Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Худафрӯзӣ мебояд, на худсӯзӣ

Худафрӯзӣ мебояд, на худсӯзӣ

10-10-2016, 16:28
Хабарро хонданд: 569 нафар
Назарҳо: 0
 Худафрӯзӣ мебояд, на худсӯзӣ
Ҳаёти солими миллат аз фазои оилаи солим маншаъ мегирад. Оила чун зинаи аввалини бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши он дорад. Чи қадаре ки вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оила дар сатҳи баланд бошад, ҳамонқадар он ба пешрафту рушди ҷомеа вудавлат мусоидат менамояд. Таъмини саодату хушбахтии оила худ як шеваи инсондӯстӣ ва як рукни асосии давлату давлатдорӣ мебошад. Бо назар дошти муҳимият ва масъалаи кунунӣ будан Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ қайд карданд, ки: «Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад». Албатта, Паёми мазкур паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фарогир аст. Вале мо дар ин на татанҳо ба яке аз масъалаҳои мубрам, масъалаи беҳдошти оила ва нақшизан дар он, назару андешаҳои хешро баён карданиём.
Бояд қайд кард, ки оила сутуни устуворе дар ҷомеа ба шумор рафта, дар он зану мард дар якҷоягӣ нақши муҳимеро мебозанд. Насле, ки онҳо ба дунё меоранд, ояндасози ватану миллат мегардад. Аз ин хотир, ниҳоди мазкур бояд ҳамаҷониба саломат бошад ва тифли солимро ба дунё оварда, ба ин восита бақои давлатро пойдор гардонад.
Агар ба таъриху фарҳанги гузаштаи хеш нигарем, аксарияти шоирону нависандагони мо зан-модарро васф намудаанд. Ё ин ки занонеро бемисле дар таърих дорем, ки корнамоиҳои зиёде баҳри ватану миллати хеш кардаанд. Дар замони Истиқлол низ кам нестанд заноне, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни корҳои ҷамъиятию давлатӣ фаъолият доранд. Дар давоми 24-соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар доир ба ҳуқуқу фаъолияти озоди занон якчанд қарору лоиҳаҳо аз қабили Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон», Нақшаимиллии баланд бардоштанимақоми занбароисолҳои 1998-2005 ва «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2001-2010» қабул ва татбиқ гардидаанд, ки то дар натиҷаи инҳо мақому манзалати зан баланд бардошта шавад.
Дар гузаштаи начандон дур, дар замони Иттиҳоди шуравӣ саводнокии занону духтарон зиёд ба назар мерасид.Албатта, ин саъю талошҳои волидонашон буд, на ҷонбозиҳои Ҳукумати ҳамонвақта.Ҳол он ки дар он солҳо мардуми тоҷик дар марҳилаи маҳви бесаводӣ қарор дошт. Аз ин маълум мегардад, ки падару модар барои ояндаи фарзанд нақши калон мебозанд.
Имрӯз чӣ? Баръакс, ҷомеаи мо дар тараққиёти илму техника ва раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Боиси таассуф аст, ки дар чунин замони ободу осоишта на ҳама соҳибмаълумот мешаванд, махсусан, занону духтарон. Ғайр аз ин вомехӯранд духтароне, ки бо мақсадисоҳиби диплом шудан меоянду саргарм ба корҳои дигар мешаванд. Ин ҷо кӣ гунаҳгор аст, падару модар, ҷомеа, мактаб ё ҳукумат? Банда фикр мекунам, пеш аз ҳама падару модар. Чун тарбия аз оила сарчашма мегирад, волидон метавонанд, фарзандашонро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Чӣ хеле, ки ба ҳамаи мо маълум аст, зан-модар пояи устувор, чароғи фурӯзони оила ба ҳисоб меравад. Рушноӣ-ин худ саводноку хирадманд будан аст. Аз ин лиҳоз,таълиму тарбияи фарзандон низ бар зиммаи зан-модармебошад. Модар метавонад, ҳамон шарораеро, ки хонаро рӯшан мегардонад, дар қалби кӯдак низ афрӯзад. Ҳар як гуфтору рафтор ва оддитарин кирдори насли наврас аз оила вобастагӣ дорад. Зеро омили асосии ин гунна вокунишҳо танҳо паст будани сатҳи тафаккуру дониши занон аст, на хушунату зӯроварӣ.
Мутаассифона аз сабаби бемаърифатии як зумра занону духтарони мо кӯдакону наврасон бепарастор монда, даст ба ҳар гунна амалҳои даҳшатноку ғайри инсонӣ мезананд. Волидоне во мехӯранд, ки аксарияти онҳо ҳатто як китоби бадеӣ ё соҳавие нахондаанд, аз таъриху фарҳанг ва одобу масъулиятҳои оиладорӣ бошад, тамоман бархӯрдор нестанд. Пас чӣ тавр метавонанд, фарзанди солиму бомаърифатро ба воя расонанд.
Маҳз ба василаи донишандӯзӣ маърифатнокӣ зан-модар метавонад фарзандашро дуруст тарбият намояд. Вале замоне, ки волидони мӯҳтарами мо бо ягон кирдори нохуби фарзанд дучор оянд, ҳатман касеро гунаҳгор кардан мехоҳанд. Чунки боре ҳам ба рафтору кирдори фарзандашон аҳамият намедиҳанд ва андешанд намекунанд, ки барои ташаккули ҳолати ҷисмонию равонии кӯдакашон чӣ тадбире карданд, то бесаводу раҳгумзада набошад.
Аз тарафи дигар назар афканем, боиси тааҷҷӯб аст, чун модаре, ки даст ба корҳои номатлуб ва ё фарзандфурӯши ва куштор мезанаду тақлид аз фарҳанги бегона мекунад, чи гуна аз фарзанди худро ҳимоят кард.Вақте ки зан ё модаре даст ба худсӯзӣ мезанад, чи гуна метавон гуфт, ки фарзанди ӯ солим аст.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ худкушӣ бо баҳонаи хушунату зӯроварӣ ва мушкилиҳои зиндагӣ нисбати соли 2014 дар соли 2015 афзоиш ёфтааст. Магар ин аст подоши талошҳои ҳукумату давлат, ки занҳо бо баҳонаи мушкилоти зинадгӣ ё даъвои ночизе рӯ меоранд ба худкушӣ. Бо ин амали мудҳиш кассе чизеро ба даст намеорад, ба ҷуз ҷонбозию доғ. Пас чаро ин тоифа занон барои фарзанди хеш як сарнавишти талхи пурдарду аламро месозанд? Магар ин аст вазифаи онҳо? Чӣ бояд кард, ки занону духтарон даст бахудкушӣ назананд?
Риққат овар аст, вақте мебинам, ки як зан ё як модар худкушӣ мекунад. Маълумаст, ки ин қабил занон аз илму дониш фарсахҳо дуранд. Агар онҳо ақли солим медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин як кори хатарнок даст намезаданд. Вақте ки зан саводи кофӣ дошта бошад, фарзандони бо ақлу донишмандро тарбия менамояд. Зане, ки бо маърифат аст дар ягон ҳолат ба худкушӣ рӯ намеорад. Дар ҳар вазъияти ногувор мулоҳиза коронароҳи мусоидро меёбад, на ин ки роҳи маҳрум сохтани худ аз ҳаётро. Боре дидаед, ки зани соҳиб маълумот худкушӣ карда бошад? Боре дидаед, ки зани босавод ҷигарбандашро ба коми об ё оташ андохта бошад? Ҳаргиз! Ҳеҷ гоҳ зани соҳибмаърифат ба худ иҷозат намедиҳад, кӣ кӯтоҳандешӣ намуда, як шахси дигарро аз зиндагӣ маҳрум созад.
Дуруст аст, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад, вале ҳаққу ҳуқуқи туро кӣ ҳимоя мекунад. Вақте худро ба коми марг меандозӣ, боре намеандешӣ, ки фарзандони кӯчакат чӣ мешаванд, пеш аз ҳама худро аз зиндагии хушбахт маҳрум месозӣ. Зиндагӣ кардан барои инсон як маротиба даст медиҳад, пас онро бояд самараноку муфид истифода намоем.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои зиёди давлатию ҳукуматӣ фаъолият доранд, ки ҳар кадоми онҳо барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои занону духтарон, бо машғулият фаро гирифтани онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо ва ғайраҳо талош меварзанд. Ҳанӯз аз солҳои авали истиқлолият дар назди Ҳукумат Кумитаи кор бо занону оила ва мутаносбан дар тамоми ҷумҳурӣ сохторҳои марбутаи он фаъолият мекунанд, ки онҳо барои ҷиҳати мураттаб сохтани кору фаъолияти занону духтарон нақши шоистае доранд.
Он талошҳое, ки то имрӯз карданд самараи зиёде дод, вале танҳо бо навиштану гуфтан ва ё огоҳ кардан натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Андешаҳоямонро дар амал бояд татбиқ намоем. Сараввал мобояд сатҳи маърифатнокии занону духтаронро баланд бар дорем, чунки асоси устувории оилаву ҷомеа маърифатнокӣ, якдигар фаҳмӣ ва меҳру муҳаббат аст. Дар баробари ин бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратҳо кӯшиш намоем бо онҳо робитаи наздик дошта бошем.Ҳатто телевизиону радио низ дар ин самт нақши муассир мебозад. Бояд қайд кард, ки ҳалли ин мушкилот нисбат ба давлату ҳукумат ё ҷомеа аз худи шахс вобастагии масъулияти баландро талаб менамояд. Дар баробари ин замона низ тақозо менамояд, ки оилаи мустаҳкам дошта бошем, то дар рушду ташаккули давлату миллат саҳми хешро гузорем.
Инчунин зарураст, ки мо ҳам чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ нисбат ба проблемаҳои инсоният бетараф набошем ва хусусан дар таҳки ми баланд бар доштани сатҳи тафаккури занону духтарон саҳми худро гузорем. Дар ин раванд афзалият додан ба омӯхтани илму дониш, кушодани роҳи васеъ ҷиҳати аз худ кардани касбу ҳунар ва хулоса, муҳайё намудани тамоми шароити мусоид барои занон яке аз масъалаҳои муҳимест, ки дар назди мо қарор дорад.
Гулҳаёи Мадимар















Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: