Омодагии ҷавонон баҳри ҳимояи Ватан7-10-2016, 08:55
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Комиссариати ҳарбии ноҳия бо сокинони маҳаллаю шаҳракҳо ва падару модарони даъватшудагон суҳбату вохуриҳои судманд доир намуд. Гуфтан ба маврид аст, ки санаи 1 октябри соли ҷорӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия дар комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинии тантанавии даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати модар ватан баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 110 нафар падару модарони даъватшудагон иштирок доштанд. Дар рафти чорабинї ба 10 нафар ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гаштанд туфаҳои хотиравӣ аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ супорида шуданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ Муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ Азизов А. О. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.