Мо ҳомиёни ин Ватанем19-10-2015, 12:00
Хабарро хонданд: 435 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади мусоидат намудан дар муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, ҳамчунин иҷроияши нақшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан», Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аксияро таҳти унвони «Мо ҳомиёни ин Ватанем» то анҷоми маъракаи даъвати тирамоҳӣ баргузор намуда истодааст.
Дар ин ҳошия, бо ибтикорӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и Восеъ дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳия як гуруҳ хонандагон дар варзишгоҳи литсейи мазкур ҳунару маҳорати варзишии худро нишон дода, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ сарфароз гардонида шуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.