Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тиллои Дилшод ва Истиқлол

Тиллои Дилшод ва Истиқлол

23-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
Тиллои Дилшод ва Истиқлол

Пирўзии Назаров нишон дод, ки як нафар ҳам метавонад шаъни миллатро ҷаҳонӣ кунад.

Медали тиллои олимпии гурзандози тоҷик, ки бешубҳа пас аз ғалабаи шаффоф насибаш шуд, беҳтарин туҳфаи варзишӣ ба ҷашни 25 -солагии Истиқлоли Тоҷикистон буд.

Мо худ гувоҳ ҳастем, ки пирўзиҳои бисёре аз варзишгарон аз кишварҳои пурқудрат дар намудҳои дигари мусобиқаҳои Бразилия бо баҳсу саволҳо ҳамроҳ буд. Гоҳе варзишгар дар аввал ғолиб эълон мешуду аммо каме баъдтар бо баҳонае он бекор ва мукофот насиби дигаре мегардид. Дар як маврид намояндаи кишваре дар бокс ғолиб дониста шуд, аммо кишваре, ки варзишгараш дар ин қуввасанҷӣ ҷои дуюмро гирифт норозигӣ кард ва намояндаи худро ғолиби барҳақ дониста, бо ин арзиши рақобатро кам намуд.

Нафари дигареро дидем, ки доварон пирўзиашро эътироф карданд, аммо тамошобинон аз ҳарифи мағлубшудааш тарафдорӣ намуданд.

Ё ин ҳолат ҳам ба назари бисёриҳо рўҳу манзалати бозиҳои олимпиро надошт, вақте варзишгарони Америка дар даври аввал бинобар вайрон кардани низоми мусобиқа ба даври ҳалкунанда нагузаштанду аммо пас аз эътирози онҳо барои ин даста дар алоҳидагӣ мусобиқа баргузор гардид ва ин варзишгарон бо натиҷа ва нишондиҳандаи лозим ба финал роҳ ёфтанд ва … қаҳрамон шуданд.

Бо мушоҳидаи ин ҳама ҳолатҳо, ки аз мусобиқаи варзишӣ дида, Бозиҳои олимпиро ба як бахши рақобатҳои сиёсӣ табдил дода буд, боз ҳам пирўзии Дилшод Назаров шаффофтарин ба назар мерасад. Дар он на дасти «тағо» буд ва на таъсири гурўҳҳои сармоядор. Пирўзии варзишгари тоҷик натиҷаи заҳмати чандинсола, нишонаи тавону нерўи оҳании худи ў ва албатта пуштибонии раҳбарияти кишвар буд.

Ба ҷомеаи Тоҷикистон шикасти пайи ҳами намояндагони кишвар, ки дар намудҳои дигари варзиш вориди рақобат шуданду ноком гардида, рўҳафтодаву афсурда буданд, ин пирўзӣ тавону умедвориро баргардонид.

Ба ширкати мобилии «Вавилон» ҳам аҳсан, ки дар рўзи истироҳат аз тариқи паёмак ҳамаи муштариёнашро бо ин ғалаба табрик гуфт ва ин шодиро ба тамоми Тоҷикистон расонд. Хабари пирўзии Дилшодро ман ҳам дар як нишаст шунидам. Яке аз муштариёни ин ширкат дар телефони худ паёмакро дарёфт карда, ба мо ҳам хушхабарро расонд ва рўҳияи мо ҳама дар як дам болид ва он нишаст рўҳияи идонаро гирифт.

Аз ҷумлаи он чизҳое, ки дар он лаҳза аз дилам гузашт, ин буд, ки дар ин чанд шабу рўз ба шарофати иқдоми қаҳрамонии Назаров номи тоҷику Тоҷикистон дар сархати тамоми расонаҳои ҷаҳон буду ҳаст…

С. Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: