Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30-09-2016, 14:20
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули ин санади муҳим баромад намуда, таъкид доштанд, ки бобати таъмини афзалиятҳои миллӣ Лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз тарафи вазоратҳо бо ҷалби коршиносон таҳия гардид. Ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми 15 соли оянда ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ин ҳадафҳо якчанд омили муҳим, аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани кишвар, се баробар аз 17 то 45 миллиард соат боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳуриро, номбар карданд.

Маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кудак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар, аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.

Таъкид гардид, ки барои пурра ноил гардидан ба ин стратегия дар назди давлату ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои он як қатор вазифаҳои муҳим меистад. Дар амал татбиқ кардани се самти стратегии мамлакат-– баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самт аст.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабул кардани лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аъзои Ҳукумати мамлакат инчунин лоиҳаи 5 қонун, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси олӣ ирсол намуданд.

Ҳамчунин ба Маҷлиси Олӣ барои баррасӣ 5 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Дар охир баъди баррасии пурраи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати иҷрои масъалаҳои баррасишуда ва дигар тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини Ҳукумат ва вазорату идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: