Семинари омӯзишӣ14-10-2015, 07:00
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар санаи 13-уми октябр бо роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинари омӯзишӣ баргузор намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия Маҳмадалиева Д. ба ҳозирин дар бораи тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ, супоридани ҳаққи аъзогӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир намуд.
Амриева Б., аз ташкилоти ибтидоии «Оморчиён», Давлатова Т., аз ташкилоти ибтидоии «КАТС», Қурбонов Ҳ., аз ташкилоти ибтидоии «Навбаҳор» ва дигарон дар мавзуъҳои гуногун баромад намуданд. Зимни баргузории семинари омӯзишӣ дар бораи масъалаи ҷавонон, қабул ба сафи ҲХДТ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ суҳбатҳо баргузор гардид. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.