Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мубин Эргашев: Бохт дар бозии ниҳоӣ таассуфовар аст

Мубин Эргашев: Бохт дар бозии ниҳоӣ таассуфовар аст

1-11-2015, 08:00
Хабарро хонданд: 486 нафар
Назарҳо: 0
Мубин Эргашев: Бохт дар бозии ниҳоӣ таассуфовар астМубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», пас аз бохт ба дастаи “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия ба хабарнигорон гуфт, ки аз ин бохт дар майдони худ хеле мутаассиф аст.
Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», пас аз бохт ба дастаи “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия ба хабарнигорон гуфт, ки аз ин бохт дар майдони худ хеле мутаассиф аст.
Ҷаноби Эргашев дар нишасти хабарӣ гуфт: “Бозии ниҳоиро бохтан боиси таассуф аст. Бахусус, вақте ки дар ҳузури мухлисони худ бозиро бой додем. Бачаҳо аз ин бохт хеле мутаассир шудаанд.Наметавонам бигӯям, ки нафаре дар ин бозӣ кӯшиш ба харҷ надод, фаъол набуд. Ба бачаҳои мо дар лаҳзаҳои охир зарбаҳои нишонрас намерасид. Мо, албатта, ин бозиро таҳлил мекунем. Одатан дар бохти даста ҳамеша мураббӣ гунаҳкор аст.Ман ба кори доварон дахолат намекунам, ин лаҳзаҳоро боз тамошо мекунем, вале аз се голи мо наход яктоаш ҳалол набошад?! Ба фикри ман дар қисми аввал як бор ва дар қисми дувум ду бор сардовар бояд ҷаримаи 11-метра медод, вале ӯ дар он ҷое буд, ки ин лаҳзаҳоро надид. Моро се бозии чемпионати кишвар ва бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар пеш аст. Мо бояд мавсимро бомуваффақият анҷом бидиҳем.”
Дастаи “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 бар тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард, ғолиби ин мусобиқаи пурнуфузи бошгоҳии қитъавӣ гардид.
Ин бозӣ бегоҳи шанбеи 31октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе, бо ҳузури 18 ҳазор мухлис хеле шавқовару пуршиддат сурат гирифт.Голи ягонаро ҳамлагар Леандро Веласкес, легионери аргентинии “Ҷоҳор Дарул Таъзим”, дар дақиқаи 23-юми нимаи аввали дидор ба ҳадаф расонд.
Дар ин бозӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ҳайати намояндагии Конфедератсияи футболи Осиё бо роҳбарии Сауд Ал-Муҳаннадӣ, ноиби президенти AFC ширкат доштанд.
Баъди анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми AFC маросими мукофотсупорӣ доир шуд. Дастаи ғолиб –“Ҷоҳор Дарул Таъзим” бо Ҷоми AFC, медалҳои тилло сарфароз гашт.
Ба дастаи “Истиқлол” – финалисти Ҷоми AFC– ҷоми хотиравӣ ва медалҳои нуқра супурда шуд.
Маблағи ҷавоизи бозии ниҳоии Ҷоми AFC - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё - 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар тақдим гардид.
Баъди анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми AFC Роберто Гомес, сармураббии «Ҷоҳор Дарул Таъзим» дар нишасти хабарӣ гуфт, “ин яке аз лаҳзаҳои хушбахттарини ҳаёти ман аст. Ман аз бозигаронам хеле хурсандам, барои он ки онҳо хеле хуб бозӣ карда, маҳорати баланд нишон доданд. Мо як гол задем ва пирӯз шудем. “Истиқлол” дар нимаи дувум хубтарбозӣ кард. Мо бошем, таваҷҷӯҳи худро бештар ба хатти дифоъ равона кардем. Ин Ҷом ҳам барои дастаи мо ва ҳам барои Малайзия ниҳоят муҳим аст.Ҳамакнун футболбозони мо ба таърихи футболи Малайзия дохил мешаванд.”
Инчунин баъди анҷоми бозии ниҳоӣ лотерея доир шуд. Панҷ нафар мухлисони хуштолеъ телефонҳои мобилии «iPhone 6» бурд карданд.
Ҷоми AFC-2015. Бозии ниҳоӣ.
«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – «Ҷоҳор Дарул Таъзим» (Малайзия) – 0-1
Гол: Леандро Веласкес, 23.
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 73), Бледа Родригес (Аҳтам Назаров, 86), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев (капитан), ФатҳуллоФатҳуллоев, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Манучеҳр Ҷалилов.
Огоҳонида шуд: Сиёвуш Асроров, 77.
Сармураббӣ: Мубин Эргашев.
«Ҷоҳор Дарул Таъзим» (Малайзия): Фаризал Марлиас; Маркос Антонио, Муҳаммад Айдил Зауфан, Шафиқ бин Раҳим (капитан), Леандро Веласкес (Гари Стивен, 86),Муҳаммад Сафӣ (Маҳаллӣ бин Ҷасулӣ, 60), Кунанлан Субраманиам,Ҳарис Ҳорун, Лучиано Фигероа, Ҷасазринбин Ҷамолиддин, Муҳаммад Фазлӣ.
Огоҳонида шуданд: Муҳаммад Сафӣ, 51,Леандро Веласкес , 51, Фаризал Марлиас, 54,Гари Стивен, 90+5.
Сармураббӣ: Роберто Гомес.
Сардовар:Минору Тоҷо(Ҷопон).
Нозири доварон: Ҳонӣ Толиб Баллан(Қатар)
Комиссари бозӣ: Винсент Юэн(Ҳонконг).
31 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 18 000 тамошобин.
©ozodi.org
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: