Чорабинӣ таҳти унвони "Мо Созандагони Ватанем"12-11-2015, 10:53
Хабарро хонданд: 434 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақша дар ноҳияи Бохтар маҳфили сиёсиву фарҳангии «Шаҳдрез» таҳти унвони «Мо созандагони Ватанем» бахшида ба ҷашнҳои Парчами миллӣ ва «Соли оила» байни хонандагони мактабҳои рақамҳои 1 ва 20 баргузор гардид.
Дастаҳо бо 69 холӣ пирӯз шуданд. Аз шартҳои озмун суруд бо рақсаш аз тарафи ҳар ду даста бениҳоят хуб иҷро гардиданд. Саломномаҳо низ вобаста ба мавзуъҳои садоқат ба Ватан, Модар, Парчам, Сарқонун ва гиромидошти истиқлолияту бунёдкорӣ, созандагии ҷавонон вобаста буд, ки дар тарбияи маънавию фарҳангии ҷавонон аз аҳамият холӣ нахоҳад монд. Инчунин дар ноҳияи Бохтар таҳти унвони «Сулҳ ба ҳама» Аксия гузаронида шуда, ба саҳифаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» 114 аксу суратҳо фиристода шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.