Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Х.Холиқназар: Истиқлолият насиби ҳар миллат нест

Х.Холиқназар: Истиқлолият насиби ҳар миллат нест

30-08-2016, 14:25
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
25 августи соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳои кишвар, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ, ҳамзамон коршиносони варзида иштирок ва суханронӣ карданд. Аз ҷониби ҳозирин дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии


 Х.Холиқназар: Истиқлолият насиби ҳар миллат нест
 Х.Холиқназар: Истиқлолият насиби ҳар миллат нест
Тоҷикистон тайи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, роҳ ва воситаҳои нигаҳдошти якпорчагии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сулҳу субот, ояндабинии пешомадҳои рушди кишвар ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
-Баргузории чунин ҳамоиш дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти бузург мебошад. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари муҳимтарин дастоварди сиёсии кишвар ба шумор рафта, ҳамзамон фазои тақдирсози миллие мебошад, ки дар ҳошияи он Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз вазъи куллан харобгаштаи иҷтимоию иқтисодӣ ба зинаҳои баланди рушд мушарраф гардад. Аз ин рӯ, ҳифз ва арҷгузории дастовардҳои даврони Истиқлолият на камтар аз ҳифз ва арҷгузорӣ ба худи Истиқлолияти давлатӣ буда, баррасии мавзӯи мазкур дар шинохти воқеии дастовардҳои кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ва ояндабинии амиқи пешомади рушд бамаврид аст, - иброз дошт дар сухани ифтитоҳии худ Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар. Ба гуфти мавсуф, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ганҷест, ки на ба ҳама миллатҳои ақсои олам насиб гаштааст ва ҳифзи он барои миллати куҳанбунёди мо аз вазоифи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дучори гирдоби фоҷеаи миллии ҷанги шаҳрвандии аз хориҷ таҳмилшуда гардид, ки қувваҳои иртиҷоии террористмаоби дохилӣ бо супориши хоҷагони хориҷии хеш мехостанд рахна бар давлатдории миллии тоҷикон зананд, аммо тирашон хок хӯрд, чун акнун ҷомеаи навини Тоҷикистон ин хиёнаткоронро нахост қабул ва таҳаммул кунад, аз ин рӯ, сохти конститутсионӣ, такя бар арзишҳои милливу демократӣ ва дунявӣ пирӯз гашт. Тайи ин чанд соли Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвори пурпечутоби эҳёи давлатдории миллиро бо барқарорсозии кулли соҳоти кишвар дар натиҷаи оқибатҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуд, имрӯз дастовардҳои кишвари мо, ки тавонист дар муддати кӯтоҳ ба бисёр муваффақиятҳои сиёсиву иқтисодӣ даст пайдо кунад, ин таҷриба мӯҷиби ҳайрат ва омӯзиши дигарон шудааст. Аз ҷумла таҷрибаи сулҳи тоҷикон худ як падидаи сиёсии нодирест, ки дар ақсои олам эътироф шудаву мавриди пиёдасозӣ қарор гирифтааст.
Дар кори конфронс иштирокчиён, аз ҷумла Сайфулло Сафаров, муовини директори Марказ дар мавзӯи «Давлатдории миллӣ ва таҳкими он дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ», Абдулло Ҳаким Раҳнамо, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС дар мавзӯи «Дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ», М. Сафолзода, муовини Директори МТС дар мавзӯи «Афғонистон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият» А.Мирсаидов, муовини директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дастовардҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият», Ҳамчунин намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Бобошозода, Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Холиқзода, раиси коллегияи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Б.Муродзода, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон Н.Саидов ва дигарон баромад намуданд. Дар анҷом муаррифии китоби «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид.
Азамат Дӯстов





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: