Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салини

Мулоқот бо Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салини

1-07-2016, 12:30
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро СалиниИмрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан ҳамкорӣ дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуд.

Қайд гардид, ки аз рӯи баҳогузориҳои техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи ин неругоҳ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардид, сохтмони нерӯгоҳ аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ карда шудааст.

Бо назардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани ширкати «Салини Импреҷило” ин корпоратсияи сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО Роғун арзёбӣ гардид. Дар ҳамин замина иттилоъ дода шуд, ки байни Тоҷикистон ва Ширкати «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки фаъолияти ширкати «Салини Импреҷило» дар Тоҷикистон боз як омили пешравӣ дар рушди иқтисодиёт гардида ба ҷалби ин корпоратсияи бонуфузи сохтмонӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории кишвари мо мусоидат менамояд.
president.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: