Озарбойҷон парлумони навро интихоб мекунад
1-11-2015, 14:00. Разместил: admin

Ҳизбҳои асосии мухолифи давлат ин маъракаи сиёсиро таҳрим кардаанд, зеро аз нигоҳи онҳо, дар Озарбойҷон барои баргузории интихоботи озоду одилона шароитҳо фароҳам нашудаанд. Ва аммо чанд нафар аз номзадҳои мухолифин дар интихобот ба Миллӣ Маҷлис ширкат доранд.
Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз фиристодани нозиронаш ба интихоботи парлумонии Озарбойҷон сарпечӣ кард – Боку аз ин ниҳод талаб карда буд, ки теъдоди нозиронашро кам кунад. Моҳи июн мақомоти Озарбойҷон дар бораи бастани дафтари САҲА дар кишвар тасмим гирифта буданд.
Интихоботи парлумонии Озарбойҷонро нозирон аз Иттиҳоди кишварҳои мустақил ва Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо назорат мекунанд.
Барои 125 курсии парлумон 767 нафар довталабӣ мекунанд. Беш аз 5 миллион шаҳрвандони кишвар ҳаққи раъйдиҳӣ доранд.
©ozodi.org
Вернуться назад