Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон: «Умед аст, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам рушд мекунанд»

Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон: «Умед аст, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам рушд мекунанд»

26-10-2016, 08:47
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон: «Умед аст, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам рушд мекунанд»


/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҷараёни брифинге, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоислом Шоқосимов хабарнигорони ватанию хориҷиро бо суханронии иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими иҷлосияи 33-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки чанде пештар дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, шинос кард.

Дар ҷараёни брифинг сафир ба саволи намояндагони ВАО дар мавриди дурнамои муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон посух дод, ки «умед аст ин муносибот баъди сафари Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Душанбе ва вохӯрии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни он масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуданд, ҷараёни тоза мегиранд ва боз ҳам рушд мекунанд».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: