ҷудонашаванда ва асосии Дунёи Эронӣ аст, рӯ хоҳем овард. Ҳар кас, ки таърихи сойири миллатҳои эронинажодро аз ҳам ҷудо мекунад ва миёни онҳо тухми тафриқаву нифоқ мекошад, бешак, душмани мост, ки ё аҷнабист, ё манқурти ба хидмати аҷнабиён камари хидмат баста.

Имрӯз гуногунмазҳабиву сохтори фарқкунандаи давлатдорӣ, ки миллатҳои моро то андозае аз ҳам ҷудо сохта, набояд садд ва бегонагӣ миёни мо, миллатҳои эронинажод гардад, ки мо яктанӣ ва гузаштаи дурахшони муштараки худро ба гӯшаи фаромӯшӣ супорему ба вартаи нобудӣ тела диҳем. Ба «осиёб»-и бегонагон, ки шикасти моро мехоҳанд, об рехтан камоли бехирадист, ки маънои «теша ба реша»-и худ задан дорад. Сари ин мавзӯъ оянда боз ҳарф хоҳем зад.

7 обонмоҳ (ки имсол ба 28 октябри соли 2016 рост омада) дар тамоми олами мутамаддин Рӯзи байналмилалии Куруши Кабир таҷлил гардид.
Баъд аз гузашти ҳазорҳо сол имрӯз метавон сари он бояд андеша ронд, ки чӣ ҷойгоҳеро ин Озодмарди бузург дар таърих, фарҳанг ва умуман ҳуввияту ҳастии мо дорост? Инак, Куруши Кабир, Куруши Бузург. Фахри мо, шамъи мо дар иҳотаи зулмот (барои чӣ зулмот», тафсилоташро зер хоҳем овард)-и дунёи сомӣ ва сипару минои мо, ки баъд аз гузашти ҳазорҳо сол мо бо номи ӯ тафохур дорем ва назди дигар ақвоми олам мулзам нестем.

Дар таърихи ҷаҳонӣ исми асосгузори нахустин империяи бузурги байниқитъавӣ-яке за лашкаркашон ва сарварони боистеъдодтарини олам бо ин ҷолиб аст, ки нисбати ӯ маълумоти саҳеҳ боқӣ мондааст.

Аммо таърихнигори юнонӣ Ксенофонт ифшо мекунад, ки аллакай дар қарни 5 то милод нисбати зиндагонии Куруш ҳар гуна нақлу ривоёт вуҷуд доштанд. Аниқ маълум аст, ки падари боғайрати ӯ- Камбуҷия (Камбиз)-и 1 аз сулолаи маъруфи форси Ҳахоманишиён буд. Ҳеродот мегӯяд, ки «дар кӯдакӣ Курушро ба кӯҳ бурданд, ки дар он ҷо модагурге ба ӯ шир дод ва чӯпони оддӣ тарбияташ кард». Ин то андозае ривояти шоҳи юнонӣ Эдипро мемонад.

Ин ҳамон достони маъруфест, ки дар Дунёи Қадим оид ба Куруш гуфта мешуду вирди забонҳо мегашт. Тафсилоти он чунин аст: модари Куруш духтари шоҳи Мидия-Ихтивигу (Астиаг)-шоҳдухтар Мандана буд. Ҳангоме, ки Мандана дар ҳолати аз ҳамл озод шудан буд, Ихтивигу хобе мебинад, ки писарбачае ӯро аз тахт ронда, ба ҷойи ӯ менишинад. Таъбиркунандагон ба ӯ мегӯянд, ки набераи ӯ бузург хоҳад шуд ва тахтро аз бобояш хоҳад гирифт. Чун Куруш тавлид шуд, Ихтивигу ба яке аз зердастонаш фармон медиҳад, ки кӯдакро бикушад. Аммо дар ботини мулозим ҳисси инсонӣ боло мегирад ва аз куштори тифли маъсум даст кашида, ба кӯҳ мебарад, ки дар он ҷо ӯро модагург шир медиҳад ва чӯпони оддӣ тарбияташ мекунад. Яъне, достони «Маугли»-ро сарманшааш хеле қадима будааст, ки ҷаноби Редярд Киплинг қарнҳо баъд дар симои ҳиндубачае онро ба қалами тасвир кашидааст. Ҳоло бо вуҷуди гузаштани ҳазорҳо сол ҷудо кардани асотир аз ҳақиқат корест душвор. Вале, ба ҳар ҳол, дар ин дунёи булъаҷаб ҳар кор шуданаш мумкин аст….

Як чиз яқин аст: агар ин ҳикоят асос дошта бошад ва агар Ихтивигу медонист, ки ин писарбачаро тақдири хеле болотар аз пиндори ӯ интизор будаву исми бузургашро дар китобҳои муқаддаси се дини ҷаҳонӣ-яҳудия, насроният ва ислом бо некӣ ёд хоҳанд кард ва ӯ на танҳо Мидия, балки тахтҳои машҳури давлатҳои бузурги Осиё, баъдан ворисонаш кишварҳои муқтадиру мустабиди Аврупову Африқоро вожгун хоҳанд кард, аниқ то тавлид шудани ин Марди Бузург дилаш зада мефавтид.

Соли 558 то милод Куруш ҳокими яке аз музофоти форсӣ-Аншон гардид. Дар ҳамон вақт ӯ ҳамчун ходими давлатӣ ва ҳарбӣ ташаккул ёфт ва сари бунёди иттиҳоди ҳарбӣ миёни ақвоми форс камар баст. Ба ҳайси ҳокими аншонӣ аз ҳисоби саворагони форс артиши муқтадир созмон дод. Дар артиши ӯ аробаҳои ҷангӣ, ки дар набардҳо сарбозони пиёдаи душман аз онҳо сахт метарсиданд, манҷаниқҳо ва дигар силоҳи он замон пешрафта васеъ истифода бурда мешуд. Соли 553 «таъбири фолбинон» ҷомаи амал пӯшид ва Куруш алайҳи Мидия, ки пеш аз ин Форс вассал (тобеъ)-аш буд, лашкар кашид. Як чизро хонандагони азиз бояд бидонанд: Форсу Мидия аз лиҳози забониву нажодӣ ба ҳам хеле наздик буданд ва Мидия низ аз давлатҳои аҷдоди мо асосгузошта маҳсуб ёфта, аз кишварҳои ориёӣ буд. Аз ин хотир, мантиқан, саркӯб кардани артиши Ихтивигу ва забти Мидия на истилои хориҷӣ, балки ивазшавии сулола дар тахт буд. Куруш пойтахти он-Экбатана (Ҳамадон)-ро қароргоҳи худ қарор дод ва бо Ихтивигу валинеъматона муносибат карда, ҳатто, агар ба Ктесий бовар кунем, ӯро ҳокими Паркания таъин намуд. Баъди мутеъ сохтани Мод ӯ дар муддати 2 сол (550-548 то милод) кишварҳое, ки пеш ба давлати Мидия дохил буданд-Арманистон, Гиркания ва тамоми қаламрави Эломро ба тобеият даровард. Соли 547 то милод ба ҷониби Куруш ихтиёран Киликия гузашт ва ба ӯ ёрии ҳарбӣ расонд. Барои ин Куруш ҳеҷ гоҳ сатрапҳоро ба ин кишвар равона намекард ва сари қудрат ҳокимони маҳаллиро монд, ки бояд ба Форс хироҷ ва дар ҳолати зарурӣ сипоҳ мефиристоданд.

Аммо баъдан Куруш нишон дод, ки мамлакатҳои дигар низ аз мадди назари ӯ дур намондаанд. Ин фаҳмо буд: давлатҳои муқтадири Дунёи Қадим аз қувват гирифтани Форс дар таҳлука буданд ва алайҳи он муоҳидаҳо ташкил медоданд. Аз ин рӯ, Курушро чорае намонда буд, ҷуз аввалин шуда, зарбаҳоро мутавассита ба онҳо бизанад, чун манофеи давлатӣ инро талаб мекард. Нахуст истеъдоди лашкаркашии ӯро давлати Лидия, воқеъ дар Осиёи Хурд дар «пӯст»-и худ эҳсос кард. Лидия низ аз абарқудратоне буд, ки сари гегемония (сарварӣ) дар Осиёи Хурду Ховари Наздик кӯшиш дошт. Сарватмандии шоҳи он Крезус (Крез) вирди забонҳо буд, ки дар Тавроту Инҷил низ аз боигариҳои афсонавии ӯ ҳикоят карда мешавад. Аммо дар мизони мардонагӣ матиниродагии Куруш аз тиллои Крез «вазнин»-тар гардид ва Лидия аз Форс шикаст хӯрд.

Иқдоми ҷанг ба Крезус тааллуқ дошт. Соли 547 то милод лидиягиҳо ба Каппадокия, ки пеш ба Мод (Мидия) тобеъ буд ва баъди шикасти ин давлат ба минтақаи таҳти нуфузи Лидия табдил ёфт, ҳуҷум оварданд. Куруш ҳам ба он ҷо рафт ва дар роҳ артиши худро аз намояндагони мардумони маҳаллӣ пурра мекард. Сафирон ба шаҳрҳои Иония ва Эолида (юнониён) низ фиристода шуданд, ки аз Крезус сар кашида, ба Куруш рӯ оваранд. Аммо юнониҳои Осиёи Сағир мавқеи интизориро касб карданд. Дар шаҳри Птерий, канори шарқии рӯди Галис набард рух дод, ки ғолибро муаёян накард. Крезус ба Сард-пойтахти кишвар ақибнишинӣ кард. Форсҳо шаҳрро 14 рӯз муҳосира намуда, ахиран онро гирифтанд. Крезуси асотириро назди Куруш оварданд.

Баъд аз шикасти Крезус шаҳрҳои наздибаҳрии иониҳо ва эолиҳо ба Сард, назди Куруш сафир фиристоданд ва эълон доштанд, ки ба ӯ тобеъ хоҳанд шуд. Шаҳр-давлатҳои юнонӣ ба монанди Фокея, Милет, Галикарнасс ва дигарҳо изҳори садоқат ба Куруш карданд. Солҳои 545-539 Суғд ва Бохтар ба империяи бародарони ориёии худ ҳамроҳ гаштанд. Соли 539 то милод Куруш ба Бобул рафт. Назди деворҳои ин шаҳри машҳури Дунёи Қадим форсҳо лашкари пурқувват ва овозадори Бобулро, ки садсолаҳо дар қалби мардумони Ховари Наздик ҳисси тарсу ҳаросро нишонда буд, миён баршикастанд. Лашкари боқимонда ақибнишинӣ кард ва паси деворҳои баланди Бобулшаҳр паноҳ бурд.

Вақте мо бо таърихи Дунёи Қадим кор мегирем, бояд омода буд, ки ҳақиқат бо асотир омехта шудааст. Яке аз чунин устураҳо менигорад: Ҳангоме, ки артиши форс дар роҳ буд, шоҳи Бобул Набонид дар хонаи хобаш манзараи ҳайратовареро шоҳид мегардад. Девори шимолии он баногоҳ равшан ва ҳарфҳои оташин пеши чашмонаш ҷилвагар мешаванд: «Мене, текал ве парсин!», ки маънои «ҳисобу андоза шуд ва ба форсҳо дода шуд»-ро дорад. Набонидро ҳисси тарси беандоза фаро мегирад. Хирадмандони дарбор тафсири онро ба шоҳ ифшо мекунанд-Мардук (худои бобулиён) акнун аз ӯ рӯ гардонида, форсҳоро баргузидааст.

Бобул деворҳои баланд дошт ва ҳар гуна сипоҳро барои забти он мушкилии бузург дучор меомад. Баъд аз чанде муҳосира Куруш фармон дод, ки маҷрои рӯди Фуротро дигар кунанд ва сарбозони форс бо роҳи дарёи хушкшуда ба шаҳр даромаданд. Набонид ба асорат афтод ва ба бадарғаи фахрӣ равон карда шуд. Меросхӯр ва писараш-Валтасар дар набард ҳалок гардид.

Набарди охирини Куруш алайҳи массагетҳо буд, ки дар он Куруш ҳалок мегардад. Қабилаҳои кӯчии массагет низ аз ҷадди мо, ақвоми ориёӣ буданд, ки маликаи ин қавм-Томирис барои мо азизу муътабар аст. Аммо то андозае таърих таҳриф низ шуда, ки дар китобҳои замони шуравӣ низ тасвир мешуд. Таърих ифшо мекунад, ки гӯё сари буридаи Куруш ба хуми пур аз хун андохта шуда буд-«Ту, ки аз хун сер нашудаӣ, акнун сер шав!» Аммо чун аниқ маълум аст, ки Куруш дар Пасаргад дафн шудааст (ки ҷасади ӯро ҳанӯз Искандари Мақдунӣ дида буд), партофтани сари буридаи ӯ ба машки хун устуравӣ бозтоб мешавад. Баъдан, Куруш ягон истилогари ба мо бегона нест, гӯшт аз гӯшти мо, пӯст аз пӯсти мост, ки мо ӯро ба золимони аҷнабӣ баробар кунем. Ин Марди Худост, ки дар зер сари ин гуфтаҳо мулоҳиза хоҳем ронд. Қабоили кӯчии массагет такя бар шароити вазнини зист дорои қавонини дурушту сахт буданд ва Куруши Кабир метавонист нури оини яккахудоии маздаясноӣ ва тартиботи давлатдории пешрафтаи дорои сиёсати он замон хеле инсонсолоронаи иҷтимоиро ба минтақа оварад. Камбуҷияи 2, писари Куруш ахиран массагетҳоро шикаст дод ва баъдан Мисру дигар манотиқи Африқои Шимолиро зери султаи Ҳахоманишиён даровард.

Зиндагии пуршарафонаи Куруш дигаргуниҳои ҷиддиро дар таърихи инсоният ба бор овард. Маҳсуб мегардад, ки тамаддун нахустин маротиба дар Шумер 3000 сол пеш то милод пайдо шудааст. Зиёда аз 25 қарн шумериҳо (аммо тадқиқоти ахир нишон медиҳад, ки ба таври ғолиб ин қавми ориёӣ будааст) ва дигар ақвоми сомӣ, ки бар ивази онҳо омаданд-аккадиҳо, вавилониҳо ва ошуриҳо дар маркази тамаддуни ҷаҳонӣ (ба истиснои Миср, ки ҳамин сатҳи рушдро доро буд) мезистанд. Аммо Куруши Кабир ин боби таърихи инсониятро хотима бахшид. Аз ҳамон замон акнун на Миср ва на Месопотамия ҳам аз нигоҳи маданият ва ҳам аз нигоҳи иқтисоду сиёсат дигар марказҳои тамаддун нашуданд. Зиёда аз ин, миллатҳои сомӣ, ки қисми асосии минтақаи Месопотамияро ташкил медоданд, тӯли қарнҳо наметавонистанд истиқлолияти худро ба даст оваранд.

Баъди форсҳо (ҳиндуаврупоиҳо) мақдуниҳо, юнониҳо, баъдан парфиёниҳову римиҳо ва Сосониён омаданд. Ҳамаи онҳо ҳиндуаврупоӣ (ориёӣ) буданд. То забткориҳои ислом-қарни 7 милодӣ-қариб баъд аз 12 қарн баъд аз фавти Куруш-нимдавраи ҳосилхези Месопотамия таҳти назорати сомиён намедаромад. Куруш на танҳо барои он симои барҷастаи таърихист, ки дар набардҳои зиёд ғолиб омадааст. Он чиз муҳимияти бузургро дорост, ки империяи асосгузоштаи ӯ сохтори сиёсии Дунёи Қадимро дигаргун кард ва ин хусусияти пайваста дошт.

Ҳахоманишиён ҳар ҷое қадам мегузоштанд, озодиву рифоҳ ва осоишро бо худ ба армуғон мебурданд ва ба ақоиди дигарон эҳтиром мегузоштанд. Баръакси ҳокимони сомӣ, ки ваҳшонияти бемисл аз худ нишон додаанд. Масалан, дар катибаи шоҳи ошурӣ (Ассирия-империяи қудратмандтарин дар замони худ дар Ховари Наздик, қарнҳои 24-7 то милод) Насирбол мехонем:

«Ба фармудаи Ошур ва Иштор, худоёни бузург, ки ҳомиёни ман ҳастанд, бо лашкариён ва аробаҳои ҷангии худ ба шаҳри Гиною ҳамла бурдам ва онро бо як зарби шаст тасарруф кардам. Шашсад ҳазор аз ҷангиёни душманро беистиҳола сар буридам. Се ҳазор асирро зинда туъмаи оташ сохтам ва ҳатто якеро нагузоштам, то ба гаравгонӣ равад. Ҳокими шаҳрро ба дасти худам зинда пӯст кандам ва пӯсташро ба девори шаҳр овехтам (!!!) ва аз он ҷо ба сӯи шаҳри Тилло равон шудам.Мардуми ин шаҳр ба фармони ман дарнаёмаданд ва таслими ман нашуданд. Лоҷарам (фавран) ба шаҳрашон юриш бурдам ва онро гирифта, 30 ҳазор нафарро аз дами теғ гузаронидам. Бисёри дигарро дар оташ кабоб кардам ва асирони бешуморро дасту ангушту гӯшу бинӣ буридам ва ҳазорон чашм аз косахона ва ҳазорон забон аз забон берун кашидам (!!!) Аз ҷасадҳои кушташудагон пуштаҳо сохтам ва сарҳои бурида ба тоқҳои беруни шаҳр овехтам».

Дигар ҳокими қудратманд, Бухтуннаср (Навуходоносори инҷилӣ)-и машҳур, шоҳи Бобул, асиргирандаи Бани Исроил нисбати душмани мағлуб хашмашро чунин фурӯ нишондааст:

«Фармон додам, ки сад ҳазор чашм дароваранд ва сад ҳазор пой бишкананд. Бо дасти худам чашми фармондеҳи душманро даровардам. Ҳазорон духтару писарро зинда ба зинда туъмаи оташ сохтам. Хонаҳоро чунон кӯфтам, ки дигар бонги зиндае аз онҳо барнахезад».

Шумо суханони мағруронаву инсонбадбинонаи ҳокимони сомиро хондед. Боварӣ дорам, ки ҳар фард, ки соҳибшуур аст, бо душворӣ инро таҳаммул мекунад ва агар кунад…

Аммо акнун бубинем, ки Куруши Бузурги ориёӣ дар устувонаи ба мо расидаи гилӣ, ки айни он дар осорхонаи Британия ва шибҳ(нусха)-и он дар осорхонаи Эрони Бостон мавҷуд аст, саргузашти вуруди хеш ба Бобулро чи гунна шарҳ додаст:

«Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи нируманд…Вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши худ озод бошанд ва бединон онҳоро наозоранд. Фармон додам, ки ҳеҷ як аз хонаҳои мардум хароб нашавад. Фармон додам, ки ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад (накушад). Худои Бузург аз ман хушҳол шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам-Камбуҷия ва ба тамоми лашкариёнам аз роҳи иноят баракоти худро нозил кард».

Куруши Кабир сарзаминҳои бузургеро тасхир намуд ва дар Дунёи Қадим империяе асос гузошт, ки дар се қитъаи олам-Осиё, Аврупо ва Африқо вусъат дошту инсоният амсолашро то ҳол надида буд. Давлате бо технологияи он замон пешрафтатарин, дорои шаҳрҳои рушдёфтаву зебо, ки то ин замон ҳам дар меъмории ҷаҳон таъсираш дида мешавад («парадизияҳо»-боғҳои бо нақшаи рост ва меъмории биноҳову дигар иншоот) Мебинем, ки сойири миллатҳо ӯро чи гуна эҳтиром гузоштаанд, чуноне ки худи Куруш дар устувонааш, ки дар натиҷаи корҳои ҳафриётии Бобул ба даст омадааст, мегӯяд:

«Баъд аз овардани муҷассамаи худоҳои Ур (ба Бобул) Мардук ӯро баргузид. Ӯ дасти Куруш-ҳокими Аншонро гирифт ва исми ӯро барои салтанати тамоми олам бурд. Баъд шоҳи мазбур гӯяд: Вақте ман миёни сукуту оромиш ба Тин-Тир ворид шудам, бо фарёдҳои шодиву сурури мардум ба қасри подшоҳӣ даромадам ва ба тахти салтанат нишастам».

Оре, мавсуф эътиқоди худ (маздаясноии равшан)-ро ба зӯрӣ сари милали мутеъ бор накард, калламанораҳо насохт, чашми асирон аз косахона дарнаёвард, пӯсташонро ҷудо накарду туъмаи оташ насохт…Ба ҳамин минвол Камбуҷия, Дориюши Бузург ва дигар сарони ҳахоманишӣ салтанат ронданд, ки дар хотири милали зердаст нақши мусбиро касб карданд. Куруши Кабир, муаллифи нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар («Силиндри Куруш», ки то ҳол маҳфуз аст), Бани Исроилро аз банди Бобул озод кард ва яҳудиёнро иҷозат дод ба Фаластин баргарданд ва иҷозаву дастур ирсол намуд, ки Уршалаим (Иерусалим, Байтулмуқаддас) ва маъбади харобшудаи Сулаймон аз сари нав барқарор шаванд. Ҳамин аст, ки Паямбарони Бани Исроил ӯро бисёр сутудаанд ва пайравони дине, ки Таврот китоби муқаддасашон аст (яҳудиён) аз туффулият исми ин шоҳи бузургро шунида, ба он ошиқ мешуданд.

Яъне, агар Куруш намебуд, мегӯянд коршиносон, азҷумла профессори Донишгоҳи Эдинбург (Шотландия) Ллойд Левелин-Ҷонс, таърихнигор Дэвид Стронг, профессори Донишгоҳи Сиракуза (ИМА) Питер Веллер ва дигар олимони маъруф, қавми яҳуд мумкин буд ҳанӯз дар қарни 5 то милод умуман нобуд мегардид ва таърихи инсоният маҷрои дигар мегирифт.

Дар Тавроту Инҷилу Забур Куруши Кабир «Машиах»- Фиристода, Баргузидаи Худо номида шудааст. Дар хотираи милали мағлуб Куруш ҳамчун «шоҳи одил», «ҳомӣ» ва дар хотираи форсҳо ҳамчун «падар» нақш бастааст. Ва дар Қуръони Азимушшаън қаҳрамоне бо исми «Искандари Зулқарнайн» зикр шудааст, ки тамоми хислатҳои Куруши Кабирро дорост. Гумон меравад, ки дар китоби муқаддаси Ислом маҳз Куруш дар назар дошта шудааст, чун Искандари Мақдунӣ (Александр), писари шоҳ Филиппи 2 (ё Дориюши 3, ба касе чи гуна мақбул бошад) бо вуҷуди шогирди Арасту ва марди фарзонаву донои замонааш будан ҳангоми кишваркушоиҳояш баъзан бераҳмӣ низ аз худ содир кардааст. Масалан, ӯ зиёда аз 120 ҳазор (агар шумораи аҳолии он даврро ба назар бигирем, ин шумораи хеле бузург аст) сокинони Суғд-аҷдоди моро аз дами теғ гузаронид. Ба ҳар ҳол, чунин маҳсуб мешавад. Искандар Авастои Бузург ва Персеполис-ин маркази бузургу муҳташам ва шаҳри то ин дам дар Дунёи Қадим диданашудаи ориёии моро ба коми оташ андохт (танҳо ҳамин кофист, ки лаънаташ хонем, аммо…). Монанд ба ин амалҳоро баъзан дар дигар ҷоҳо роҳандозӣ намудааст (хароб сохтани Фива ва ба ғуломӣ фурӯхтани аҳолии боқимондаи он ва ғ.).

Вале… Нахустин амале, ки Искандар баъд аз фатҳи Эрон кард, мақбараи Курушро зиёрат карду сари таъзим назди он фуруд овард. Куруши Кабир барои Искандар идеали асосии ҳукмрониву ҳамосаи мардонагӣ буд, аммо ӯ то ба охир бори гарони тақлид кардан ба ин Марди Бузургро кашида натавонист, ҳарчанд бисёр вақт ҷавонмардии писари Филипп аз бисёр шоҳони пешину баъдина хеле боло буд.

Куруш ҳеҷ гоҳ даст ба генотсиди мардумон ва нобуд сохтани фарҳанги онҳо назада буд. Ин фотеҳи мутамаддин ва ҷавонмарде буд, ки Дунёи Қадимро зери як ҳокимият даровард ва сулҳу оромишро дар он таъмин намуд.

Ҳисоб меравад, ки аввалин ғояи глобализатсия (ҷаҳонишавӣ)-ро дунёи эллинӣ (юнонӣ) бо сарварии Искандари Мақдунӣ тавлид кардааст. Ба гумони мо, ин назари мутлақо хатост. Аввалин намунаи ҷаҳонишавиро Куруши мо асос гузошт ва Искандар тақлидкоре буду халос. Ҷаҳонишавӣ бо сарварии милали эронинажод, нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар, меъморӣ ва илму фарҳанги пешрафта (вақте гузаштагони мо шим мепӯшиданд, юнониҳо бо хитон (курта) мегаштанд), Ҳамосаи ҷавонмардиву ҳукмронии идеалӣ, тамаддуни воло, ки аз поягузорони аслии тамаддуни кулли инсоният маҳсуб мегардад, магар боиси фахри мо нест, рӯҳонияти «муҳтарам»-и мо? Шумо мегӯед, ки «таърихи қаблазисломии худро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоред, чун замони «ҷоҳилият» буд». Ман мегӯям, ки ин ҳарзаи худро сари сагони дайду фурӯ бирезед, чун мо таърихи дурахшон дорем ва ҳамин консепсияи яккахудоӣ (монотеизм) ҳам моли ҷадди бузурги мо буд! Ва таърихи 1400-солаи исломии мо низ мояи ифтихорамон аст, чун агар ба дини мубини Ислом дар нимҷазираи сӯзони Араб бунёд гузошта шуда бошад, пас бинои муҳташами тамаддуни исломиро гузаштаҳои бузурги мо афрохтаанд!

Осуда бихоб, Куруши Кабир, эй Озодмарди Дунёи Эронӣ, Марди Бузург, мо-фарзандонат фаромӯшат накардаем ва ҳамеша дар ҳифзи туву Исми Бузургат ҳастем!!!
Азамат Дӯстов







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: