Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Расулзода Ҳ: Ифлосшавии таркиби ҳаворо низ пешгўӣ хоҳем кард

Расулзода Ҳ: Ифлосшавии таркиби ҳаворо низ пешгўӣ хоҳем кард

28-09-2016, 14:32
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
Расулзода Ҳ: Ифлосшавии таркиби ҳаворо низ пешгўӣ хоҳем кардМасъулини Агентии обуҳавошиносӣ тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик дар баробари пешгўӣ намудани вазъи обу ҳаво, инчунин аз вазъи ифлосшавии таркиби он низ ба аҳолии маълумот диҳанд.

Дар ин бора 27 сентябри соли равон Расулзода Ҳомидҷон, директории Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни як ҷаласаи вижа, ки ба 90-солагии агентии мазкур бахшида шуда буд, иттилоъ дод.
Номбурда мегўяд, зиёда аз ду моҳ аст, ки мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ оид ба ин масъала кор бурда истодаанд. -Мо тасмим гирифтаем, ки дар ояндаи начандон дур дар баробари пешгўии вазъи обу ҳавои кишвар, инчунин вазъи ифлосшавии таркиби ҳаворо низ ба тариқи ВАО ба мардуми кишвар пешгўӣ намоем,-гуфт сардори Агентӣ.
-Айни ҳол мо тариқи сомонаи марказ дар бораи вазъи ифлосшавии муҳити атроф дар шаҳрҳои Душанбе, Қўрғонтеппа ва Хуҷанд маълумотҳоро пешкаш намуда истодааем»,-афзуд Расулзода Ҳомидҷон.
Аммо директории Агентии обуҳавошиносӣ дар ин нишаст аз бетаваҷҷуҳии масъулини ширкатҳои мобилӣ изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт: «Мо аз роҳбарони ширкатҳои мобилӣ хостем, ки бо мо ҳамкорӣ кунанд ва дар бораи вазъи ҳавои кишвар ба муштариёни худ тариқи СМС паёмак маълумот диҳанд. Вале мутаассифона онҳо ин хоҳиши моро напазируфтанд. Мо аввалҳои соли равон ба ҳамаи ширкатҳои мобилӣ мактуб фиристодем, вале то ҳол посух нагирифтаем. Агар ширкатҳои мобилӣ барои ҳамкорӣ бо мо розӣ шаванд, ба манфиати кор хоҳад буд».
И.Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: