Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Сухани ифтитоҳии ҷаноби Клаудио Лаутитси, Директори генералӣ оид ба лоиҳаҳои байналмилалии ширкати «Салини Импре-ҷило» дар маросими бастани маҷрои дарёи Вахш

Сухани ифтитоҳии ҷаноби Клаудио Лаутитси, Директори генералӣ оид ба лоиҳаҳои байналмилалии ширкати «Салини Импре-ҷило» дар маросими бастани маҷрои дарёи Вахш

2-11-2016, 08:50
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
Сухани ифтитоҳии ҷаноби Клаудио Лаутитси, Директори генералӣ оид ба лоиҳаҳои байналмилалии ширкати «Салини Импре-ҷило» дар маросими бастани маҷрои дарёи Вахш


ш. Роғун, Тоҷикистон, 29 октябри соли 2016.

italiyaДушанбе, 01.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Муҳтарам намояндагон ва иштирокдорони ин рӯйдоди таърихӣ, хонумон ва ҷанобон,
Барои ман ифтихори бузург аст, ки имрӯз бо шумо дар ин ҷо қарор дорам ва имкон дорам ба ин гуна сомеони муҳтарам муроҷиат кунам. Мехоҳам ба Шумо чанд фикрамро доир ба ин рӯйдоди муҳим, ки мо бо ифтихор имрӯз дар он ширкат дорем, баён дорам: ман бастани маҷрои дарёи Вахшро дар назар дорам. Ин марҳилаи муҳими сохтмони сарбанд дар Тоҷикистон мебошад.
Пеш аз он ки таваҷҷуҳи шуморо ба оғози сохтмон ҷалб кунам, ман дар бораи сохтмони баландтарин сарбанд дар дунё сухан гуфта истодаам-иҷозат диҳед ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшиш ва ибтикороте, ки ба ҳалли масоили муҳими боло бурдани некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва рушди устувор, бо шумули рушди саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист равона шудаанд, баҳои баланди худро иброз дорам.
Рӯйдоде, ки мо имрӯз таҷлил мекунем, намунаи барҷастаи таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарбар намудани тамоми кӯшишҳои имконпазир, воситаҳо ва сарчашмаҳо ба хотири татбиқи муваффақи ин лоиҳаи мушкил ва ояндадор мебошад.
Иҷозат фармоед таманниёт ва табрикоти некро ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ аз номи роҳбар ва молики ташкилоти мо ҷаноби Петро Салини, ки мутаассифона, натавонист моро имрӯз ҳамроҳӣ кунад, баён дорам.
Азми мо зимни сафари ӯ ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2016 возеҳ изҳор гардида буд.
Ҳамчун намояндаи «Салини Импре-ҷило» мехоҳам минатдорӣ ва ифтихормандиро барои имкони иштирок дар бунёди чунин иншооти ҳаётан муҳим изҳор дорам.
«Салини Импре-ҷило» гурӯҳи байналмилалии саноатии махсусгардонидашуда дар бунёди иншооти инфрасохтори миқёсан азими душвор ва созмони пешбар дар ҷаҳон дар бахши гидротехникӣ маҳсуб мешавад. Теъдоди сарбандҳои аз ҷониби мо бунёдгардида, ки 257 адад мебошанд, далели гуфтаҳои болост. Аз Шумо барои эътимодатон ба мо минатдорам. Аз номи роҳбарияти ширкатамон, ҳамкасбонам, аз ҷумла аз номи онҳое, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, Шуморо бовар мекунонам, ки ин Лоиҳа дар мадди доимии назари мо қарор дорад ва сазовори беҳтарин ҳалли муҳандисӣ мебошад. Мо ба ҳамаи ҳадафҳоям, чунон ки имрӯз аллакай ба он оғоз кардем, хоҳем расид.
Далелҳои мавҷуда собит месозанд, ки ин Лоиҳа дар рушди иқтисодӣ таъсири ҳалкунанда расонда, ба кишвар имкон медиҳад, ки дар минтақа мавқеи такягоҳиро ишғол намояд.
Ҳарчанд амалисозии Лоиҳа якчанд солро дарбар мегирад, вале ҳадафи афзалиятноки Ҳукумати Ҷкумҳурии Тоҷикистон- ин дар соли 2018 ба истифода додани 2 турбина аз 6 адади он ва ба роҳ мондани истеҳсоли неруи барқ мебошад. Чунин қарор истеҳсоли барвақтии неруи барқ ном дорад ва мо умедворем, ки ин аз ҷониби Дирексияи НБО «Роғун» муваффақона амалӣ хоҳад шуд. Он асосан аз мавриди истифода қарор додани қисми лоиҳа дар давоми сохтмон вобаста мебошад. Ин истеҳсоли барвақтӣ дар раванди тӯлонӣ қадами нахустин гардида, баъди ба анҷом расидан он дар Осиёи Марказӣ бузургтарини неругоҳи барқи обии дорои иқтидори 3 600 мегаватт, ки ба чор неругоҳи атомии миёна баробар аст, хоҳад буд.
Манфиати иқтисодӣ низ зиёд хоҳад шуд, чунки Роғун иқтидори энергетикии Тоҷикистонро дучанд месозад.
Дар пеш моро роҳи тӯлонӣ ва душвор интизор аст, вале имрӯз ин қадамро гузошта, ҳамаи мо ҳис кардем, ки бо шарофати устувории Пешвои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёе, ки миллион сол дар маҷрои худ мерафт, маҷрояшро иваз кард ва орзуи доштани сарбанди баландтарин дар дунё дар ин ҷо- дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Раҳмати калон!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: