Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30-03-2016, 11:40
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 баррасӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар асоси нақша дар баробари дигар тадбирҳои мушаххас навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Вобаста ба кор андохтани маркази барқу гармидиҳӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки то моҳи октябри соли 2016 тамоми иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва хонаҳои баландошёнаи пойтахт ба системаи гармидиҳӣ пайваст карда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз ҳозир роҳбарони сохторҳои марбута баҳри захираю таъмини маводи сӯхт ва хӯрока, инчунин омода кардани муассисаҳои соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ ва зеристгоҳҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Барои таъсиси Ситоди ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба зимистонгузаронӣ аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои қарорҳоро Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020, Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, Дар бораи барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016 -2020, Дар бораи тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи кӯмаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабиро баррасӣ намуданд.

Вобаста ба Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020 гузориши раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа шунида шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии барномаҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои мавҷуда ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои маҳаллӣ мебошад.

Президенти мамлакт Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сохторҳои давлатӣ ва роҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пурра бартараф кардани оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Рӯшон ва бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намудани аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод.

Дар робита ба лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 зикр карда шуд, ки дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди 20 корхона бо 195 ҷойи корӣ, вилояти Хатлон 70 корхона бо 3670 ҷойи корӣ, вилояти Суғд 55 корхона бо 880 ҷойи корӣ, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 19 корхонаю коргоҳ бо 1300 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин дар корхонаҳои амалкунандаи кишвар таъсиси коргоҳҳои нав ва марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ бо 3000 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар кори маҷлис хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 лоиҳаи қонун, аз ҷумла дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Лоиҳаҳои як қатор Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)” баъди қабул барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда шуд.

Дар фароварди кори маҷлис Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои саривақтии супоришҳо оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла вобаста ба тезонидани корҳои саҳроӣ, содироти меваю сабзавот, вусъати корҳои ободонӣ, рушди туризм, омодагӣ ва дар сатҳи хуби ташкилию камхарҷ гузаронидани чорабиниҳои давлатӣ ва ҷашну идҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
prezident.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: