Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони вилояти Хатлон 25.08.2016 08:02, ноҳияи Бохтар

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони вилояти Хатлон 25.08.2016 08:02, ноҳияи Бохтар

26-08-2016, 13:41
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0


Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Нахуст аз ҳама, мехоҳам ба кулли сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилояти Хатлон - падару модарони арҷманд, пирони барнодил ва ҷавонони ватандӯст, ки суннати деринаи мардуми соҳибфарҳангамонро гиромӣ медоранд ва Роҳбари давлатро ҳамеша бо самимияти хосса истиқбол мегиранд, изҳори сипос намоям.

Инчунин, ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи боз як муассисаи таҳсилоти олӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон – Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон табрик мегӯям.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии ҷавобгӯ ба бозори меҳнат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2006 ҳамчун муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар таъсис дода шуд.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо имрӯз тасмим гирифтем, ки баъди боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон масъалаҳои вобаста ба ҷараёни иҷрои вазифаҳо аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дигар дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон, барномаҳо ва дурнамои рушди вилоятро таҳлилу баррасӣ намоем.

Зеро дар ин давраи басо мураккабу ҳассос масъалаи пешгирӣ ва ҳарчи кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор аз ҷумлаи самтҳои муҳимми фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, хусусан мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон бо ин, мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо, роҳбарону фаъолони вилоят ва устодону донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, дар арафаи ҷашни муқаддаси таърихӣ - биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон, ки ҳоло хурду бузурги кишварамон барои таҷлили пуршукӯҳи он омодагӣ мегиранд, баргузор шуда истодааст.

Бинобар ин, кулли сокинони вилоят ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори фарорасии рӯзи истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.

Зимни сафари корӣ ва мулоқоту суҳбатҳои самимӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят хуб эҳсос кардем, ки мардуми заҳматқарини ин диёри файзбор бо шукргузорӣ аз неъмати соҳибихтиёрӣ ва сулҳу суботи устувор дар ҷодаи ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва расидан ба зинаҳои нави тараққиёти кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.

Боиси қаноатмандист, ки мардуми заҳматкашу қавииродаи вилоят чун тамоми сокинони кишвар, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна, махсусан, дар соли ҷашни биступанҷумин солгарди истиқлолият корҳои бузурги ободониву созандагиро амалӣ намуда истодаанд.

Дӯстони азиз!

Тамоми азму талош ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат, инчунин таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории он равона шудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар давоми 25 соли истиқлолияти давлатӣ мардуми бонангу номуси мо, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо бо азму иродаи қавӣ заҳмат кашида, зери парчами давлати соҳибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят бо суръати миёнасолонаи 6,5 фоиз афзоиш ёфта, то ба 12,5 миллиард сомонӣ дар соли 2015 расонида шуд, ки ба 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.

Дар 25 соли истиқлолият аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Аз ҷумла, танҳо барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳимми вилоят 14 миллиард сомонӣ маблағ равона шуда, хонаҳои истиқоматӣ дар ҳаҷми 3 миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои 124 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳо барои 6700 қабул дар як баст ва шифохонаҳо барои 2000 кат ба истифода супорида шуданд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2016 барои бунёд ва барқарорсозии иншооти гуногуни вилоят 890 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 332 миллион сомонӣ ё 58 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи дурнамо дар чор соли оянда танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди вилояти Хатлон 7,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ислоҳот ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳоло дар қаламрави вилоят татбиқи 79 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 14,7 миллиард сомонӣ оғоз гардида, то ба имрӯз 47 лоиҳа ба маблағи 4,5 миллиард сомонӣ ба анҷом расидааст ва 32 лоиҳа ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Тибқи маълумот ба вилояти Хатлон тайи солҳои 2010-2015 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ воридоти сармояи хориҷӣ 4,2 миллиард сомониро ташкил додааст, ки 86 фоизи он ба сармоягузории мустақим рост меояд.

Илова бар ин, мувофиқи нишондиҳандаҳои дурнамо пешбинӣ мегардад, ки дар чор соли минбаъда ба иқтисодиёти вилоят аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 11 миллиард сомонӣ (баробар ба 1 миллиарду 450 миллион доллари амрикоӣ) ҷалб карда шавад.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бартараф кардани монеаҳои мавҷуда ва ҳалли масъалаҳои соҳибкорон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби муассисаҳои бонкӣ ба корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва аҳолии вилоят 11 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

Инчунин, дар доираи маблағгузории давлатӣ тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ 52 лоиҳаи афзалиятноки соҳибкорони вилояти Хатлон ба маблағи 35 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфтааст.

Дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар давраи то соли 2015-ум 1370 лоиҳаи хурду бузург дар соҳаҳои мухталифи вилоят ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Ҳоло аз 25 шаҳру ноҳияи вилоят барномаҳои рушд дар 23 шаҳру ноҳия татбиқ шуда истодаанд.

Дар панҷ соли оянда дар доираи барномаи рушди шаҳру ноҳияҳои вилоят ва барномаи навбатии рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020, ки ҳоло дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад, татбиқи 4000 лоиҳа ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, дар панҷ соли оянда истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда бо дарназардошти сол аз сол беҳтар гардонидани имкониятҳои истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъсиси корхонаҳои нав ва дар ин замина муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ба ин васила афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят пешбинӣ гардидааст.

Дар ин давраи ҳассос амалӣ гардонидани ҳадаф ва афзалиятҳои дар доираи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои вилоят қабулгардида ба сомон расонидани корҳои зиёдро тақозо дорад.

Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва дигар вазорату идораҳо зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи пурра ва саривақтии барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва ҷалби маблағҳои зарурӣ барои татбиқи онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Дӯстони арҷманд!

Ҳукумати мамлакат дар 25 соли истиқлолият дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии худ дар самти ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин амалисозии ислоҳот дар соҳаи энергетика як қатор корҳои мушаххасро ба анҷом расонид, ки дар натиҷа таъминоти аҳолӣ бо барқ, фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар фасли тобистон хеле беҳтар гардид.

Дар ин давра дар ҳудуди вилоят 36 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург бо иқтидори умумии қариб 900 мегаватт сохта шуд.

Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳо байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда -1” бо иқтидори 670 мегаватт ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ (баробар ба 699 миллион доллари амрикоӣ) ва дар доираи ҳамкориҳо байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” бо иқтидори 220 мегаватт ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ (баробар ба 319 миллион доллар) сохта, ба истифода дода шуданд, ки ҳар ду нерӯгоҳ қадами ҷиддӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ гардид.

Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалисозии як қатор зерлоиҳаҳои муҳим ба маблағи умумии беш аз 240 миллион сомонӣ пурра иҷро карда шуданд.

Инчунин, дар давоми солҳои 2002-2004 лоиҳаи «Устуворсозии лағжиши ярчи Бойғозӣ» ба маблағи умумии беш аз 43 миллион сомонӣ амалӣ карда шуда, лоиҳаҳои «Тоза намудани сатҳи поёнии каналҳои нерӯгоҳи барқи обии Шаршара ва Марказӣ» ва «Барқарорсозии агрегати 4-уми нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд» ба маблағи умумии беш аз 114 миллион сомонӣ татбиқ гардид, ки дар натиҷа иқтидори лоиҳавии агрегати мазкур аз 35 ба 45 мегаватт расонида шуд.

Айни замон лоиҳаи «Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 мегаватт» ва маблағи лоиҳавии беш аз як миллиард сомонӣ (136 миллион доллари амрикоӣ) оғоз гардидааст.

Дар баробари ин, татбиқи лоиҳаи “Сохтмони дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 - киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии Норак” ва “Сохтмони дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 - киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии Норак” ба маблағи умумии беш аз 675 миллион сомонӣ (баробар ба 86 миллион доллари амрикоӣ) ба роҳ монда шуд.

Ҳоло дар вилояти Хатлон дар доираи “Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ” амалисозии зерлоиҳаи “Барқарорсозии зеристгоҳҳои 220 - киловолтаи Бойғозӣ - Балхӣ” ҷиҳати сохтмони зеристгоҳи нави барқии 220 - киловолтаи Геран-2 идома дошта, инчунин дар доираи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи байни Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ (КАСА-1000)» сохтмони истгоҳи конверторӣ дар минтақаи Сангтӯда бо иқтидори 1300 мегаватт ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ (128 миллион доллари амрикоӣ),

сохтмони хатти интиқоли барқи 500 - киловолтаи Сангтӯда – сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ба маблағи қариб 300 миллион сомонӣ (38 миллион доллари амрикоӣ) ба масофаи 117 километр оғоз хоҳанд шуд.

Ҳамзамон бо ин, асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои кам намудани талафоти нерӯи барқ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, барқарорсозии зеристгоҳи барқии шаҳри Кӯлоб идома дорад.

Бинобар ин, бояд аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираи об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ширкати “Барқи Тоҷик”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти ба нақша гирифташуда, дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ доштани инфрасохтори энергетикии мавҷуда, кам кардани талафоти нерӯи барқ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо нерӯи барқ ва идомаи ислоҳоти соҳа тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки сохтмону таҷдиди инфрасохтори энергетикӣ вилояти Хатлонро ба минтақаи асосии энергетикии кишвар табдил додааст. Тавассути нерӯгоҳҳои барқи обии вилоят ҳамасола 16 миллиард киловатт - соат энергияи барқ истеҳсол карда мешавад, ки ин 94 фоизи барқи дар кишвар истеҳсолшавандаро ташкил медиҳад.

Мо Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро маҳз бо ҳамин сабаб дар вилояти Хатлон таъсис додем ва итминон дорем, ки донишҷӯён дар заминаи иншооту иқтидорҳои энергетикии мавҷуда таҷрибаву малакаи баланди касбӣ омӯхта, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзидаи соҳа ба миллату давлат хизмат менамоянд.

Дар робита ба масъалаи таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он таъкид месозам, ки ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат ва дар давраи тирамоҳу зимистон беҳтар намудани таъминоти мардум бо гази моеъ ва ангишт аз ҳоло тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони истиқлолият дар самти таҷдид ва сохтмони нақбу пулҳо ва роҳҳои мошингард, инчунин, роҳҳои оҳан ва ҳавоӣ корҳои назаррас амалӣ шуданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафи стратегии кишвар, яъне раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуданд.

Дар ин замина, дар вилоят қариб 500 километр роҳ, 6,7 километр нақб ва 37 пул ба маблағи умумии 3,9 миллиард сомонӣ (498 миллион доллари амрикоӣ) бунёд ва таҷдид гардидаанд.

Ҳоло дар вилоят 4 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 1,8 миллиард сомонӣ (233 миллион доллар) идома дорад, ки яке аз онҳо - сохтмони хатти нави роҳи оҳани Душанбе – Хатлон дирӯз ба истифода дода шуд.

Қобили зикр аст, ки ба шарофати роҳи оҳани мазкур аввалин маротиба дар таърихи истиқлолияти давлатии мо байни пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, бахусус шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб робитаи мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳан пайдо гардид, ки он ба афзоиши мусофирбарӣ, ҳамлу нақли борҳо ва тиҷорати дохиливу хориҷӣ бо шароити арзон ва дастрас мусоидат хоҳад кард.

Дар давоми солҳои оянда дар вилоят аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии тақрибан 3 миллиард сомонӣ татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа, Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин, Қӯрғонтеппа-Данғара ва Гулистон-Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин лиҳоз, вазоратҳои нақлиёт ва молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида самаранок татбиқ гардидани лоиҳаҳои нақлиётии зикргардида, ҷалби сармояи хориҷӣ барои сохтмони онҳо, беҳтар кардани хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва нигоҳдории хуби роҳҳо пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Дар доираи ҳамкориҳо бо сармоягузорони хориҷиву ватанӣ бунёди марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Панҷ” дар оянда ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, дар вилояти Хатлон соҳаи авиатсияи гражданӣ дар тӯли 25 соли истиқлолият тадриҷан рушд ёфт. Фурудгоҳҳои собиқ сатҳи минтақавии Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб таъмиру таҷдид гардида, мақоми байналмилалӣ гирифтанд.

Дар 6 соли охир ҳаҷми мусофиркашонӣ тавассути ин фурудгоҳҳо се баробар ва ҳаҷми боркашонӣ 17 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳамватанони азиз!

Тавре ки ҳамаи шумо дар хотир доред, солҳои аввали истиқлолият барои давлати ҷавони мо, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон солҳои ниҳоят вазнин буданд ва аз ҳар кадоми мо ба хотири барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ ва барқарорсозии иншооту муассисаҳои ҳаётан муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ заҳмату ҷонбозиҳои азими шабонарӯзиро тақозо доштанд.

Мутаассифона, дар давраи нооромиҳои солҳои 1992-1995 иқтисодиёти вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар бештар зарар дида буд.

Мувофиқи ҳисобҳо хисороте, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон расидааст, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ буда, беш аз 60 фоизи он ба вилояти Хатлон рост меояд.

Дар натиҷаи талошҳои ҷиддӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якҷо бо мардуми қавииродаву заҳматдӯсти вилояти Хатлон дар як муддати кӯтоҳ на танҳо вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят барқарор карда шуд, инчунин рушди босуботи он таъмин гардид.

Вилояти Хатлон дар даврони истиқлолият ба пешравиҳои бузурги рушди соҳаи саноат ноил гардид.

Дар ин давра, корхонаҳои нави дорои технологияҳои муосир таъсис дода шуда, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмон, саноати кимиё, энергетика, истихроҷи маъдан ва дигарҳо ба кор андохта шуданд.

Истеҳсолоти ватанӣ тавсеа ёфта, мо ҳатто аз рӯи баъзе молу маҳсулот, ба монанди масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент, аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи онҳо табдил ёфтем, ки дар ин раванд саҳми истеҳсолкунандагони вилояти Хатлон бисёр назаррас аст.

Умуман, ҷоннокшавӣ, пешрафт ва рушди соҳаи саноатии вилоят ба солҳои 2000-ум рост меояд, яъне рушди устувори соҳаи саноати вилоят оғоз гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давоми солҳои 2000-2015 беш аз 4 баробар афзоиш ёфт ва аз 1,1 миллиард сомонии соли 2000 ба 4,6 миллиард сомонӣ дар соли 2015 расидааст.

Дар натиҷа, ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии мамлакат беш аз 37 фоизро ташкил дод, ки ин дастоварди хеле назаррас аст.

Соли 1991 дар вилоят ҳамагӣ 75 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард. Дар давоми солҳои истиқлолият шумораи корхонаҳо ба 577 расонида шуд, яъне дар ин давра 502 корхонаи нав таъсис дода шудааст, ки 33 корхона ба гурӯҳи корхонаҳои азим дохил мешавад.

Танҳо тайи солҳои 2012-2015 зиёда аз 281 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6800 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Инчунин, бо мақсади ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, ки аз он минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ” ва “Данғара” дар ҳудуди вилояти Хатлон воқеъ мебошанд.

Бо вуҷуди дастовардҳои ноилгардида, вилоят метавонад, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои худ, аз ҷумла об, замин, иқлим, ашёи хом, қувваи корӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватаниро дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, масолеҳи сохтмон ва дигарҳо бамаротиб зиёд намояд.

Бинобар ин, бори дигар таъкид мекунам, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва таъмини талаботи аҳолӣ ба либосҳои кӯдаконаву мактабӣ тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Дар баробари ин, солҳои 2016-2017 тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва нақшаи зикршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иловатан бунёди 69 корхона ва коргоҳи нав бо 3700 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст, ки бузургтарини онҳо корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори якуним миллион тонна семент дар як сол, коркарди пахта бо иқтидори 20 ҳазор тонна, корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар ноҳияи Ёвон бо иқтидори 10 ҳазор гаҷкартон дар як шабонарӯз, коркарди ришта, матоъ ва рангубори он бо иқтидори 52 ҳазор тонна, фабрикаи ресандагӣ барои коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта мебошанд.

Ҳоло сохтмони як қатор корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Фархор ва Ҷайҳун оид ба истеҳсоли гаҷкартон, халтаҳои коғазӣ, нассоҷӣ, коркарди нафт, семент, конструксияҳои металлӣ, лӯлаҳои пластикӣ ва маснуоти дигар бомаром идома дорад.

Бунёди корхонаву коргоҳҳои нав ва ба фаъолияти пурра даровардани иқтидорҳои мавҷуда дар панҷ соли оянда имконият медиҳад, ки соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2015 ба андозаи 25 фоиз зиёд гардад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон беш аз 2 миллиарду 20 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 108 миллион сомонӣ ё 0,8 фоиз зиёд мебошад.

Вале то ҳанӯз на ҳамаи имконияту иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода гардида истодаанд.

Аз ҷумла, дар ин давра аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда ҳамагӣ 334 корхона фаъолият карда, 227 корхонаи боқимонда аз фаъолият бозмондааст.

Бо вуҷуди нисбат ба ҳамин давраи соли пешин зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, истеҳсоли баъзе намудҳои он (аз ҷумла нахи пахта, калоба ва газ) кам шудааст.

Ҳол он ки корхонаҳои саноатии вилоят имкон доранд, ки дар як сол то як миллион тонна пахтаро коркард намоянд.

Дар ҳудуди вилоят тӯли солҳои 1991-2015 дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ корхонаҳои хурду бузурги коркарди металлҳои қиматбаҳо таъсис дода шуданд.

Тӯли ин солҳо корхонаҳои номбаршуда ба маблағи зиёда аз 890 миллион сомонӣ (аз ҷумла дар соли 2015 ба маблағи 188 миллион сомонӣ) маҳсулот истеҳсол кардаанд.

То соли 1992 дар корхонаҳои соҳаи саноати маъдани вилояти Хатлон ҳамагӣ 700 нафар фаъолият мекарданд.

Баъди таъсиси корхонаҳои нав имрӯз шумораи коргарон танҳо дар корхонаҳои ноҳияи Ховалинг беш аз 1000 нафар мебошад.

Агар то соли 1992 дар минтақа ҳамагӣ 2 корхона фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи корхонаҳои соҳаи маъдан ба 8 расидааст.

Дар вилояти Хатлон ҳоло 91 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон фаъолият дошта, танҳо дар шаш моҳи соли 2016 ба маблағи 282 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.

Соли 2016 тибқи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар қаламрави вилоят ба фаъолият оғоз кардани боз 18 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон бо таъсиси 1300 ҷойи иловагии корӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир бунёди корхонаҳои азими муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир оид ба коркарди пахта, аз ҷумла бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна пахта дар як сол (навбати аввал – ресандагӣ) ва 6 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Данғара, бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Фархор ва бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Вахш идома дорад.

Тибқи нақша барои соли 2016 дар соҳаи саноати сабуки вилоят ба истифода додани 21 корхонаву коргоҳҳои нав бо таъсиси беш аз 1500 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2016 шумораи аҳолии вилоят нисбат ба соли 2015-ум 2,6 фоиз ва соли 2019 нисбат ба соли 2015-ум 10,9 фоиз афзоиш меёбад.

Мувофиқи дурнамо соли 2019 нисбат ба соли 2015 шумораи аҳолии шаҳрҳо 10,5 фоиз (606 ҳазор нафар) ва деҳот 10,9 фоиз (2 миллиону 790 ҳазор нафар) зиёд мешавад.

Табиист, ки шумораи дар истеҳсолот машғулбудагон низ зиёд мегардад.

Дар замони истиқлолият аҳолии вилоят қариб як миллиону 200 ҳазор нафар ё беш аз 62 фоиз афзудааст.

Бинобар ин, вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои марбута дар панҷ соли минбаъда ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷуда ва нав, истифодаи самараноки захираву имкониятҳо, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, ба таври назаррас зиёд намудани коркарди маҳсулоти саноатӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Тайи 16 соли охир дар вилоят бо дарназардошти ҳамаи соҳаҳо зиёда аз 650 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки 43 фоизи захираҳои меҳнатии вилоятро ташкил медиҳад.

Дар вилоят тибқи дурнамо дар чор соли оянда аз ҳисоби ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 285 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Ҳамдиёрони азиз!

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон тавассути аз худ кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, афзоиши майдони боғу токзорҳо ва ислоҳоти соҳа, бахусус ҳалли қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ, бамаротиб беҳтар шуд.

Як нуктаро мехоҳам махсус таъкид намоям, ки саҳми кишоварзони вилояти Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, муътадил гардидани нархҳо ва афзоиши даромади аҳолӣ назаррас аст.

Майдони умумии заминҳои обии вилояти Хатлон ҳоло 338000 гектарро ташкил дода, дар муқоиса бо вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутаносибан 17 фоиз, 18 баробар ва 3,2 баробар зиёд аст.

Бояд гуфт, ки майдони заминҳои обии вилоят 45 фоизи заминҳои обии мамлакатро ташкил медиҳад.

Дар давоми панҷ соли охир барои таъминоти аҳолии вилоят ба замини наздиҳавлигӣ қариб 9000 гектар замин ҷудо карда шудааст, ки аз он 903 гектар замини обӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ, тайи 25 сол 53 ҳазору 500 гектар замин ба 460 ҳазор оила (қариб дуюним миллион нафар аҳолӣ) тақсим карда шуд, ки 26000 гектари он замини обиро ташкил медиҳад.

Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин ва обёрӣ намудани он афзалияти аввалия барои вилоят мебошад.

Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ дар давоми солҳои 1992-2015 барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин ва обёрӣ намудани заминҳои вилоят ба маблағи 80 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ҳарчанд ки солҳои охир ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ дар вилоят то андозае беҳтар шудааст, лекин соли 2015 дар вилоят 6205 гектар замини корам, ки аз он 5050 гектар замини обӣ мебошад, аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.

Дар ҳолати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 5050 гектар замини обӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят боло рафта, имконияти беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии маҳаллиро бо ҷои корӣ таъмин намудан мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи самаранок истифода бурдани захираву имкониятҳои мавҷуда соли 2015 дар вилояти Хатлон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 11 миллиарду 400 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса бо соли 1991 8 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 4,1 баробар зиёд аст.

Соли 2015 ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 68 фоиз ва 32 фоизро ташкил дода, суръати афзоиш мутаносибан 0,6 фоиз ва 9,5 фоиз таъмин карда шудааст.

Агар соли 1991 дар вилояти Хатлон саршумори чорвои калон ҳамагӣ 600 ҳазор ва чорвои майда 1 миллиону 150 ҳазор сарро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳандаҳо аввали июли соли 2016 мутаносибан ба 900 ҳазор ва ду миллиону 200 ҳазор сар расидааст.

Инчунин, дар ин давра дар вилоят саршумори паранда аз 900 ҳазор то ба 1 миллиону 700 ҳазор расидааст.

Яъне дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар вилояти Хатлон саршумори чорвои калон якуним баробар ва чорвои майдаву паранда қариб ду баробар зиёд шудааст.

Ҳоло ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишвар 53 фоизро ташкил медиҳад.

Тӯли 25 соли истиқлолияти давлатӣ дар вилоят истеҳсоли аксари навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардидааст.

Аз ҷумла ғалладона (якҷо бо ҷуворимакка) 6,4 баробар, картошка 26, сабзавот 14, полезӣ 1,5, меваҷот 17,4 ва ангур 24 баробар зиёд шудааст.

Лекин истеҳсоли пахта нисбат ба соли 1991 64 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бори дигар таъкид менамоям, ки иқтидори истеҳсолии вилояти Хатлон хеле бузург буда, он дорои беш аз 48 фоизи майдони умумии заминҳои корам, аз ҷумла 49 фоизи заминҳои обии мамлакат мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар замони гузашта кишоварзони вилоят яке аз содиркунандагони асосии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон буданд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зарур аст, ки дар хусуси барқарор кардани иқтидори содиротии соҳаи кишоварзии вилоят тадбирҳои муассир андешанд.

Иқлими вилоят пурра имконият медиҳад, ки аз як замин соле ду ва ҳатто се ҳосил рӯёнида шавад.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, инчунин қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолӣ кишоварзони вилоят бояд дар хусуси зиёд кардани майдони кишти зироатҳои барвақтӣ, сабзавоту картошка ва маҳсулоти полезӣ, ки ба афзун гардидани иқтидори содиротии вилоят мусоидат менамояд, инчунин истифодаи имкониятҳои кишти такрорӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Илова бар ин, ҷиҳати тақвият бахшидани раванди рушди соҳа ба Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар заминаи рушди соҳибкорӣ доир ба боз ҳам афзун гардонидани саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти чорвою паранда тавассути бунёд ва барқарор кардани фаъолияти хоҷагиҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо дарназардошти масъалаҳои зикршуда ва ҷиҳати рушди босуботи соҳаи кишоварзии вилоят ҳамчунин зарур аст, ки Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ба роҳ мондани истифодаи самараноки замини корами обӣ якҷо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бори дигар тамоми заминҳои холимондаи обӣ ва лалмии хоҷагиҳои вилоятро дар муҳлати кӯтоҳтарин муайян намуда, ҷиҳати дар онҳо кишт намудани зироатҳои кишоварзӣ чораҳои судманд андешанд.

Инчунин, ҷиҳати беҳтар кардани ҳолати мелиоративию обёрии заминҳо ва риояи қоидаҳои агротехникӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати кишоварзӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки бо дарназардошти иқлими ҳар минтақа доир ба таъмин кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии хушсифати зироатҳо ва ташкили марказҳои лизинги техникаи кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Илова бар ин, зарур аст, ки дар бобати дар ҳар як шаҳру ноҳия ташкил кардани боғҳои нави мевадиҳанда дар заминҳои лалмӣ, пурра барқарор кардани боғҳои мавҷуда, рушди соҳаи пахтакориву чорводорӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҳамватанони азиз!

Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Дар натиҷа дар 25 соли истиқлолияти давлатӣ маблағгузории соҳаи тандурустии вилоят аз 710 ҳазор сомонӣ ба 228 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин рақам 321 баробар афзудани буҷети соҳаи тандурустии вилоятро ифода мекунад.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят ба маблағи умумии 273 миллион сомонӣ 316 муассисаи тиббӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар ин давра бо мақсади фароҳам овардани шароит ва инфрасохтори зарурӣ муассисаҳои тандурустии вилоят ба маблағи умумии зиёда аз 55 миллион сомонӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхису табобат таъмин карда шудаанд.

Дар пешрафти соҳаи мазкур татбиқи Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015 нақши муҳим бозид.

Дар давраи татбиқи барномаи мазкур аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 116 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 80 фоизи муассисаҳои тиббии вилоят аз биноҳои ғайритиббӣ бароварда шуданд.

Бо вуҷуди ин, нарасидани мутахассисони баландихтисос дар муассисаҳои тиббӣ яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустии вилоят мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои дар ояндаи наздик бо кадрҳои баландихтисос пурра таъмин намудани муассисаҳои тиббии вилоят бо қарори Ҳукумати мамлакат Донишгоҳи тиббии вилояти Хатлон таъсис дода шуд, ки чанд рӯз баъд, яъне ба ифтихори Рӯзи дониш санги асоси он гузошта мешавад ва бунёди донишгоҳ оғоз мегардад.

Дар баробари ин, мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар тӯли солҳои истиқлолият тибқи квотаи президентӣ аз вилояти Хатлон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 281 нафар донишҷӯён хатм намуда, имрӯзҳо 371 нафар ҷавонон таҳсил карда истодаанд.

Танҳо дар соли хониши 2014-2015 аз вилояти Хатлон дар ин муассисаи таълимӣ 164 нафар донишҷӯён тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд.

Дар маҷмӯъ, имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда аз 2300 нафар духтарону писарони ноҳияҳои дурдасти куҳистони вилоят тибқи квотаи президентӣ таҳсил намуда истодаанд.

Дар тӯли солҳои истиқлолият шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ба 5 расонида шуда, шумораи донишҷӯён аз 6440 (1991) нафар то 24300 (2013) ё 3,8 баробар зиёд гардид.

Дар давоми 25 соли истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон давра ба давра тағйироти ҷиддӣ ба амал омад.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои нигоҳдории соҳаи маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 310 миллион сомонӣ маблағ равона гардид.

Дар соли 2016 ба ин мақсад 82 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба даҳ соли охир беш аз 3 баробар зиёд мебошад.

Дар 15 соли охир маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз 6,7 миллион сомонии соли 2000 ба 628 миллион сомонӣ дар соли 2015 расонида шудааст.

Дар давраи солҳои 1991-2015 дар қаламрави вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 868 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 172 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 851 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла, дар панҷ соли охир (солҳои 2011-2015) 453 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 76000 ҷойи нишаст ба маблағи 556 миллион сомонӣ сохта шуда, айни ҳол мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Ҳамзамон бо ин, барномаи компютерикунонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии вилоят барзиёд иҷро гардидааст.

Ҳоло ҷиҳати пешбурди соҳа Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон лоиҳаи барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлонро барои солҳои 2017-2021 таҳия карда истодааст, ки дар доираи он тамоми мушкилиҳои мавҷудаи соҳа ба инобат гирифта мешаванд.

Дар ин самт, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон лозим аст, ки лоиҳаи барномаи мазкурро ҳарчи зудтар таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Мо рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, инчунин амнияти ҳамаҷонибаи давлат ва халқи худро дар сурате таъмин карда метавонем, ки волоияти қонун, яъне эҳтиром ва риояи қонунҳоро таъмин намуда, манфиатҳои давлатро аз ҳама боло гузорем, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии пешбиникардаамон ва раванди корҳои созандагиву бунёдкории Ватанамон беш аз пеш саҳмгузор бошем.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки тибқи таҳлилҳо дар вилоят ҳолатҳои ба ҷиноят даст задани баъзе сокинон дар давраи солҳои 2006 - 2015 ва шаш моҳи соли равон тамоюли афзоиш дошта, дар ин муддат қариб 40 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла 7 ҳазору 721 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра, хусусан, ҷиноятҳои одамкушӣ, хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон бештар ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи чорабиниҳои анҷомдодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 9 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин муайян ва дастгир карда шудааст.

Аз соли 2014 то инҷониб шахсияти 516 нафар шаҳрвандони дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирокдошта муайян карда шуда, 164 нафари онҳо дастгир ва 24 нафар ба Ватан баргардонида шуданд.

Вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор қариб 2000 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 1670 нафар ҷинояткорон дастгир гардидаанд ва 29 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.

Дар қаламрави вилоят садамаҳои нақлиётӣ низ зуд-зуд ба амал омада, бар асари он сокинони зиёд ба ҳалокат мерасанд.

Дар зарфи даҳ соли охир шумораи шаҳрвандони дар садамаҳои нақлиётӣ баҳалокатрасида 1629 нафарро ташкил медиҳад, ки чунин вазъ нигаронкунада буда, аз масъулон фаъолияти боз ҳам бештар ва қотеонаро тақозо менамояд.

Умуман, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятиро зарур аст, ки барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар қаламрави вилоят корҳои пешгирикунандаро тақвият бахшида, хусусан дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ боз ҳам қатъитар фаъолият карда, нисбат ба ҳама гуна амалҳои қонуншиканӣ дар доираи мукаррароти қонун чораҷӯӣ намоянд.

Илова бар ин, тарбияи наврасону ҷавонон, ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан ва аз таъсири манфии равияҳои бегонаи хатарнок эмин доштани онҳо, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳтироми қонун ва риояи қонунияту тартибот тарбия кардани фарзандон, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳама гуна қонуншиканӣ вазифаи падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиё ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо низ мебошад.

Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, фармону амрҳо, дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин вазифаҳое, ки аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ба роҳ монда, бештар ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир намоянд:

Якум, зарур аст, ки доир ба таъмини фаъолияти муназзами корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани шумораи ҳарчи зиёдтари ҷойҳои нави корӣ чораҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна ва рушди он эътибори доимӣ дода шавад.

Дуюм, бо истифода аз захираву имкониятҳои фаровони вилоят доир ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, дар навбати аввал маҳсулоти содиротӣ ва бо ҳамин роҳ барқарор кардани иқтидори содиротии вилоят чораҷӯӣ карда шавад.

Таъкид месозам, ки дар заминҳои корами обӣ васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа мебошад.

Сеюм, вобаста ба ин, зарур аст, ки истифодаи сарфакорона, оқилона ва самарабахши обу замин, инчунин, барқ ва гармӣ таъмин гардад.

Чорум, воридоти саривақтии тамоми намудҳои андоз ва пардохтҳои давлатӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳои давлат доир ба пардохти нафақа, музди меҳнат ва кумакпулиҳо таъмин карда шавад.

Панҷум, доир ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг мунтазам чораҷӯӣ карда, дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, коммуналӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ гардонида шаванд.

Шашум, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, хусусан, омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ ва андешидани чораҳои саривақтӣ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо сӯзишворӣ ва зиёд намудани нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини фаъолияти ҳамаи сохтору мақомот бояд бошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, яъне иштироки роҳбарони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолон хотиррасон менамоям, ки чанд рӯз баъд иди саиди Қурбон фаро мерасад.

Мо бояд ба мардум фаҳмонем, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом киҳо метавонанд қурбонӣ кунанд ва хайроту садақа диҳанд.

Зеро ҳар анъана ва расму ойине, ки дар фарҳанги динии мо роиҷ аст, фазилату мантиқ ва асосе дорад, ки шахсони савобҷӯ бояд тибқи он амал намоянд.

Аз таълимоти ислом бармеояд, ки қурбонӣ ҳамчун ибодати молӣ ба шахсоне воҷиб аст, ки аз назари иқтисодӣ имконият доранд ва молу сарваташон барои анҷом додани ин амал кофист.

Аз ин лиҳоз, ҳар як мусулмон пеш аз адои ин суннат бояд масъулияти худро дар назди аҳли оила ва хешовандони наздики худ, ки ба ӯ ҳаққи зиёд доранд, иҷро карда бошад.

Дар ояти 286-уми сураи Бақараи Қуръони маҷид омадааст, ки «Худованд ҳеҷ касро беш аз тавоноияш вазифадор намекунад».

Дар ҳадисҳои пайғамбари ислом низ зикр шудааст, ки моли қурбонӣ ё қимати он ва умуман, ҳама гуна хайроту садақот, пеш аз ҳама, ба муҳтоҷону тангдастон, ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат дода мешавад.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки дар рӯзҳои ид ва гузаронидани тӯю маъракаҳо бо дарназардошти вазъи замона, аз ҷумла таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодӣ ба буҷети ҳар як оила ба хароҷоти беҳуда ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ дода нашавад ва Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳатман риоя гардад.

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки имрӯзҳо тамоми фаъолияти мо бояд барои сазовор ҷашн гирифтани 25 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон равона гардад ва мо - фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифадорем то рӯзи таҷлили он, ки воқеан бузургтарин ҷашни халқамон хоҳад гардид, корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро афзунтар гардонем ва пояҳои давлату давлатдории миллиамонро бо заҳмати шабонарӯзӣ ва муносибати софдилонаву содиқона нисбат ба Ватани аҷдодиамон таҳкиму тақвият бахшем.

Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барори кор орзумандам.

facebook twitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: