Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чеҳраи дигари Амири Ланг

Чеҳраи дигари Амири Ланг

29-03-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 969 нафар
Назарҳо: 0
Чеҳраи дигари Амири Лангва ё Темурбек кист: фотеҳи машҳур, ҳокими боадл ё истилогари хунхор?

Атрофи номи Темури Ланг қарнҳост, ки баҳсу мунозира давом дорад. Ақидаҳо оид ба ин «истилогари хуношом», «ҳокими мустабид» аз нигоҳи бархе, «муттаҳидкунанда ва муҳофизи Мовароуннаҳр», «ҳомии муслимин, ғозии ислом, шоҳи раиятпарвару ободгар» аз дидгоҳи дигарон ҳамеша мухталиф буданду ҳастанд. Акнун кӣ ҳақ асту кӣ на, инро пардаи ғафси қарнҳои гузашта аз мо пӯшидааст. Ин ҷо мо мехоҳем такя бар сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқоти олимони машҳури соҳа нисбати ин чеҳраи таърихӣ аз дидгоҳи нав сухан ронем, ки аз тасаввуроти мо, ки садсолаҳо стереотипи ин ҳокими ҷангҷӯй шудааст, ба куллӣ фарқ дорад. Ба ин фарзияҳо метавон розӣ шуд, метавон на, аммо онҳо низ ҳуқуқ ба мавҷудият доранд. Хуб, оғоз мекунем:

Темур, ки дар таърих бо номи Темурбек, Амир Темури Курагон («домод», чун ба духтари Қозонхони чингизӣ хонадор шуда буд) ва ё бо лақаби таҳқиромези ба мо маълуми Темури Ланг (дар Аврупо ҳамчун Тамерлан машҳур гардид) маъруф аст, тибқи «таърихи расмӣ» 9 апрели соли 1336 (тибқи дигар сарчашмаҳо-соли 1333) дар рустои Хоҷа Илғор, наздикии Шаҳрисабз дар оилаи бек Тарағай-сарвари яке аз қабилаҳои муғулӣ-барлос, ки ҳанӯз асри 13 дар атрофи Самарқанд кӯч баста, барвақт дини исломро қабул кардааст, ба дунё омадааст. Авлоди ӯ ҳамеша аз ҷиҳати хуниву хешутаборӣ худро ба авлоди Чингизхон мансубият медод, аммо то ба ҳол ягон далели тасдиқкунандаи ин вуҷуд надорад.

Таърихнависони сершумори муосири Темурбек, ки амалиёти ҷангӣ ва корнамоиҳояшро ба қалам додаанд, нисбати симои зоҳирии ӯ маълумоти хеле кам дастраси мо гардониданд. Зиёда аз ин, ҳамин маълумот низ мансубияти ӯ ба қабилаи муғулнажоди барлосро зери суол мебарад! Ривояти таваллуди ӯ ҳикоят мекунад, ки «мӯйсари тифл чун барф сафед (инро ташхиси боқимондаҳои Темур тасдиқ накард) ва дар дастонаш хуни шахшуда буд». Ибни Арабшоҳ, ки аз наврасӣ ба дасти Темур асир афтода буд, менигорад, ки ӯ «қадбаланд (!!!), сари бузург ва пешонии паҳн доштааст (ки ба куллӣ хоси муғулнажодон нест). Хеле марди боқуввати ҷасур ва китфпаҳн буд. Риши дарози паҳн (!!!) дошт, бо пои росташ мелангид, бо овози паст сухан меронд ва пеш аз маҳал сараш сафед шуд. Пӯсташ сафед буд (!)». «Портрет»-и аз ҳама аҷиби Темур аз ҷониби олими шӯравӣ, антрополог (қиёфашинос)-и машҳур М.М.Герасимов, ки чуноне маълум аст, симои ин ҳокимро тавонист барқарор кунад, рӯйи кор омад. Аз рӯйи боқимондаҳои ӯ, ки моҳи июни соли 1941 аз мақбараи Гӯри Амир бароварда шуданд, Герасимов аз нигоҳи илмӣ ланг будан ва хушкдастии Темурро исбот кард. Натиҷаҳои кори худро Герасимов дар мақолаи худ «Симои Темурланг» («Портрет Тамерлана») дарҷ намуд. Агар ба натиҷаҳои кори ин олим бодиққат назар андозем, маълум мегардад, ки Темур…шакли аврупоӣ доштааст! Олими машҳур ба натиҷаҳои ба даст овардааш то ба охир бовар накард ва ё нахост. У хост кашфиёташро дигар хел шарҳ диҳад. Чун ӯ ба хубӣ медонист, ки Темур бояд (чаро бояд?!) муғулнажод бошад. Аммо натиҷаҳои тадқиқоти ӯ шахси аврупоинажодро нишон медод! Герасимов якравона изҳор мекард-«назди мо (боқимондаҳои Темур) муғул қарор дорад»… ва боз симои аврупоии ҳокими фавтидаро шарҳ медод:

«Боқимондаҳои (скелет)-и марқад ба шахси пурқувват, ки қади барои муғулҳо баланд (170 см) дорад, мансуб мебошад. Бинии барҷастаи теғадор ва шакл (рельеф)-и болои абрувон нишон медиҳанд, ки пилки абрувони «муғулӣ» хеле суст дида мешаванд. Мӯйсари Темур ғафс, рост, сафеду зардча будааст. Ӯ риши паҳн (!!!)-и сурхчатоби мошубиринҷ дошт. Ҳатто ташхиси пешакии зери бинокуляр нишон дод, ки ранги мӯйсар ва риши ӯ табиӣ буда, аз ҳино, чуноне, ки бархе таърихнигорон иброз доштаанд, истифода набурдааст». Чуноне дидед, хонандагони азиз, натиҷаҳои ташхис ҳайратовар ҳастанд…

Бояд зикр намуд - ягона миллати кӯҳантарин ва бумии минтақаи Мовароуннаҳр, ки мансуб ба нажоди ҳиндуаврупоӣ ва ё аврупоӣ аст-тоҷикони ориёӣ мебошанд. Темур озодона ба тоҷикӣ ҳарф мезад, тамоми навиштаҷоти муассисаҳои давлативу тамоми иншооти қаламрави империяи паҳноварашро фармон дод, ки ба порсии тоҷикӣ нигоранд. Пас, ақидаи онҳое, ки забони модарии ӯ тоҷикӣ будаву ӯро модари тоҷик (зиёда аз ин, аз камари марди тоҷик) ба дунё овардааст, ҳақ ба мавҷудият дорад?!

Ҳанӯз барвақт Темур маҷбур шуд хонаводаашро тарк карда, ҳаёти оворагиро ба сар бубарад. Ӯ аз муҳофизати корвонҳо оғоз намуда, хеле зуд такя ба истеъдоди ҳарбиаш аз «ғулом» (сарбози кироя) ба сипаҳсолори бобарор (амир) мубаддал гардид. Дар ҳамон айёми ҷавонӣ ӯ аз пояш ҷароҳат бардошт ва лақаби «Ланг»-ро ба худ касб кард. Ва ҳамин лангии ӯ ҳашоматашро баён мекард - чунки ӯ ҳангоме ҷароҳат бардошт, ки барои навкарони худ дар Сиистон ғизо пайдо карданӣ буд. Ҷанговарон чизе барои хӯрдан надоштанд ва Темур ният дошт барои онҳо шабона гӯсфанд бидуздад… Темур мефаҳмид, ки агар шахс бихоҳад ҳукмронӣ кунад, пас ӯ бояд барои зердастонаш, агар лозим гардад, худро қурбон бикунад.

Сипоҳи Темур аввалин артиши касбии кироя буд. Ба ин артиш лозим меомад маблағ пардохт намуд ва аз ин артиш касбияти баланди ҷангӣ тақозо мешуд.

Фарзияҳои гуногуни асоси стратегияи ҷангии Темур вуҷуд дорад. Тӯли тамоми умри худ ӯ нисбати Ӯрдаи Тиллоӣ муносибати хос дошт. Барои чӣ маҳз Ӯрдаи Тиллоӣ дар мадди аввали назари Темур қарор дошт? Ҳангоми таҳқиқ маълум мегардад, ки бунёди истеъдоди ҳарбии Темурланг…иқтисодиёт будааст. Ягон романтика на, танҳо манфиати холис! Аниқтараш-Роҳи Бузурги Абрешим ва андозҳое, ки аз савдогарон ситонида мешуданд. Дар он замон ин роҳ аз шимоли Каспий мегузашт ва аз ҷониби Чингизиҳо назорат мешуд. Пас, ӯ «монополия»-и Чингизиҳоро бояд маҳв мекард ва роҳро тавассути Ҷануб мебурд.

Дар қарни 14 Мовароуннаҳр деги ҷӯшонеро мемонд, ки ҳама алайҳи ҳама меҷангид, аммо дар ин ҷангҳо рӯҳияи зиддимуғулӣ зиёдтар буд. Дар Ҳафтрӯд аз ҷониби қабилаҳои роҳзани ҷеде давлати Муғулистон ташкил шуд. Дар Эрон шӯриши «сарбадорон» ҳукумати Илхонҳои муғулро дарҳам бизад. Темур ин шӯришро пахш намуда, қалъаҳои исёнгаронро фатҳ намуд. Баъдан тамоми Фарғонаро забт карда, шаҳри Кешро пойтахташ эълон намуд. Як ғалаба паси дигар акнун ӯро думболагир менамуд. Баъд аз чанде Самарқанд таҳти итоаташ даромад. Акнун ӯ сари мақсади асосиаш-назорати пурра болои қитъаи ҷанубии Роҳи Бузурги Абрешим пайваста андеша меронд…

Аммо ҳарифи бузургтарини ӯ Тухтамиш буд, ки баъди шикаст хӯрдан ва фирори Мамай сари Улуси Ҷучӣ омад ва Ӯрдаҳои Сафед, Тиллоӣ ва Кабудро таҳти ҳукмрониаш гирифт. Тибқи васияти Чингизхон воҳаи Хоразм ва дигар минтақаҳои Мовароуннаҳр ба Улуси Ҷучӣ (писари Чингизхон) медаромад. Тухтамиш дар орзуи баргардонидани заминҳои «аҷдодӣ» буд. Аммо дар ин ҷо ҳокими дигар- Темурбек қарор дошт. Мантиқ бархӯрди ин ду абарқудратро ногузир месохт…

Аввалин шуда Тухтамиш амалиёти ҷангиро оғоз намуд. Ин ҷо мо сабру таҳаммули шумо, хонандагонро раҳм хоҳем кард ва хеле мухтасар нисбати ҷангҳои Темуру Тухтамиш сухан хоҳем ронд. Тухтамиш чанд маротиба ба мулкҳои Темур ҳуҷум овард ва шикаст хӯрд. Билохира, сабру тоқати Темур ба итмом расида, ӯ амалиёти ҷангиро ба сарзамини душман гузаронид. Дар назди соҳилҳои дарёи Волга соли 1391 Темур сипоҳи Тухтамишро шикаст дод. Тухтамишхон интизорӣ дошт, ки писари Князи Бузурги марҳум Дмитрий Иванович- Василий ба ёрии ӯ хоҳад шитофт. Аммо иштибоҳ кард: княз Василий Дмитриевич ҳалокати сипоҳи ӯро дида, аз ҷои ҳодиса фирор намуд. Темур аз думболи сипоҳи фирории рус нашитофт-аввалан ӯ кишвари Русро барои ғанимат нодору қашшоқ меҳисобид, дуввум, тирамоҳ наздик меомад ва сипоҳро бояд барои зимистонгузаронӣ ба ақиб мебурд. Вале, ба ҳар ҳол, дар заминҳои Рязан як «гузашт»-и ҷиддие кард, то ки иқтидору тавони Мовароуннаҳрро нишон бидиҳад. Аммо ӯ, хоста ё нохоста, барои кишвари Рус як хидмати беандоза бузург намуд-бо шикасти Тухтамиш ва Ӯрдаи Тиллоӣ зулми чандинасраи муғулҳоро аз сари русҳо дур сохт.

Темур соли 1402 милодӣ дар наздикии Анқара Султон Боязиди Барқосо (писари Султон Мурод, ки соли 1389 дар дашти Косово аз ҷониби князи Сербия-Лазар кушта гардид)-ро шикаст дод. Боязид то ин дам мағлубнопазир ҳисоб мешуд - то ин замон ӯ Анатолия ва қисми зиёди нимҷазираи Балканро фатҳ намуда, қариб буд Константинополро забт кунад. Маҳз Боязид ба ҳуҷумҳои салибдорон хотима бахшид-ғалабаи ӯ алайҳи артиши салибдорон дар соли 1396 дар Никопол (Булғористони имрӯза) ҳавову ҳаваси аврупоиёнро сари ҳуҷумҳои мусаллаҳона алайҳи Шарқ аз беху бун барбод дод. Ва ҳамин султони бузургро Темур шикаст дод ва ба асорат гирифт!

Пас аз ин Темур ба шаҳри Смирна (ҳозира Измири Туркия) наздик шуд, ки онро ритсар (ҷанговарони касбӣ)-ҳои ордени Иоанни Иерусалимӣ муҳофизат мекарданд. Туркҳои усмонӣ ин шаҳр-қалъаро қариб 20 сол муҳосира карда буданд, аммо онро натавонистанд фатҳ кунанд. Темур онро дар чанд рӯз гирифт. Ин ҷо ҳодисае рух дод, ки баъдан дар бисёр китобҳои бахшида ба Темур низ ворид шуд-ҳангоме, ки ба ёрии ритсарҳо киштиҳои венетсиягиҳо ва генуягиҳо омаданд, Темур фармон дод, ки онҳоро бо сарҳои буридаи ритсарҳои иоаннит тавассути манҷаниқҳо гулӯлаборон кунанд. Киштиҳо осемасар ба қафо гаштанд.

Акнун ливои Темур сари манораҳои қалъаи Пера дар димоғаи Шохи Тиллоӣ барафрохта шуд. Императори Константинопол ва султони Миср таъҷилан ҳокимияти ӯро эътироф намуданд ва пешниҳод карданд, ки ғанимат бисупоранд. Шоҳи Англия Генрихи 4 ва шоҳи Фаронса Карли 4 Темурро бо ғалабааш табрик карданд. Шоҳи Испания Генрихи 3 Кастилӣ назди Темур сафирони худро фиристод, ки онҳоро ритсари шуҷоъ Руи Гонсалес де Клавихо сарварӣ намуд. Ин гувоҳӣ медод, ки Аврупоро тарсу ҳарос фаро гирифтааст ва қитъа ҳуҷуми Темурбекро интизор аст. Аммо Темури Курагон ин навбат низ ҳамаро дар ҳайрат гузошт-ҷанговарони ӯ аспҳояшонро ба қафо гардониданд…

Симои дигари Темур:таҳрифи таърих ба манфиати кист?
Аммо бисёр таърихнигорон ва мутахассисони соҳа ба ин назаранд, ки нисбати ин шахси таърихӣ маълумот муғризона таҳриф шудааст ва бояд «ҳақиқати таърихӣ»-ро барқарор намуд. Ҳушдор медиҳем, ки натиҷаҳои таҳқиқоти онҳо тасаввуроти моро нисбати ин фард то андозае тағйир хоҳанд дод ва метавонанд аз нигоҳи мо баҳсбарангез низ бошанд. Аммо ин фарзияҳо ҳуқуқ ба ҳаёт доранд.

Таърихнависони сершумори Темур ҳаёти ӯро муфассал баён намудаанд, вале бисёри ин маълумот ба таври ҳайратовар якдигарро инкор мекунанд. Масалан, менигоранд, ки ӯ хотираи қавӣ дошта, забонҳои форсӣ (модариаш?) ва туркӣ, воқеаҳои зиёди таҳамтаниву таърихиро хеле хуб медонистааст. Аммо бархе муосиронаш ӯро бесавод хондаанд. Пас чӣ гуна шахсе, ки навиштаву хонда наметавонистааст, империяи бузургро идора мекард ва иқтисодиёти рушдёфтаро дар Мовароуннаҳр роҳандозӣ? Чӣ гуна ӯ чунин артиши бузургро идора мекард, пас барои чӣ, агар бесавод мебуд, ровиёну таърихнигоронро ҳамеша дар атрофи худ ҷой медод ва иззаташонро ба иҷро меовард? Ҳатто чунин таърихнигори бузурги мусалмонӣ чун ибни Халдуни маъруф аз донишҳои Темурбек ба ҳайрат омада буд. Асири ӯ Аҳмад ибни Муҳаммад (Арабшоҳ) менигорад, ки «Темур бо арабӣ на хонда, на навишта метавонист». Аммо ӯ забонҳои форсӣ, туркӣ ва муғулиро балад будааст. Барои маҳз забони арабиро надонистанаш ӯро бесавод хондаанд ва ин далелро илми таърихнигории Аврупо бо «дандонҳояш дошта гирифт».

Дигар паҳлӯи зиндагонии Темур ин ҳам бераҳмии машҳури ӯст, ки ҳамрадифи номаш шудааст. Аммо таҳқиқгарон мегӯянд, ки ин ҷо ҳам ҳама чиз осону ошкор нест. Ба иддаои онҳо, садҳо ҳазор сарҳои бурида чун як «метафора»-ест, ки муғризона ба унвони ӯ часпонидаанд. Масалан, баъд аз ғалаба алайҳи Музаффариён соли 1387 Темур Исфаҳонро забт кард, аммо сокинонашро раҳм карду як идда сарбозонро гузошта, шаҳрро тарк намуд. Аммо маскунини «ношукр»-и шаҳр ин амали Темурро дуруст баҳо надода, исён намуданд ва гарнизони темуриро нобуд сохтанд. Ин амали онҳо Темурро ба хашм овард ва ӯ фармон дод шаҳрро нобуд ва «гӯё» аз сари 70 ҳазор сокинон калламанора созанд (аз ин пас «калламанораҳо» ба таври шубҳанок ба Темур «часпида» гирифтанд). Чунин амал дар Сабзавори Хуросон, Деҳлии Ҳиндустон («гӯё» 100 ҳазор сари бурида!!!), Бағдод (90 ҳазор сарҳои бурида) ва дигар ҷойҳо рух додаанд. Таҳлилгарон менигоранд, ки шумораи қурбониён хеле шубҳанок «пурра» ҳастанд-70, 90, 100 ҳазор. Оиди «ҳайвонсиратӣ»-и Темур олими таърихнигор В.Бартольд дар «Энсиклопедияи Брокгауз ва Ефрон» чунин менигорад: «дар бераҳмиҳои Темур ғайр аз манфиати холис азобҳои физикии ӯ-дардҳои пои ланг ва дасти хушкидааш мушоҳида мешуданд». Бартольд дар ин ақида танҳо нест. Яъне, Темур як шахси девонаавзоъ будааст, ки дардҳояш ӯро азият додаву сари мардумони бегуноҳ хашми худро фурӯ нишондааст. Агар ба ин фарзия бовар кунем, пас Темур на ҷанговари бузург, балки як махлуқи бераҳм будааст. Редьярд Киплинг, нависандаи машҳури англис, ки дар замони фурӯпошии Темуриёни Ҳинд ба дунё омада буд, нисбати корнамоиҳои амири шаҳрисабзӣ балад буд, аммо ҳароси ирсии худро фурӯ нишонда натавонист ва дар «Китоби ҷангалҳо» (The Jungle Book) Темурбекро дар симои одамхӯри ланг, ки қонуни гургон – «хӯрдани одамон мумкин нест»-ро вайрон кардааст-паланге бо номи Шерхон ба қалам дод.

Муосирони дигар низ оид ба хашинии ӯ қайд кардаанд. Масалан, Алии Гиёсуддин фатҳи Деҳлиро аз ҷониби Темур ба қалам дода, менигорад, ки «кӯчманчиҳо чун гургони гурусна ба аҳолии шаҳр ҳамла оварда, ғорату куштор чанд рӯз давом кард. Манораҳои аз сари ҳундувон сохташуда то ба фалак мекашид». Дигараш. Соли 1401 дар як рӯз (!) гӯё 90 ҳазор сокини Бағдодро кушта, аз сарҳои буридаи онҳо қариб 120 манора сохтаанд!!! Ин ҷо мо пайваста бо ду сужаи машҳур вомехӯрем. Аввалан, талқини сохтани калламанораҳо. Сониян, таърихнигори араб лашкари Темурро пайваста «кӯчманчӣ» меномад, аммо аз таърих бармеояд, ки артиши ӯ кироя (касбӣ) буд ва худи Темур дар навбати аввал ба шаҳрҳои Осиёи Миёна (Мовароуннаҳр) такя мекард, на ба даштнишинҳо. Масалан яке аз «зарродхонаҳо» (макони аслиҳасозӣ)-и асосии империяи Темур дар мулки Ҳисор буд, ки аҳолии бумии он бо аслиҳасозӣ шӯҳрат ёфта буданд. Арминий Вамбери, олим ва шарқшиноси маҷорӣ, ки бо лақаби «Дарвеши ланг» машҳур буд, ду қарн пеш аз Ҳисор дидан карда, қайд намудааст, ки «маҳсулоти аслиҳасозони ҳисорӣ дар тамоми қаламрави аморат ва мамолики Шарқ маъруф буда, сифаташон на кам аз аслиҳаи устоҳои машҳури шеффилдӣ (Шеффилд-яке аз шаҳрҳои Англия) аст»…

Албатта, лашкари Темур ҷангҳои хунхорона мебурд ва бераҳмӣ низ аз худ нишон дода, вале, қайд мекунанд коршиносон, ҷониби ҳариф низ бегуноҳ набудааст ва бераҳмиҳои на кам аз ин кардааст. Ҷанг ҷанг аст, бахусус ҷангҳои асримиёнагӣ. Аммо мо мебинем, ки дар қарнҳои «мутамаддин»-и 20-у 21 низ ваҳшонияти аз ин кам содир шудаву шуда истодааст.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки ягон далели воқеии бераҳмиҳои гӯшношуниди Темур то ба ҳол ба дасти мо нарасидааст. Бостоншиносон дар ҷойҳое, ки «гӯё» Темур даҳҳову садҳо ҳазор сар буридааст, тадқиқот гузаронида, ягон исботи ин ҳодисаҳои ғайриинсониро наёфтаанд!!! Ва баъд, иддао доранд коршиносон, чи гуна ба бархе аз таърихнигорон нисбати ваҳшонияти Темур бовар кунем, ҳангоме дар ҳодисаи дар таърих машҳури даҳшатноки «шаби Варфоломей» 24 августи соли 1572 католикҳо дар Париж бераҳмона «бародарони насронӣ»-и худро қатли ом намуданд, аммо тавонистанд танҳо 3 ҳазор гугенотҳо (пайравони мазҳаби ҷадид)-ро бикушанд. Дар тамоми Фаронса зиёда аз 30 ҳазор гугенотҳоро қатл карданд. Барои ин амалиёт католикҳо хеле зиёд омодагӣ медиданд. Темур бошад, тибқи иддаои таърихнигорон, дар як дам садҳо ҳазорро қатл мекардааст, ки ин аз имкон берун аст. - Канӣ он кӯҳи боқимондаҳои косахонаҳои сарҳои бурида? - мегӯянд онҳо. - Ҳафриёт гузаронидем: нест!

Намунаҳои таҳрифи таърих дар мисоли Темур нишон медиҳанд, ки чи гуна ин кӯшишҳо метавонанд бобарор бошанд ва дар зеҳнияти мардум ҷо бигиранд. Чун дурӯғе, ки аз ҷониби бисёриҳо зиёд садо медиҳад, метавонад ба ҳақиқат табдил биёбад. Муҳим он нест, ки ту кистӣ, муҳим он аст, ки дигарон нисбати ту чӣ мегӯянд…Нисбати бераҳмиҳои Темур ривоятҳо рӯйи кор омаданд ва ин ривоёт асоси воқеӣ низ доштанд. Аммо Темур танҳо дар майдони ҷанг бераҳму хунхор будааст-ҳарифони ӯ низ аз «мум» сохта шудагӣ набуданд (фарзия пеш меоранд, ки бисёр бераҳмиҳоро маҳз рақибони Темур содир кардаву сари ӯ рехтаанд). Муосиронаш, ҳатто душманони ӯ қайд мекунанд, ки берун аз майдони ҳарб Амир Темур ҳоким ва қонунгузори хирадманд, довари ҳақҷӯй ва ҳомии илму адаб будааст.

Маҳз дар замони ҳукмронии ӯ Самарқанд-ин дурдонаи тамаддуни шаҳрсозии тоҷик ба яке аз шаҳрҳои зеботарини олам, «Сайқали рӯи Замин» табдил гашт. Аз тамоми гӯшаву канори империяи паҳновари Темур ба пойтахти дӯстдоштааш ҳунармандони чирадаст, меъморону сангтарошони моҳир оварда мешуданд, ки маҳсули дасти онҳо Мароқанди қадимаро симои зебову боҳашамат медоданд. Мадрасаи Бибӣ Хонум, мақбараи оилавии боҳашамати Гури Амир, дигар иншооти ин зебошаҳр, ки дар давраи Курагон сохта шуданд ва маҳсули «интернатсионализм»-и давлати бузургаш буданд, ҳайрат ва рашки меҳмонон ва сафирони хориҷиро меоварданд. Агар дар таърих шаҳрҳо-марказҳои империяҳои бузург ба монанди Персеполис, Рим, Константинопол (Истанбул), Лондон (имрӯз коршиносон Вашингтон-пойтахти ИМА-ро ном мегиранд) дар ҳар давру замон ҳамчун «пойтахти ҷаҳон» эътироф шудаанд, пас дар давраи Темур, бешак, «пойтахти ҷаҳон» Самарқанд - шаҳри тоҷикон буд, ки аз қораҳои Осиёву Аврупо ва Африқо ин ҷо бо нишонаи эҳтиром ва садоқат ташриф меоварданд. На то замони Темур ва на баъди он Мароқанди қадима чунин шукӯҳ ва баландпарвозиҳоро надида буду дигар надид ҳам.

Дар замони ҳукмронии Темур Мовароуннаҳр ба қавитарин қувва дар сайёраи Замин табдил гашт, ки то ин дам ва баъди ӯ ин минтақа чунин мақомро натавонист ба худ касб кунад ва он зиёд маврид дар тобеияти дигарон буд…Аз аҳолӣ андози боадолатона ситонида мешуд. Дар замони ӯ савдогарон бе ҳарос корвонҳои худро дар шаҳру биёбонҳо пуропури мол сӯи муштариён мебурданд. Равобити иқтисодӣ бо мамолики хориҷи дуру наздик дар ҳоли рушд буд-дар Самарқанду дигар шаҳрҳои империя харидор метавонист дилхоҳ маҳсулоти аврупоиро харид кунад ва бозорҳои Аврупо низ аз моли Мовароуннаҳр бебаҳра набуданд. Заминҳои давлати бузурги ӯро роҳҳои аълосифат бурида мегузаштанд, ки онҳо дар ҳар фосилаи муайян дорои корвонсаройҳову нуқтаҳои назоратӣ буданд, ки мусофирон метавонистанд дар онҳо истироҳат ва аспҳояшонро иваз кунанд. Аҳолӣ дар амн буд.

Мамлукҳои Миср, туркҳои усмонӣ ва Тухтамишхон хостанд алайҳи ӯ муоҳида банданд. Ин эътилофи бузурги қитъавӣ мехост Темурро аз саҳнаи сиёсат барканор кунад. Ин ба онҳо даст надод-Темур тамоми нақшаҳои онҳоро барбод дод.

Бешубҳа, ҳикоят оид ба ин чеҳраи таърихӣ бе асрои «интиқоми мақбара»-и ӯ нопурра мебуд. Навиштаҷоти сари тобути ӯ чунин буд: «Касе, ки хоби абадии маро дар ин ва ё он дунё халалдор месозад, ба азобҳо дучор хоҳад гашт ва ҳалок хоҳад гардид». Ҳама дар ёд дорем, ки тавассуси шабакаи телевизионии русии РТР чанд сол қабл филми мустанади «Проклятие гробницы Тамерлана» («Лаънати мақбараи Темурланг») нишон дода шуда буд, ки мӯҷиби норозигии олимони ватании мо гашта буд. Дар он гуфта мешуд, ки соли 1941 бо фармони Сталин қабри Темур кушода шуд ва гӯё маҳз барои ҳамин рӯзе баъд Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Аммо ин ҷо афсона ва ё як ривояти зебое беш нест-нақшаи «Барбаросса»-ҳуҷуми ногаҳонӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз чанд сол қабл аз ҷониби раҳбарияти Олмони фашистӣ қабул шуда буд. Умуман, стратегияи Drang nach Osten - «Фишор ба Шарқ» ҳанӯз замоне арзи вуҷуд карда буд, ки на оғои Ҳитлер, на Сталин ва на Семёнову Герасимов ҳанӯз таваллуд нашуда буданд.

Баъдан, ворисони Темур-Бобуриён ва ё Темуриёни Ҳинд барои фарҳангу адаби форсу тоҷик хидмати беандоза кардаанд. Набераи машҳури ӯ-Улуғбек, ки баъдан аз ҷониби рӯҳонияти ҷоҳили замон ба қатл расид, дар илми ситорашиносӣ ва дигар улуми минтақаву ҷаҳон саҳми боризро доро буд. Ворисони Темур буданд, ки забони тоҷикӣ тӯли зиёда аз 300 сол-то омадани англисҳо дар нимҷазираи бузурги Ҳиндустон забони давлатӣ буд. Агар касе надонад, Зебунисо, Мирзо Абдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва монанди ин дурдонаҳои адабиёти форсу тоҷик ирсан на тоҷик, балки аз қавми муғулнажоди барлос буданд. Маҳз англисҳо баъди тасарруфи Ҳинд «миён»-и забони ноби тоҷикиро дар Ҳинди афсонавӣ шикастанд…

То замони начандон дур Темурро одатан танқид мекарданд. Ба зиёраткунандагони мақбараи Гӯри Амир ҳатман оид ба бераҳмиҳои ӯ ва азобу уқубати мардумони тобеъкардааш ҳикоят пеш меоварданд. Аммо имрӯз Амир Темур ба ғояи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табдил шудааст. Ӯ акнун дар ҳама ҷост-имрӯз Темур аз асъори миллӣ ба мо менигарад, ҳама ҷо ҳайкалҳову мусаввараҳои ӯст, илми таърихнигорӣ сари ӯ ва ворисонаш кор мебарад. Ҳарчанд, ки таърихан империяи ӯро қавмҳои навташкили ӯзбек бо сарварии Муҳаммад Шайбонихон аз байн бурданд, имрӯз Темур фахри давлати ҳамсоя аст. Бо номи ӯ мукофотҳои олии давлатӣ марбут аст-26 апрели соли 1996 Қонун «Дар бораи таъсиси ордени Амир Темур» қабул шуд, ки аз олитарин мукофотҳои ҳамсоякишвар аст.

Инак, мо фарзияҳои ҷадиди олимонро пешкаши Шумо, хонандагони азиз намудем. Бо онҳо метавон розӣ шуд, метавон на. Як чиз яқин аст-маводи мо баҳсбарангез хоҳад шуд. Темур рафт, вале асрори зиёде аз худ боқӣ гузошт. Кист ӯ-ҳокими бераҳму хунхор ва ё амири ободкору боадолат? Барои чӣ кӯшишҳои аз нав дида баромадани таърих пеш гирифта мешаванд-ин ба ғарази кист? Оё дар ҳақиқат нисбати ин чеҳраи таърихӣ дар замони хеш туҳмату буҳтонҳои содирнакарда бофта шуда буданд, чаро чунин шуд ва ин ба манфиати кӣ буд? Магар ӯ дар ҳақиқат тоҷики ҳиндуаврупоие буд, ки қавмҳои бумиву кӯчии минтақаи паҳновари моро сарварӣ намуда, давлатеро асос гузошт, ки аз шунидани номи ӯ рақибонро ларза мегирифт ва имрӯз аз ҷониби ворисону ҳаммиллатон ноадолатона зери танқид кашида шуда? Ва ё дар асл ӯ ҳамон «Шерхон»-и одамхӯр буд, ки бераҳмиҳояшро Редьярд Киплинг дар асари машҳураш аз қаҳрамонони асосӣ қарор додааст? Суолҳо беҷавоб мемонанд…
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: