Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДТТ бо зиёда аз 68 макотиби олии ҷаҳон ҳамкорӣ дорад

ДТТ бо зиёда аз 68 макотиби олии ҷаҳон ҳамкорӣ дорад

14-01-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 437 нафар
Назарҳо: 0
ДТТ бо зиёда аз 68 макотиби олии ҷаҳон ҳамкорӣ дорад
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо зиёда аз 68 мактаби олӣ ва марказҳои таълимии кишварҳои Аврупо, Осиё, ИМА ва ИДМ шартнома ва созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст.

Дар ин бора Шоҳиён Нуралӣ Набот, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикитон (ДТТ) рӯзи 14 январи соли равон зимни нишсати матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки натиҷагирии умумӣ аз фаъолияти байналмилалии донишгоҳ дар эквиваленти фоидаовар ба 4 млн. 671 ҳазору 866 сомонӣ баробар аст. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳост, ки ДТТ ба феҳристи беҳтарин муассисаҳои олии таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуда, аз миёни 200 муассисаи олии таълимӣ зинаи 195-умро Ишғол кардааст.

Ректори ДТТ инчунин зикр кард, ки айни ҳол 1208 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар базаи ДТТ ва филиали он дар шаҳри Кӯлоб имтиҳонҳои дохилшавиро супоридаанд, дар асоси буҷети Федератсияи Русия дар донишгоҳҳи шаҳрҳои Иваново, Кострома, Воронеж, Новгород, Ярославл, Рибинск, Уссурийск, Москва, Санкт-Петербург ва дар марказҳои таълимии дигар шаҳрҳои ин кишвар таҳсил доранд. Вай ҳамчунин илова намуд, ки дар ДТТ факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон кушода шудааст, ки аз соли 2008 ин ҷониб, фаъолият карда истодааст. Донишҷӯёне, ки ба ин факултет дохил мешаванд, дар асоси шартнома бояд ду сол дар Тоҷикистон ва ду сол дар Украина таҳсил кунанд. Аз сабабе, ки имрӯз вазъи сиёсӣ дар Украина то андозае ноором шудааст ва ин кишвар бо каме нокомиҳо рӯ ба рӯ шудааст, мо соли гузашта донишҷӯёни худро иҷборан ба он ҷо нафиристодем ва умед дорем, ки дар оянда вазъият дар ин кишвар ба тамом ором мегарард ва донишҷӯёни мо бе ягон дудилағӣ рафта таҳсил мекунанд. Зеро ҳар як донишҷӯе, ки имрӯз дар Украина таҳсил мекунад, дар оянда коэффитсиенти эътимодноки муносибатҳои байни Тоҷикистону Украина хоҳад шуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки шумораи донишҷӯёни хориҷие, ки дар ДТТ таҳсил доранд 14 нафарро ташкил медиҳанд, ки 8 нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд. Аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Туркманистон 2 нафарӣ ва ду нафари боқимонда аз кишварҳои Украина ва Хитой мебошанд.

Тарвре ректори ДТТ маълумот дод, теъдоди донишҷӯёни таълимгоҳ беш аз 5000 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо дар шароити татбиқи низоми кредитӣ аз рӯйи 39 ихтисос дар 8 факултет таълим гирифта истодаанд, ки ба онҳо беш аз 350 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 2 академик, 15 доктору проффесор ва 76 номзади илму дотсентон дарс мегӯянд.

Ин аст, ки соли равон, дар олимпиадаи фаннии байни донишҷӯёни ҷумҳурӣ толибилмони ДТТ дониши мукаммал нишон дода, 2 ҷоийи аввал, 1 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм ва 2 ҷойи намунавиро соҳиб гаштаанд. Инчунин дар соли таҳсили 2014-2015 зиёда аз 90 нафар устодону донишҷӯёни ДТТ дар доираи амалишавии лоиҳаҳоии грантии байналмилалӣ, дар таҷрибаомӯзӣ, курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос иштирок намуда, соҳиби диплому сертификатҳо гардидаанд, ки фоидабахшии эквивалентии онҳо тайи солҳои охир зиёда аз 4,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар донишгоҳ 5 лоиҳаи Барномаи «ЭРАСМУС+» ва 1 лоиҳаи «Ташкилоти ҳамкориҳои Олмон» (GIZ) амалӣ гардида истодаанд, ки пурра ба модернизатсияи таҳсилоти олии касбӣ равона мегарданд,-афзуд Шоҳиён Нуралӣ Набот.

Ӯ дар охир иброз дошт, ки дар умум фаъолияти имрӯзаи донишгоҳ ба он равона гардидааст, ки 25 ҳадафи стартегӣ дар раванди омодагӣ ба таҷлили «25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар самти рушди илму маориф, тақвият бахшидан ба мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ пурра амалӣ карда шавад.
©И.ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: