Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Теннисбозони навраси шаҳри Хуҷанд беҳтарин дар вилояти Суғд

Теннисбозони навраси шаҳри Хуҷанд беҳтарин дар вилояти Суғд

29-08-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Теннисбозони навраси шаҳри Хуҷанд беҳтарин дар вилояти Суғд


Дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои оммавӣ ва варзишӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Чунин як чорабинӣ дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и маркази вилоят аз рӯи намуди тенниси рӯи мизӣ байни кӯдакон ва наврасон баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи шавқовар 40 нафар варзишгарони наврас дар 4 даста аз шаҳрҳои Хуҷанд Истаравшан ва ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ширкат намуданд.

Аз рӯи натиҷаи ба даст омада дастаи теннисбозони ҷавонону наврасони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи якум, дастаи шаҳри Истаравшан сазовори ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ғолибони мусобика бо диплом ва тӯҳфаҳои Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд. Чорабинии мазкур тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: