Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сарват-М» таъсис ёфт

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сарват-М» таъсис ёфт

4-10-2016, 16:48
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сарват-М» таъсис ёфт

Дар ташкилоти амонатии қарзии хурд «Сарват-М» маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоӣ гуфта шуд, ки ҲХДТ ҳизби пешсафи ҷомеаи навини кишвар буда, ҳизби воқеан халқӣ мебошад.
Бо мақсади дастгирӣ аз Барномаи созандаи ҲХДТ ва сиёсати роҳбарияти ҳизби мазкур мо тасмим гирифтем, ки иродаи сиёсиамонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ шомил гардем иброз доштанд кормандони ташкилоти амонатии қарзии хурд «Сарват-М».
Тибқи рӯзномаи маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ нахуст ба 14-нафар билетҳои ҳизбӣ супорида шуд. Сипас номи ташкилоти ибтидои ҳизбӣ «Сарват–М» гузошта шуда, Тимур Раҳимов раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар суханронии худ нахуст ҳозиринро аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт.
Дар идома гуфта шуд, ки дар шароити феълӣ назди ҳар як шаҳрванди ватандӯсту хештаншинос рисолати олӣ, яъне ҳифзи якпорчагии сарзамини аждодӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ истодааст, ки онро метавон қарзи шаҳрвандӣ номид. Таҳаввулоти сиёсии ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки пеш аз ҳарвақта барои таъмини амнияти сартосарии кишвар талош намоем.


Кумитаииҷроияи ҲХДТ дар ноҳияиИсмоили Сомонӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: