Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДАСТАИ «ИНОМ ДЕҲҚОНОВ» БАРАНДАИ ҶОМИ КУМИҶРОИЯ

ДАСТАИ «ИНОМ ДЕҲҚОНОВ» БАРАНДАИ ҶОМИ КУМИҶРОИЯ

4-10-2016, 16:37
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
ДАСТАИ «ИНОМ ДЕҲҚОНОВ» БАРАНДАИ ҶОМИ КУМИҶРОИЯ

Бо мақсади баланд бардоштани завқи худшиносии миллӣ, тараннуми тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани варзиш тавре, ки қаблан огаҳ карда будем, бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми кумиҷроия миёни коргоҳу муассисаҳо ва маҳаллаҳо тайи як моҳ идома ёфтанд. Дар ин мусобиқот 10 даста ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди варзиширо нишон доданд. Рӯзи гузашта даври ниҳоии мусобиқот доир шуда, бози байни дастаҳои ба номи «Ином Деҳқонов» ва «Палос» тезу тунд доир шуда, дар натиҷа дастаи «Ином Деҳқонов» ғолиб гардид ва ҷоми кумиҷроияро соҳиб шуд. Зинаи дуюмро дастаи «Палос» ва зинаи сеюмро дастаи «Сирдарё» ишғол карданд.
Дар расми ҷамъбасти мусобиқа раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов зимни суханронӣ иброз дошт, ки таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш хоса аст. Зеро давоми чанд соли охир дастоварди варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ бозгӯи он аст, ки аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар барои пешрафти ин соҳа эътибори хоса зоҳир мегардад. Намунаи барҷастаи ин таваҷҷӯҳ ғолибияти гурзандоз Дилшод Назаров ҳаст, ки ӯ аввалин варзишгарест, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишварамон медали тиллоии олимпиро овард. Мавсуф аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ба варзиш бештар машғул гардида, ҳамсолони худро низ ба корҳои муфид ҷалб намоянд.
Дар расми тантанавӣ ба ғолибон ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроия супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: