Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

30-08-2016, 14:36
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Муҳтарам устодон ва донишҷӯён!
Дӯстони азиз!

Басо рамзист, ки дари бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ду санаи ҷашнии ба ҳам алоқаманд-биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари мо ва бистсолагии фаъолияти донишгоҳ боз шуд.

Биное, ки мо имрӯз ифтитоҳ намудем, дар давоми ду сол сохта шуда, бо технологияҳои пешрафтаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Мо аз он шодем, ки бо шурӯъ кардани бинои нави таълимӣ ба кор ба ҷавонони мо барои гирифтани таълими босифат дар сатҳи талаботи замон имконоти нав пайдо мешавад.

Чоряк асри гузашта барои кишвари мо давраи созандагӣ ва дастовардҳои нав дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар низоми маориф гардид.

Ташкили Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дастоварди назарраси мо дар ин соҳа мебошад.

Дар баробари ин, таърихи ташаккули ин донишгоҳ бо раванди пайи ҳам ва маҷмуии рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар шароити нави давлатдорӣ иртиботи мустақим дорад.

Назари иҷмолӣ ба таърихи навини робитаҳои Тоҷикистону Русия нишон медиҳад, ки онҳо ба заминаҳои қавии таърихӣ такя намуда, ҳамеша дар ҷараёни рушди бемайлон будааст.

Тоҷикистону Русия муносибатҳои худро аз ибтидо бо дарки умумияти манфиатҳои дарозмуддати халқҳои ду кишвар ба роҳ мондааст.

Вақт комилан дуруст будани интихоби моро ба манфиати роҳандозии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар дар сатҳи шарикии стратегӣ собит намуд.

Ба ин муносибот, чи ҳоло ва чи дар оянда, кӯшиши мунтазами рушди мутаносиб, сатҳи баланди эътимоди тарафайн ва иқтидори бузурги ҳамкориҳои мутақобилан судманд хос аст.

Имрӯз ҳамгироии Тоҷикистону Русия бисёрҷониба аст ва амалан тамоми соҳаҳои калидии ҳамкориро-аз сиёсату иқтисодиёт, тиҷорату сармоягузорӣ, маориф, илм ва фарҳанг то мудофиа ва амният фаро мегирад.

Барои чунин ҳамкорӣ заминаи қарордодию ҳуқуқии устувор таҳия шудааст ва механизмҳои самаранок ташаккул ёфтаанд.

Ҷонибҳо дар тамоми созмонҳои байналмилаливу минтақавие, ки аъзояшон ҳастанд, ҳамкории зич доранд.

Миёни давлатҳои мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, муколамаи мунтазами сиёсие, ки маҷмӯи масъалаҳои муносиботи Тоҷикистону Русияро дар мадди таваҷҷуҳи доимӣ қарор медиҳад, ба роҳ монда шудааст ва ҷараён дорад.

Ҳамкории наздики ду кишвар дар соҳаи мудофиа ва амният дар маҷмуъ омили муҳими нигоҳдории суботи минтақа мебошад.

Русия шарики муҳими иқтисодии мост ва дар низоми робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон яке аз мавқеъҳои пешсафро ишғол мекунад.

Дар давраи сипаригашта кишварҳои мо дар ин соҳа таҷрибаи ғании ҳамкорӣ ҳосил кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир вусъат додани гардиши мутақобилаи мол ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузорӣ, ба мисли НБО «Сангтӯда-1», ниҳоят муҳим аст.

Мо ба сармояи Русия зарурат дорем ва дар ҷалби он ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳавасмандем.

Тавре мебинем, барои рушди рӯзафзуни шарикии старатегии мо заминаҳои ҷиддӣ мавҷуданд ва мо барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои он ба манфиати ҳарду халқи дӯст ҳавасмандем.

Дӯстони азиз!

Дар низоми умумии муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия бахши гуманитарӣ, аз ҷумла самтҳои маориф ва илм, ҷойгоҳи махсус доранд.

Ҳамкории ҷонибҳо дар ин самт ҳамчун омили асосии ҳифзи фазои умумии таҳсилотӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи анъанаҳои таърихии робитаи миёни давлатҳо ва мардумони мо арзёбӣ мегардад.

Ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола барои таҳсил ба Русия фиристода мешаванд. Имрӯз дар макотиби олии Русия беш аз бист ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла понздаҳ ҳазор дар асоси квота, таҳсил мекунанд.

Онҳо таҳсилоти олии асосӣ гирифта, дар якҷоягӣ бо хатмкунандагони донишгоҳҳои русизабони Тоҷикистон сафи таҷассумгарони арзишҳои олии маънавӣ ва ақлонии ҷаҳони русро дар кишвари мо зиёд мекунанд.

Дар давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшҳои донишгоҳҳои Москва - Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, «МИСиС» ва Донишкадаи энергетикии Москва ба фаъолият оғоз карданд.

Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд.

Дар донишгоҳ беш аз яксаду ҳафтод нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд.

Дар давоми 20 сол донишгоҳро беш аз 12 ҳазор ҷавонон хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт, идоракунии давлат ва равобити беруна муваффақона фаъолият доранд.

Дар ин давра нишондиҳандаҳои донишгоҳ ба таври назаррас тағйир ёфтанд - имрӯз дар ин ҷо наздики шаш ҳазор донишҷӯ асосҳои ихтисосҳои ба ҷомеа зарурро меомӯзанд.

Дар вақташ ман шахсан ба сифати ташаббускори ифтитоҳи ин донишгоҳ таҳти сарпарастии ду давлат баромад карда, ба муваффақияти истифодаи чунин шакл дар низоми таҳсилоти олии касбӣ шубҳае надоштам.

Таҷриба самаранокии баланди чунин шакли инноватсионии таҳсилоти олиро нишон дод, ки бар шарикии байналмилалӣ асос меёбад.

Итминон дорем, ки донишгоҳ дар фаъолияти минбаъдаи худ дар омодасозии самаранок мутахассисони баландихтисос, ки ба рушди устувори кишвар фаъолона мусоидат менамоянд, нақши муҳим мебозад.

Дӯстони азиз!

Дигаргуниҳои бунёдие, ки даҳсолаҳои охир дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди илму технология ба амал омадаанд, дар назди мо ҳадафҳову талаботи нав мегузоранд.

Дар чунин шароит нақши таҳсилот, аз ҷумла таҳсилоти олӣ, ҳамчун пояи асосии тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир меафзояд.

Равандҳои таҳаввулотии замони мо навсозии доимии соҳаи маориф, аз ҷумла рушди босифати макотиби олиро тақозо мекунанд.

Дар заминаи татбиқи ин вазифаҳо ҳамчунин бояд ба пешрафти мунтазами сиёсати забонии давлатамон дар асоси муносибати маҷмуӣ ба омӯзиши забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ, бештар диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Фикр мекунам, ин ҷо дар бораи нақши забони русӣ дар ҷаҳони муосир муфассал сухан гуфтан зарурат надорад.

Танҳо ҳаминро таъкид менамоям, ки он яке аз забонҳои расмии СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Ба он шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳон эҷод шудаанд ва имрӯз забони русӣ дар рушди илм, техника ва маориф нақши муҳим бозида, барои наздикшавӣ ва дороиафзоии мутақобилаи миллатҳо ва фарҳангҳои гуногун ҳамчун пул хизмат мекунад.

Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад.

Дар Конститутсияи кишвар ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст.

Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда дар сатҳи қонунгузорӣ Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро тасдиқ кардааст.

Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд.

Дар бисту ҳафт макотиб, аз ҷумла мактаби назди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва инчунин дар беш аз як саду сӣ синфҳои назди муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар таҳсил пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар даҳ донишгоҳи Тоҷикистон факултаҳои филологияи рус ҳастанд, дар аксари муассисаҳои томактабӣ раванди таълим ба забони русӣ ҷараён дорад.

Соли гузашта Ҳукумати мамлакат Барномаи нави шашсоларо барои омӯзиш ва таълими забони русӣ қабул кард.

Дар ин самт масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилотии мо бо мутахассисони ба талаботи педагогӣ ҷавобгӯ, китобҳои дарсӣ ва лавозимоти таълимӣ муҳим боқӣ мемонад. Дар ин кор мо ба дастгирӣ ва мусоидати дӯстони русиягиамон умед мебандем.

Аз ин сабаб, мо аз рӯзҳои аввали ҳамкории кишварҳоямон дар самти маориф чандин маротиба ба ҷониби Русия, аз ҷумла дар сатҳи хеле баланд, муроҷиат кардем.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Парлумони мамлакат ман бобати таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо муаллимони фанҳои табиатшиносӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ки таълими ин фанҳоро ба забони русӣ дар назар доштам, супоришҳои ҷудогона додам.

Хурсандиовар аст, ки баъд аз мулоқоти охирини мо бо шумо чунин кор аллакай дар Донишгоҳ дида мешавад. Дар муассисаи олии шумо аввалин омӯзгорони кимиё, биология ва математика омода карда шудаанд.

Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамаи шумо аз вазъияте, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ бар асари фишори афзояндаи хатару чолишҳои муосир ба миён омадааст, огоҳед.

Ҷаҳонро мавҷи бесобиқаи шаклҳои гуногуни зӯроварӣ, бахусус экстремизм ва терроризме, ки на ватан, на дин ва на мансубияти этникӣ доранд, фаро гирифтааст.

Мошини тарғиботии шаклҳои гуногуни гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ барои ба сафҳои худ ҷалб кардани ҷавонон, махсусан донишҷӯёнро ҳадафи асосӣ қарор додаанд, бо тамоми иқтидор фаъолият дорад.

Дар робита ба ин, чун ҳамеша, масъалаи ҳифзи шаҳрвандони мо аз таъсири ин гуна тарғибот ва пешгирии ҷалби онҳо ба сафи ташкилотҳои терррористиву экстремистӣ муҳим боқӣ мемонад.

Мутаносибан, яке аз вазифаҳои асосии мактаби олӣ кори тарбиявӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин ҷо кори ҳаррӯза ва бонизоми ҳар як омӯзгор ва корманди соҳаи маориф дар якҷоягӣ бо падару модарон зарур аст.

Мо вазифадорем, ки барои ояндаи насли ҷавон, тақдир ва фитрати солими маънавиёти он самимона ғамхорӣ намоем, неруи он бояд ба маҷрои фаъолияти созанда равона гардад.

Ояндаи мамлакат дар дасти ҷавонон аст ва таҳсилоти босифат бояд ба омодагии ҷавонони фаъолу пешқадаме, ки барои иҷрои вазифаҳои бузург бобати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва шукуфоии минбаъдаи давлати мо ҷалб гардидаанд, мусоидат кунад.

Бовар дорам, ки Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон неруи ҳалли вазифаҳоро дар чунин миқёс доро мебошад.

Дар анҷом ҳамаи онҳоеро, ки ба донишгоҳ мансубият доранд, бо санаи таърихӣ - бистсолагии ташкилёбӣ, устодону донишҷӯёни онро боз бо оғози соли нави таҳсил самимона шодбош мегӯям.

Ба ин табрикоти худ мехостам таманниёти самимиро барои беҳбудӣ, муваффақият ва музаффариятҳои нав, инчунин табъи хуши идонаро ба ҳар кадоми шумо дар арафаи таҷлили санаи муҳим дар таърихи муосири Тоҷикистон- 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ илова намоям.

Барои таваҷҷуҳ сипосгузорам.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: