Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шукри Истиклолият

Шукри Истиклолият

30-08-2016, 15:34
Хабарро хонданд: 544 нафар
Назарҳо: 0
Шукри Истиклолият

Дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳодисаву воқеаҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти солҳо арзишу мақоми бештар касб намуда, аҳамияти махсуси ахлоқиву маънавиро соҳиб мегарданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамин гуна падидаҳои нодири таърихи умумибашарӣ ва миллати тоҷик мебошад.
Бисту панҷ сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи истиқлолиятро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои абармардони миллат ва ҷоннисориҳои фарзандони худ таҷлил мекунанд.
Ҳарчанд Истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд.
Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.
Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд. Танҳо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамонро ҳадафи стратегии худ қарор диҳем ва бо заҳмати содиқонаи мардумамон ба сӯи ин ҳадаф босуръат пеш равем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 25-солагии худро дар шароити идома доштани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз тазодҳо таҷлил менамояд.
Барои эмин мондан аз таъсири раванди фарогири ҷаҳонишавӣ бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳем, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоем ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем.
Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд. Дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад. Имрӯз мо метавонем бо эҳсоси ифтихор таъкид намоем, ки асосҳои ҷомеаи демократиро ба вуҷуд оварда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи арзанда пайдо намудаем.
Ҳар як фард, ҳар як шахс бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст.
Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Мардуми мо ва махсусан ҷавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад.
Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 25- соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Пас аз ба даст даровардани истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайрахо шаҳодатмедиҳанд.
Аз ин лиҳоз, орзу мекунам, ки 25 соли истиқлолият чун 25 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад. Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафхои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад! Бигзор, истиқлолияти давлати тоҷикон, ки атои худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад!

Солиҳов Сафарали Мардонович
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳмонхонаи Вахш”


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: