Конференсияи XVII-уми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб25-10-2016, 13:50
Хабарро хонданд: 382 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 25.10.2016 Конференсияи XVII-уми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки 250 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид. Инчунин, дар кори Конференсия раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, дигар аъзои Кумитаи иҷроия ва раиси Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Толибов Абдураҳмон иштирок намуданд. Нахуст, бо садо додани Суруди миллӣ кори Конференсия оғоз гардид. Ба кори Конференсия як масъала – пешбарӣ намудани номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар ҳавзаи интихоботии №5 пешниҳод гардид. Вобаста ба масъалаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул баромад карда, мутобиқ ба тартиби кори Конференсия аз вакилон хоҳиш кард то ба ҷои вакил Бозоров Нуриддин, ки бо хоҳиши худаш ваколатҳояш қатъ карда шуд, номзади арзандаи ҳизбро пешниҳод кунанд. Вакили Конференсия Исмоилзода Саймурод таклиф кард, ки номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар ҳавзаи интихоботии №5, аъзои фаъоли ҲХДТ Рустамов Фахриддин пешбарӣ карда шавад. Номзади пешниҳодшуда аз ҷониби вакилон якдилона дастгирӣ ёфта, қарори дахлдор қабул гардид. Рустамов Фахриддин барои ин боварии бузург ба вакилони Конференсия изҳори миннатдорӣ баён намуда, ваъда дод, ки бо ғолиб омаданаш дар маъракаи интихоботӣ арзандаи ин боварӣ будани худро собит месозад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.