Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қиссаи артиши гумшуда

Қиссаи артиши гумшуда

6-10-2016, 10:06
Хабарро хонданд: 843 нафар
Назарҳо: 0
Қиссаи артиши гумшуда



Таърихи инсоният сирҳоеро дар худ нигаҳ доштааст, ки ҳамакнун баъди гузашти қарнҳо сари тафсири онҳо коршиносону олимон ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мешаванд. Дар маводҳои гузаштаи худ оид ба ҳаводиси таърихӣ зиёд ҳарф задаем ва тасмим гирифтаем, ки чунин мақолаҳоро минбаъд низ пешкаши шумо, гардонем. Ин ҷо мо оид ба як ҳодисае, ки ба ҷадди ориёии мо дахл дорад сухане чанд хоҳем гуфт. Инак:
…Сайёҳи итолиёвии қарни 13 Марко Поло, ки аз Венетсия ба Бэйҷин (Пекин) сафар дошт, дар биёбон ҳодисаи аҷиберо мушоҳида намуд: «…ҳангоме ки дар биёбон шабонгоҳ сафар дорӣ, агар касе аз ҳамсафарон қафо монад ва мехоҳад онҳоро дарёфт кунад, баногоҳ ба назараш чунин менамояд, ки ҳамсафарон ӯро нидо доранд ва бисёр вақт ин ҷинҳое ҳастанд, ки мусофирро ба ҷое мебаранд, ки дигар ӯ аз он макон нахоҳад баргашт».
Ин зуҳуроти асроромези табииро олимон баъдан «регҳои сароянда» ном гузоштанд. Он хоси биёр биёбонҳост: вақте регҳо дар ҷои хушк (аз тарафи офтобрӯя) аз баландӣ мелағжанд, онҳо садои мафтункунанда мебароранд. Аммо бисёр маврид биёбонҳо ба инсон «туҳфа»-ҳои нохуши дигар ҳам меоранд. Масалан, онҳо дар як лаҳза метавонанд боғи сарсабзро ба макони мурда табдил диҳанд. Дар майдони беканори Сахара-биёбони бузургтарини олам чунин тӯфонҳо ҳодисаи муқаррарӣ ҳастанд.
Ҳамин гуна ҳодисоти табиӣ дар қарни 6 пеш аз милод ҳам рух медоданд. Шоҳаншоҳ Камбуҷия (Камбиз, солҳои ҳукмронӣ-530-22 то милод) аз сулолаи Ҳахоманишиён, писари Куруши Кабир, фотеҳи Миср ва дигар минтақаҳои Африқои Шимолӣ (оре, ҳамон минтақаи дурдасти олам низ зери султаи аҷдодони мо қарор дошт!) тасмим гирифт аз мисриён интиқоми падари бузургашро бигирад. Кишваркушоиҳои Куруши Кабир, ғалабаи ӯ ба ҳарифи пурқувват-Мидия тамоми Дунёи Қадимро ба ташвиш овард. Ҳамон вақт фиръавн Амазис (Хнумибра Яхмос 2. Солҳои ҳукмронӣ 570-526 пеш аз милод) пешниҳод намуд, ки алайҳи форсҳо дар ҳайати Миср, Лидия, Бобул ва Спарта иттифоқ созмон дода шавад. Куруш дар алоҳидагӣ Лидия ва Бобулро шикаст дод. Акнун навбати пурқувваттарин ҳарифи Форс-Миср расида буд, аммо Куруш дар набард алайҳи қабилаҳои кӯчии массагет (инҳо низ аҷдоди мо маҳсуб мегарданд) кушта гардид…
Таърихнигорони юнонӣ менигоранд, ки Камбуҷия аз падари бузургаш ба куллӣ фарқ дошт. Ҳанӯз замони дар ҳаёт буданаш Куруши Кабир писари худро ҳокими Бобул таъин намуд. Дар симои Камбуҷия ба тахти империяи бузург шахсе нишаст, ки шоҳид ва иштирокчии бевоситаи фатҳи Осиё, сарнагун гаштани сулолаҳои қадим, табадуллоти ҳайратоваре, ки бо силоҳи форсӣ рӯйи кор омаданд, буд. Ба ӯ ҳанӯз замони наврасиаш муяссар гардид, ки дар тахти қадимтарин ва овозадори «пойтахти ҷаҳон»-Бобул нишинад. Аз ин сабаб, фаҳмост, ки вуҷуди ӯ моломол аз шаҳомати Форс ва шоҳи ориёӣ будан буд. Ӯ бо тамоми сиришташ ҳоким буд, баръакси падари бузургаш, ки ҳанӯз муҳити қабилавии дарбори миллии Форси ҳанӯз хурдро дар ёд дошт, ҳарчанд, ки империяи бузурги мислаш диданашудаи Дунёи Қадимро асос гузошт. Чунин тағйироти зеҳнӣ азҷумла аз ҷониби юнониҳо, ки ба автократизм (ҳокимияти мутлақ) ҳассос буданд, низ қайд карда шуд. Ҳеродот менависад: «Камбуҷия ба иониҳо ва эолиҳо (юнониҳо) ҳамчун ба ғуломоне муносибат мекард, ки тибқи мерос ба ӯ расидаанд». Худи форсҳо низ фарқиятро ҳис карданд-баръакси Куруши Кабир, ки барои инсонсолорияш форсҳо «падар» ва миллатҳои мутеъ «ҳомӣ» меномиданд, Ҳеродот аз забони онҳо Камбуҷияро «мустабид» номидааст.
Замоне, ки Камбуҷия сари қудрат омад, дар манотиқи гуногуни империя фитнаву ошӯбҳо сар заданд ва шоҳи навро лозим омад пайи пахш кардани онҳо бошад. Гумон меравад, ки паси баъзе ошӯб писари дуввуми Куруши Кабир низ, ки дар Катибаи Бесутун Бардиё дар осори Ҳеродот-Смердис номида шудааст, истода буд. Агар ба таърихнигор Ктесий эътимод кунем, Бардиё замони ҳукмронии падараш ҳокими Бохтар таъин шуда буд ва метавонист, ки баъд аз марги ӯ музофоти шарқиро алайҳи ҳукумати марказӣ ва бародари калонии худ бишӯронад. Тибқи гуфтори Ксенофонт, баъд аз марги Куруш «фавран фитна миёни фарзандони ӯ оғоз гардид, миллатҳову шаҳрҳо саркашӣ намуданд ва оянда торик гардид». Аммо Камбуҷия бо панҷаи қавии худ ҳокимиятро ба даст гирифт, ошӯбҳоро пахш намуд ва Бардиёро низ кушт-манофеи давлатӣ инро талаб мекард, чун марказгурезӣ дар ягон ҷову ягон замон оқибати хуш надошту надорад…
Акнун Мисрро ҷазо додан лозим меомад-ин ягона давлати муқтадири қадимаи фатҳношуда буд, ки бо алоқаҳои худ бо олами юнонӣ ва дасиса ва муоҳидаҳояш дар Осиё барои Форс хатарзо буд. Соли 525 то милод Камбуҷия сипоҳи худро дар Фаластин мустақар намуд ва бо кӯчиёни араб, финикиягиҳо ва юнониҳои ҷазираи Кипр муоҳида баст. Ҳамин замон фиръавни боғайрат Амазис, ки Камбуҷия ба ӯ қасд дошт, вафот намуд ва тахтро ба писари худ-Псамметихи 3 супурд. Баъд аз ин ҳодисаи камназири табиӣ рух дод-дар Фива борон борид, ки ба мисриҳои хурофотӣ таъсири манфӣ расонд.
Сипоҳи Миср форсҳоро назди қалъаи Пелусий, ки онро «мӯҳри Миср» меномиданд, интизор буд. Юнониён онро «калиди Миср» ном мебурданд. Ин ҷо моҳи маи соли 525 пеш аз милод набарди ҳалкунанда рух дод. Аз амали фармондеҳи худ-Фанес, ки тарафи форсҳо гузашта буд, сарбозони кирояи юнонии содиқ ба фиръавн ба ғазаб омада, писарони ӯро назди қатори сипоҳ кушта, хуни онҳоро бо шароб омехта нӯшиданд ва ба ҷанг пардохтанд. Дар набарди хунин ҳам аз тарафи форсҳо ва ҳам аз тарафи мисриён сарбози зиёде ҳалок гардид, аммо ахиран ғалаба насиби ҷанговарони форс шуд.
Сипоҳи боқимондаи Миср ба Мемфис паноҳ бурд. Камбуҷия ба шаҳр сафир фиристод, то ин ки шароити таслими шаҳрро ҳаллу фасл намояд, аммо мисриён сафирро бо ҳамроҳонаш куштанд (ҳодисаи мамнӯъ дар муносиботи байналмилалӣ). Он гоҳ Камбуҷия шахсан барои муҳосира ва забти Мемфис назди деворҳои он ҳозир шуд. Билохира, муҳосиршудагон шикаст хӯрданд. Псамметих 3 ва оилааш ба асорат афтод. Дар ғояти хашм барои куштани сафири форс ва ҳамроҳонаш Камбуҷия писари фиръавн ва 2 ҳазор ҷавони ашрофзодаи мисриро қатл кард. Баъд аз фатҳи Мемфис қисматҳои боқимондаи Миср бе ягон душворӣ забт карда шуданд. Аз тақдири Миср ба даҳшат омада, дигар қабилаҳои Африқои Шимолӣ, ки дар ғарби Миср мезистанд, ихтиёрӣ ба форсҳо таслим гардиданд. Оид ба ин Ҳеродот менависад: «…тақдири Миср либиягиҳоро ба ваҳшат овард. Онҳо бе ҷанг ба форсҳо таслим шуда, ба Камбуҷия туҳфаҳо ва хироҷ равон мекарданд. Киренаикаиҳо ва баркиягиҳо низ ҳамчунин рафтор мекарданд». Соли 525 то милод Камбуҷия расман фиръавни Миср эълон гардид ва сулолаи нави 27-умро оғоз бахшид.
Бархилофи маълумоти юнониҳо, навиштаҳои Уҷагорессент (коҳини машҳур, мушовири Камбуҷия ва баъдан Дориюши 1) ва дигар сарчашмаҳои мисрӣ Камбуҷия на ҳамчун фотеҳ дар Миср муносибати худро ба роҳ монда буд, балки сиёсати падари бузургаш-Куруши Кабирро давом медод. Ӯ бо риояи маросими тоҷгузории мисрӣ ба тахт нишаст ва унвони «Шоҳи Миср- Шоҳи кишварҳо», унвонҳои анъанавии фиръавнҳо «Зурриёти Худоён-Ра, Осирис» ва номи мисрии Месут-Ра («фарзанди Ра») гирифт. Камбуҷия баъд аз забти кишвар ба сипоҳиён фармон дод, ки ба ғорат хотима бахшанд ва ба мардуми маҳаллӣ зиён нарасонанд. Ӯ ба мисриён озодии эътиқод ва ҳаёти шахсиро фароҳам овард. Барои идораи давлатӣ аз намояндагони аҳолии бумӣ фаровон истифода мебурд. Ҳуҷҷатҳои маъмурӣ-ҳуқуқии давраи Камбуҷия далолат мекунанд, ки замони ҳукмронии форсҳо иқтисодиёти Миср рушд кардаву аҳолӣ дар амн будааст.
Аммо таърихнигорони юнонӣ-Ҳеродот, Диодор, Страбон ва Плиний ба Камбуҷия ва умуман, ҳокимияти форсҳо назари хайрхоҳ надоштанд, онҳоро ба бераҳмию харобкориҳо муттаҳам месохтанд ва дар нигоштаҳои худ инро қайд мекарданд. Дар бисёр маврид ин латифаҳои юнонӣ ва устураҳои қибтиро мемонд- масалан, дар як иқтибоси палимсест-романи қибтӣ симои Камбуҷия бо шоҳи бобулӣ Навуходоносор, ки бо бераҳмияш машҳур буд, омехта шудааст. Ба қавли коршиносон, ин ҳамон назари муғризона ва таҳрифи баръалои таърихи қадим аст, ки юнониён нисбати ҳарифи тавонои худ-форсҳо раво дидаанд…
Пас аз ғалабаи мутлақ ба Миср Камбуҷия қарор дод дигар минтақаҳои Африқои Шимолиро ба тобеияташ дарорад. Ҳабашистон (Эфиопия) низ ҳукмронии форсҳоро эътироф намуд. Соли 524 пеш аз милод Камбуҷия алайҳи аммониҳо лашкари 50-ҳазора фиристод. Сипоҳ аз Фива баромад ва бомуваффақ ба ҳавзаи Харга расид. Аз он ҷо он ба Аммония роҳ пеш гирифт…аммо дар биёбон нопадид шуд. Тибқи нигоштаи Ҳеродот, тӯфони сахти биёбон сипоҳи форсҳоро зинда ба зинда гӯр кард.
Ҳамин замон аз Форс хабарҳои хавотиромези забти тахти империя аз ҷониби Бардиёи Дурӯғин-муғе бо номи Гаумата расид. Камбуҷия барои пахши ошӯб оҷилан роҳи Ватанро пеш гирифт, аммо дар роҳ, соли 522 пеш аз милод бо тасодуфе вафот намуд.
…Ҷустуҷӯи сипоҳи гумшудаи Камбуҷия солиёни зиёд аст, ки идома дорад. Аммо то ҳол барои бозкушоии ин ҳодисаи табииву таърихӣ қадаме пеш гузошта нашудааст. Ҳангоми кофтуков ҳатто аз тайёраҳои хурд низ истифода карда шуд, аммо бенатиҷа. Нафарони зиёде имрӯз ҳам пайи ҷустуҷӯи он ҳастанд-ба ақидаи онҳо, артиши гумшуда сарчашмаи хазинаест, ки арзиши миллионҳо долларро дорост. Онҳо бовар доранд, ки дар реги хушк силоҳ, лавозимоти дигари ҳарбӣ ва ашёи шахсии сарбозони форс хуб ҳифз шудаанд. Имрӯз сирри артиши нопадидшудаи Камбуҷия нокушода боқӣ мемонад…
Азамат Дӯстов





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: