Даргоҳи илму маърифат кушода мешавад.26-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои нақша-чорабинии «25 иқдоми Созандагони Ватан дар вилояти Хатлон» Конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мактаб даргоҳи илму маърифат» бо иштироки маорифчиёни шаҳри Кӯлоб вобаста ба омодагиҳо ба рӯзи дониш баргузор гардид. Дар Конфренсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб С. Валиева, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу, мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру минтақаи Кӯлоб ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар Конфренсия мавзӯъҳои омодагии мактабҳо ба рӯзи дониш, боло бардоштани сифати таълим, дастгирии хонандагони ятиму камбизоат ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин пеш оғози чорабинӣ намоиши китобҳо, дастовардҳои наврасон дар озмунҳо, намоиши ҳунарҳои дастӣ ва ғайра ба марази тамошо гузошта шуд. Дар охир ба омӯзгорони фаъол тӯҳфа ва ифтихорномаҳо супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.