Чойхонаи нав дар маҳаллаи «Масҷиди савр»16-09-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Хуҷанд ба ба ифтихори 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як иншооти нави хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Бо ташаббуси соҳибкор Раҳматшех Қобилшехов дар маҳаллаи «Масҷиди савр» «Маҷмаи Истиқлол», ки аз чойхона, маркази савдо ва толори хурд барои баргузории маҷлиси маҳалла иборат аст. Дар маросими тантанавӣ, ки бо иштироки шахсони барӯманди ин маҳалла ва сокинон баргузор гардид Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз иштирок намуд. Ҳангоми мулоқот худ бо иштирокдорони ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд кулли ҳозиронро бо 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғолибитяи шаҳри Хуҷанд дар озмуни ҷумҳуриявӣ самимона шодбош намуд. Маҷмаи мазкур ба маблағи бештар аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои 8 нафар бошандагони маҳалла имконияти бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гаштан фароҳам омад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.