Ҳазрати Мӯсо кӣ буд?27-01-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 624 нафар
Назарҳо: 0
Таърихи инсоният аз ҳаводиси асроромез моломол аст, ки имрӯз тахайюлоти насли муосирро ҳангоми пажӯҳиши онҳо ба дуриҳои дур мебарад, ки ҳамакнун баъд аз гузашти қарнҳо асотирро аз воқеият ҷудо намудан аз амалест мушкил ва пажӯҳишгаронро ба чанд ҷабҳаи мухолифназар ҷудо намудааст, ки дар маънидод намудани аслияти таърихӣ дар саддҳои муқобил қарор гирифтаанд. Ин ҷо мо мехоҳем оид ба ҳодисоти ҳайратовари таърихӣ силсилаи маводҳоро манзури хонандагон намоем, ки хеле ҷолиб ҳастанд. Ҳамаи Шумо кишвари Мисрро медонед. Бо ба забон овардани номи ин кишвари таърихӣ, ки дар илми таърих ҳамчун яке аз «гаҳвораҳои тамаддуни башарият» зикр мешавад, пеши назари кас ҳатман «аҳром»-ҳо-марқади шоҳони қадимии мисрӣ-фиръавнҳо ҷилвагар мешаванд. Бале, ҳамон «фиръавнҳо»-е, ки пайваста аз ҷониби рӯҳонияти мо пайваста мавриди таънаву маломат гирифта мешаванд. Хуб ин ҷо ман иштибоҳ кардам- рӯҳонияти мо аслан на ҳама фиръавнҳоро медонад, ҳатто қисми ғолиби онҳо итминон дорад, ки фиръавн якто буд-ҳамоне, ки Мӯсоро бо қавми яҳуд аз Миср пеш кард. Ман замоне ба бархе аз рӯҳониён суол дода будам, ки дар ҳамон «қазия»-и машҳур («депортатсия»-и яҳудиён аз Миср) кадом фиръавн инони раҳбарии Мисрро дошт, онҳо ҳайратовар ба ман нигоҳ карда буданд ва баъзе бо кароҳат ҷавоб доданд: «магар фиръавн 10-то буд? Албатта, фиръвни лаъин, макони абадиаш ҷаҳаннам бод, якто буду Худованд ӯро ба сазои аъмолаш расонид.» Гуфтам, ки Хуфу, Хеопс, Рамсесҳову Тутанхамонҳо, Эхнатон (Аменхотеп. Ин фиръавн достони ҷолиб дошт), Аменхотепҳо буданд, ҳатто фиръавнҳои дорои номи ба тоҷикон «гӯшнавоз»-и Яхмос, фиръавни зан ҳам буд-Хатшепсут. Ҳамон «фиръавни лаъине», ки «нишаста буд бар тахти заррин», дар он ҳангом, ки «Мӯсо аз Худо нони ҷавин металабид», тибқи исноди бархе аз олимони забардасти улуми таърих ва такя бар асноди маъхазҳои то ин замон ба даст расидаи таърихӣ бар гумони ғолиб Рамсеси 2 (1279-1213 то милод) будааст. Рамсеси 2-шоҳи саввуми сулолаи 19, писари фиръавн Сети 1 ва шаҳбону Туйи, қариб 70 сол ҳукмронӣ намудааст. Ба исрори бостоншиносон, қадимтарин созишномаи сулҳи таърихие, ки имрӯз ба дасти мо расидааст, созишномаи дар санг ҳаккокишудаи миёни Рамсеси Бузург ва шоҳи халқияти қадимии «хетт»-ҳо Хаттусили 3 аст, ки баъд аз чанд соли набарди машҳури Кадеш-набарди «ҳазор аробаи ҷангӣ» (соли 1294 то милод, макони ҳодиса-Сурия) миёни тарафҳои даргир баста шуд. Матни созишнома, ки сараввал бо хати мехӣ дар лавҳаи нуқрагин навишта шуд, баъдан ба забони мисрӣ тарҷума шуда, дар девораҳои Карнак ва Рамессеум ҳаккокӣ шуд, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба ваҷд меорад. Рамсеси 2 кишварро аз лиҳози ҳарбӣ муқтадир намуд ва флоти баҳрӣ таъсис дод. Нисфи ҳукмронии ӯ дар ҷангҳо алайҳи кишварҳои дигар гузаштааст. Аммо ӯ на танҳо фиръавни ҷанговар, балки ҳокими ободкор низ буд. Таҳти султаи ӯ ҳудудҳои Миср васеъ гардида, олимон ин замонро аз беҳтарин давраҳои нашъунамои тамаддуни мисрӣ ҳисоб мекунанд. Дар замони ӯ дурдонаҳои зиёди меъморӣ, аз қабили маъбадҳои дар дохили кӯҳ бунёдшудаи Нубия-Абу Симбел ва дигар осорҳои гаронбаҳои таърихӣ ва иншооти гуногунтаъинот, ки иқтидори кишварро афзун мекарданд, сохта шуданд. Барои бунёди шаҳрҳо дар резишгоҳи Нил, дар замини Ҳассум, ки кӯчиёни яҳудӣ садҳо сол инҷониб чорво мечарониданд, ҳазорҳо дасти корӣ лозим буд. Тибқи ривоёти маъмул, Рамсеси Бузург ин халқи ваҳшии кӯчиро ба ғулом табдил дод. Боби «Муҳоҷират»-и Инҷил дар ин бобат ифшо мекунад: «Ва ба сари ӯ (қавми яҳуд) ҳазорҳо сардор монданд, то ин ки бо корҳои тоқатфарсо азияташ бидиҳанд. Ва ӯ (қавми яҳуд) барои фиръавн шаҳрҳои Пифом ва Раамсесро сохт». Чуноне пажӯҳишгар Елена Уайт менависад, «яҳудиён ба таври таҳдидовар афзун мегаштанд (таваллуди зиёд, ки хоси қабоили пастфарҳанги кӯчист) ва афзоиши бемайлони онҳо ташвиши мардуми маҳаллӣ ва фиръавнро меовард, чун, ба ақидаи онҳо, ин мардуми хиёнатпешаи кӯчӣ метавонист дар лаҳзаҳои душвор бо душманони Миср муттаҳид бигардад. Аммо барои пеш накардани онҳо асосҳои дигари ҷиддӣ низ буданд-миёни ин қавм ашхоси боистеъдод ҳам вомехӯрданд, ки метавонистанд барои тарақкиёти кишвар ҳисса гузоранд. Ғайр аз ин, барои бунёди иншооти бузург барои Рамсес қувваи корӣ лозим буд ва такя ба ин, ӯ ҳуқуқҳои яҳудиёну мисриҳои бумиро баробар намуд, ки мӯҷиби норозигии охириҳо низ гардид». Аммо тибқи ривоёти динии яҳудиён, шумораи «мардуми баргузидаи Худо» зиёд шуд ва фиръавн фармон дод, ки тамоми атфоли ҷинси марди навтавлидшудаи яҳудӣ дар дарёи Нил ғарқ карда шаванд. Чуноне Таврот менигорад, «дар он замон дар хонаводаи Амрон фарзанде тавлид шуд, ки ӯро Мӯсо номиданд. Дигар имкони пинҳон намудани ӯро наёфта, модараш Мӯсоро дар сабаде назди Нил мегузорад ва тифлро духтари фиръавн, ки барои оббозӣ омада буд, меёбад». Тахминҳо вуҷуд доранд, ки ин шаҳдухтар Термутис, духтари Рамсеси 2 ва ё Хатшепсут, духтари фиръавн Тутмоси 1, маликаи машҳури сулолаи 18-и Миср, нахустин фиръавн-зан будааст. Хуб, касе набошад, ба гумонам мо то ба охир инро натавонем фаҳмид, чун девори ғафси қарнҳои гузашта моро аз ин ҳаводис ҷудо кардаву акнун ривоёти бофтаро аз воқеоти таърихӣ ҷудо намудан мушкил аст… Инак, воқеияти ҳаводиси он даврони куҳан чӣ гуна будааст? Ривоёти бисёр маъруфу паҳншуда мавҷуд аст: «Ҳангоми кӯдакӣ Мусо, ки дар дастони Рамсеси 2 қарор дошт, тоҷи ӯро аз сар гирифта, ба сари худ ниҳод. Фиръавн инро фоли бад донист ва хирадмандонро ба пеши худ хонда, аз онҳо машварат хост. Хирадмандон тасдиқ карданд, ки ин тифл барои фиръавн ва хонадони ӯ хатар эҷод хоҳад кард. Барои исботи «хатарнокӣ»-и кӯдак пеши ӯ ду табақ-яке бо тилло, дигаре бо ангишти сӯзон гузоштанд. Кӯдак хост даст ба тилло бубарад, аммо фаришта Ҷабраил дасти ӯро сӯи табақи ангишт равона сохт. Мӯсо яке аз ангиштпораҳои сӯзонро ба даҳони худ андохт ва бо ҳамин сабаб забони ӯ то охири ҳаёташ лакнатдор шуд». Ирина Хотина, олими рус менависад, ки маҳз дар ҳамин ҷо калиди ифшои асрори ҳаводисеро, ки баъдан бо Мӯсо рух доданд, бояд ҷуст. Духтари фиръавн дар ҳақиқат писархонде (Мӯсо)-ро тарбият мекард, ки аз ӯ… падари ҳоким, яъне худи фиръавн (!!!) даст кашида буд! Ва ҳамин воқеаи бофташудаи ёфтани кӯдак дар сабад (ки аз дигар маданиятҳо гирифта шудааст) назди дарёи Нил бо мақсади наҷоти кӯдак ва пешгирии даст ёфтани ӯ ба тахт будааст?! Дар ин сурат, мегӯянд таҳлилгарон, ҳеҷ як ривоят вуҷуд надорад. Оре, чунин шахс таърихан вуҷуд доштааст, ки яҳудиёнро аз Миср баровард, аммо дар бадани ӯ на хуни яҳудӣ балки…хуни фиръавнҳо буд ва ин сабаби сиёсӣ доштаву баъдан бо ривоёту ақидатҳои динӣ махлут шуда… Ин ҷо бояд зикр намуд, ки тақрибан 50 сол пеш аз ҳукмронии Рамсес фиръавн Эхнатон (Аменхотеп) инони раҳбарии кишварро дошт ва мавсуф тамоми худоёни қадимаи мисриро-Сет, Гор, Осирис, Анубису монанд ба инҳоро ба нестӣ бурду мардумро маҷбур сохт ба Худои Ягона-Атон (Офтоб. Меҳри ориёии мо) саҷда кунанд. Ӯ номи худро аз Аменхотеп ба Эхнатон иваз намуд ва шаҳре бунёд гузошт бо номи Ахетатон-«шаҳри Атон» ва онро пойтахт эълон намуд. Рамсеси 2 ва пешгузаштагонаш мардумро боз ба дини аҷдодон баргардониданд ва худоёни пантеони мисрӣ аз нав ҷойгоҳи худро соҳиб шуданд. Дар ҳама ҷой аксу ёдгориҳои Атон ва ҳамсари ӯ Нефертити хароб карда мешуданд. Олимон фарзия пеш меоранд, ки шаҳзода-писари Рамсес, ки баъдан бо исми Паямбар Мӯсо машҳур гардид, мумкин ба ин ҷараёни монотеистии он замон оппозитсионӣ (ки ҷанбаи сиёсӣ низ дошт-ба даст овардани ҳокимият ва барҳам задани институти муқтадири коҳинон) ҳамроҳ гардид, ки хашми падари муқтадирашро овард. Маълум аст, ки таълимот оид ба Офаридгори Ягона он вақт паҳн шуда буд. Баъдан Мӯсо онро ба яҳудиён таълим дод ва онҳо онро ба таври худ навишта, ҷузъиёташро тағйир доданд, аммо маънои аслиашро маҳфуз нигаҳ доштанд. Яъне, иддао доранд олимон, Атон ва Худо (Яҳуво)-и яҳудиён метавонанд решаи тавъам дошта бошанд. Зигмунд Фрейд иддао мекард, ки «Мӯсо мисрие буд, ки дар симои он ҳамеша яҳудиро дидан мехостанд». Бо исрори таърихнигори қадим Иосиф Флавий, «падарбузурги (бобои) Месу (Мӯсо) Рамесу 2 (Рамсеси 2) буд ва Месу аз тамоми ҷузъиёт ва раҳбарии кишвар баҳравар буд». Иосиф Флавий менигорад, ки «Месу артиши мисриро алайҳи ҳабашиҳо (эфиопҳо) сарварӣ намуда, онҳоро шикаст дод ва бо шоҳдухтари ҳабашӣ хонадор шуд. Мисриён ба ӯ нафрат варзиданд ва тарсиданд, ки Месу (Мӯсо) табадуллоти давлатӣ карданист. Фиръавн низ аз ин хавотир буд ва нақша дошт Месуро маҳв созад. Инро фаҳмида, Месу фирор намуд». Чуноне аз Инҷил бармеояд, Мӯсо аз шиддати хашм назоратии мисрие ба қатл расонд, ки бо ғуломони яҳудӣ бераҳмона рафтор мекард ва «аз фиръавн фирор намуда, дар замини Мадиам қарор гирифт». Ӯ баъди ба сари ҳокимият омадани фиръавн Мернептах ба Миср баргашт. Агар ба иддаои олимон Мӯсо (Месу) набера ва ё фарзанди фиръавн Рамсеси 2 буд, пас марги ӯ барои соҳиби тахт шудан шароити мусоидро фароҳам меовард. Аммо даъвати Худоро пазируфта, ӯ аз фиръавн тақозо намуд, ки қавми яҳудро иҷозати берун шудан аз Миср бидиҳад. Баъдан оғоз гардид саргузашти машҳури ӯ бо баровардани қавми Исроил аз Миср, ки дар китобҳои муқаддас дарҷ гашта… Акнун олимон сари фикри он ки «Месу кӣ буд? Писар ё набераи Рамсеси 2 Бузург?» «майна об карда истодаанд». Сипас, ба гуфтаи онҳо, таъқиби фирориёни яҳуд мумкин аст аз ҷониби яке аз писарони ӯ- Аменхерхепешеф ва ё Мернептах сурат гирифта буд, чун ба гумон аст, ки ғуломон, ҳарчанд шумораи бузург дошта бошанд ҳам, аз дасти чунин лашкаркаш ва ҷанговари моҳире чун Рамсеси 2 Бузург ҷон ба саломат бурда метавонистанд… Рӯзноманигор-тадқиқотчӣ Чарли Сеннет кӯшиш намуда буд ҳақиқатро ҷустуҷӯ кунад ва бифаҳмад, ки муҳоҷират (фирор)-и қавми яҳуд аз Миср чӣ гуна сурат гирифта буд ва оё ин ҳодиса дар воқеият вуҷуд дошт ё на. Барои ҷустуҷӯи ҳақиқат ӯ тамоми Мисрро давр зад. Хулосаи ӯ чунин аст- шаҳодати аниқи воқеият доштан ё надоштани ин ҳодисаи ривоётӣ вуҷуд надорад. Дар маъхазҳои қадимаи мисрӣ оид ба қавми яҳудӣ маълумот мавҷуд ҳаст, аммо нисбати ҳодисае, ки ин қавм бо сарварии Месу (Мӯсо) аз сар гузаронидааст, умуман ягон чиз гуфта намешавад. Аммо, гумон меравад, маълумотро ҳанӯз замонҳои қадим муғризона пинҳон кардаанд. Шӯриш ва фирори ғуломон (яҳудиён) на аз он ҳаводисест, ки обрӯи фиръавнро боло мебардорад. Яъне, ба гумони ғолиб, муҳоҷирати ин қавм асосҳои таърихиро дорост. Вале дар асл ин воқеа чӣ гуна рух дода буд? Чарли Сеннет муайян кард, ки нисбати ин ҳодиса баъзе иштибоҳот мавҷуд ҳастанд: Иштибоҳи 1 - яҳудиён ҳангоми фирор Баҳри Сурхро убур кардаанд. Дар Инҷил Баҳри Сурх «ям суф» садо медиҳад, ки маънои «баҳри қамиш»-ро дорад. Бо сабаби тарҷумаи нодуруст ба баҳри Сурх табдил шудааст. «Баҳри қамиш», гумон меравад, ботлоқзори Мисри Шарқиро мегуфтанд, ки ин мавзеи ботлоқӣ дар назари яҳудиёни фирории қадим ҳамчун оби баҳри қафогашта намудор шуда буд. Иштибоҳи 2 - Мӯсо аз Миср 600 ҳазор нафарро берун овард. Ва боз хато ҳангоми тарҷума рух додааст. Шумораи ғуломони озодшуда ҳамагӣ чанд ҳазор будааст. Иштибоҳи 3 - Мӯсо пирамарди 80-сола буд. Чуноне, ки дар боло зикр гардид, Мӯсо дар қасри фиръавн мезист (бо иддаои бархе коршиносон фарзанд ё набераи Рамсес буд), ва синну солаш ба синни писари фиръавн (бародараш ва ё амакаш?) - Аменхерхепешеф баробар буд, агар ҷавонтар набуд. Иштибоҳи 3 - ғуломони яҳудӣ заиф ва бесилоҳ буданд. Мӯсо ба қасри фиръавн бо ашхоси мусаллаҳ омад. Ӯ дорои қуввае буд, ки онро бояд ба инобат мегирифтанд. Мебинем, ки олимон тасвири ҳаводисеро пешниҳод намуданд, ки куллан аз тасаввуроти мо оид ба ҳиҷрати Бани Исроил, «фиръавни саркаш», худи Мӯсо ва назари ақидатии мо фарқ дорад. Ба назар мерасад, ки пажӯҳишгарон кӯшиши азнавнависии китобҳои муқаддасро доранд ва дар шароити озмоишгоҳӣ (лабораторӣ) исбот карданианд, ки ҳеҷ як мӯъҷизае дар асл вуҷуд надорад. «Бинӣ»-ҳои худро ҳар ҷо мехалонанду аз ҳар ривоёти динӣ аз нигоҳи илмӣ «пӯсту парашон»-ро мебароранд. Мумкин, онҳо воқеияти аслии ҳаводису ривоётро фаҳмиданӣ ҳастанд? Ба ҳар ҳол, дар вазъи ноамни қазияҳои мазҳабиву ақидатӣ (ки ин «ҷангҳои муқаддас»-и мазҳабии муосир низ ҷанбаҳои сирф «замини»-и сиёсиву иқтисодӣ доранд) ва баҳри сулҳу субот тафоҳуми илму дин имрӯз зарур аст, чун дар Худошиносӣ асос боварист-аммо илмро низ сарфи назар намудан камоли бехирадист… ©Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.