Cиёсати забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият5-10-2016, 09:37
Хабарро хонданд: 585 нафар
Назарҳо: 0
Забони давлатӣ дар ҳама давру замон яке аз падидаҳои даврони Истиқлолият маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллат нақши муҳим мебозад. Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар партави сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ ва равобити дипломатӣ қарор гирифта, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва нишони ҳамдилии тамоми миллати тоҷик шинохта шудааст. Мардуми Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, бахусус забони давлатӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки пешоҳанг ва ташаббускори ҳама ин иқдоми наҷиб дар робита ба забони давлатӣ Пешвои миллат буда, дар ин роҳи басо душвор дар даврони Истиқлолият аз худ хидмату заҳматҳои зиёдеро ба харҷ додааст ва имрӯз низ барои амалӣ намудани ҳадафҳои наҷиб дар роҳи ҳифз ва эҳёи яке аз арзишҳои миллӣ пайваста азму талош менамояд. Аз ин рӯ, ба хотири омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ҷавонон дар миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди шӯравӣ бори нахуст соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии ташкил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014» таҳия ва қабул гардид. Давлати мо дар раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 соҳиби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки дар моддаи дуюми он чунин меъёр муқаррар шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд». Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати Рӯзи забон 21 июли соли 2009 бо овардани далелҳои илмӣ ва амалӣ дар бахши густариши забони давлатӣ ва танзими истилоҳоти илмӣ дар риштаҳои илм ва технологияи муосир, татбиқи ҳадафмандона ва риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ зарурати таъсиси сохтори наверо бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-уми октябри соли 2009, №604 таъсис дода шуд. Ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2009, №11 ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар асоси супориши мазкур назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебаранд. Барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни мазкур дар моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, барои шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян карда шудааст. Президенти кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2011 ба қаноатмандӣ чунин изҳор доштаанд: «Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муносибат ба забони давлатӣ ба куллӣ тағйир ёфт ва имрӯз татбиқи Қонун муваффақона идома дорад». Пешвои миллат таъкид фармудаанд, акнун замоне фаро расидааст, ки мардумро бештар бо намунаҳои беҳтарини осор ва забони ноби тоҷикӣ ошно созем, асолати забонро барои ворисони он, бахусус насли ҷавон бозгӯ намоем ва забони асили адабиро, ки замоне бо ҳадафҳои ғаразнок ҳамчун забони куҳна маҳкум гардида буд, ба мақому мартабаи пешини он бозгардонем. Ин забон, ки дар замони давлатдории тоҷикон – давлати Сомониён дар маснади забони давлатӣ қарор дошт, дар асрҳои минбаъда низ нуфузи худро ҳамчун забони расмӣ нигоҳ доштааст. Хушбахтона имрӯз низ ба шарофати Истиқлолият миллати тоҷик ҳам соҳиби давлат гардид ва ҳам забони тоҷикӣ боз дар ҳамон мақоми олӣ қарор гирифт. Бинобар ин, Кумита зарур шуморид, ки лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Барномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июни соли 2012, №335 тасдиқ гардид, барои татбиқи давра ба давраи сиёсати забони давлатӣ заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард. Бо шарофати Истиқлолият дар ин давра аз ҷониби Кумита лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таҳия гардид ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ карда шуд. Барои ба технологияҳои иттилоотии муосир ворид гардидани забони тоҷикӣ ва риояи имлои забони тоҷикӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2004, №330 «Дар бораи стандартҳои рамзгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар саҳвакалидҳои компютерии стандарти юникодбарои истифодабарии компютерӣ» қабул гардид. Қобили зикр аст, ки дар заминаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо ҷалби мутахассисони забоншинос аз донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар назди Кумита Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст соли 2013 таҳия шуда, нашр гардидааст. Фарҳанги имло беш аз 65 вожа ва истилоҳотро фаро мегирад. Фарҳанги мазкур ҳамчун дастури руйи мизи буда, барои истифодаи мутахассисони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. Қобили тазаккур аст, ки дар мавриди таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар иртибот ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рушди муназзами забони давлатӣ заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овард. Сарвари давлат қайд менамоянд, ки акнун замоне фаро расидааст, ки дар интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин кардани роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад». Кумита дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 3-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» тағйиру иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид намуд. Баҳри амалӣ намудани муқаррароти меъёрҳои муайянгардида доир ба донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзади пешбаришуда бо қарори Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми июли соли 2014, №13 Дастурамал дар бораи тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо тасдиқ карда шудааст. Қобили зикр аст, ки дар ин давра, ҳангоми интихоботи навбатии вакилон соли 2015 санҷишҳо оид ба донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо аввалин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Баҳри рушди сиёсати забони давлатӣ, танзим намудани номгузории шаҳрвандон ва меъёрҳои суннатии номгузории тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб меёбад, аз гузаштаи дури таърихи забонамон маншаъ мегирад, ҳамчун суннати арзишманд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, Кумита дар асоси супориши Пешвои миллат бо ҷалби мутахассисони соҳаи забони давлатӣ Феҳристи номҳои миллии тоҷикиро ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Феҳристи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми июли соли 2016, №325 тасдиқ гардидааст, ки ин дастоварди даврони Истиқлолият мебошад. Қобили зикр аст, ки Кумита дар заминаи Феҳристи мазкур барои фаҳмо будани маънои номи шаҳрвандон Фарҳанги номҳои милии тоҷикиро дар нақша дорад. Дар ин айём барои таблиғу ташвиқи сиёсати забони давлатӣ, ки чун забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорист, барои босамар намудани фаъолияти касбӣ ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар ин самт, ки метавонад барои афзудани нуфузи забони миллӣ манфиатбахш бошад, дар назди Кумита Муассисаи давлатии Рӯзномаи «Ганҷи забон» таъсис дода шудааст. Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки даврони Истиқлолият ба хотири ҳимояи асолати миллӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2010 забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон гардидааст. Аз ин рӯ, донистан, омӯхтан, гиромӣ ва пос доштани забони модарӣ, поку беолоиш нигоҳ доштан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он вазифаи муқаддаси шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад. Кумита баҳри рушди сиёсати забони давлатӣ ва амалӣ гардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар саросари ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-уми январи соли 2016, №8 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016» тасдиқ шудааст, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои «Консепсияи миллии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2027»-ро таҳия намудааст ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Ҳамватанони азиз, бароятон дар роҳи ҳифз ва рушди бузургтарин мероси миллат – Забони модарӣ дар радифи Модар ва Ватан, ки аз муқаддасоти олӣ пазируфта шудааст, комёбию сарбаландиҳоро таманно намуда, фарорасии Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 5-уми октябр ҷашн гирфта мешавад табрику муборакбод мегӯям. Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода, Cардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.