Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Иди забон

6-10-2016, 09:40
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
Иди забон

Ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз 5 октябри соли 2009 бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Забони адабии тоҷикӣ забони давлатӣ эътироф гардида, мақоми он чун рукни асосии давлату миллат баланд бардошта шуд ва камбудиҳои дар ин самт мавҷуд буда рӯз аз рӯз бартараф шуда истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад».
Иди забон


Санаи 5 октябри соли 2016 дар ноҳияи Деваштич тибқи нақшаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» мулоқот бо фаъолони ҳизбӣ ва маорифчиён доир гардид. Дар чорабинии мазкур и.в.Раиси НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Сарвар Саидов дар мавзӯъи «Забон рукни асосии миллат» маърӯза намуда, аз ҷумла кайд кард, ки маҳз забон ифодагари ҳастии ҳар як халқу миллат буда, баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти кишвар забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб гашт. Мо волидайну омӯзгорон бояд барои фарзандони хеш забони модарии худро омӯзонем, зеро забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва пойдории истиқлолияти миллату давлат мебошад ва ин муқаддасотро бояд ҳифз намуда, ҳамчун гузаштагонамон барои наслҳои оянда мерос гузорем. Боиси хушнудист, ки имрӯз ҷавонон барои пос доштани арзишҳои миллии хеш бефарқ набуда, ифтихори ҳамагон мебошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: