Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нахустин рақиби ду паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ маълум шуд

Нахустин рақиби ду паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ маълум шуд

5-08-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
Нахустин рақиби ду паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ маълум шуд
Рақиби ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Анвар Юнсов ва Комроншоҳи Устопириён дар нахустин даври Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия маълум шуд.

Нахустин рақиби ду паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ маълум шудТавре Нарзуллоҳи Латиф, сухангӯи ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз Рио-де-Жанейро иттилоъ додааст. Бар асоси қуръакашӣ, ки 4 август баргузор шуд, рақиби муштзани тоҷик Анвар Юнсов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Чин Ҷун Шан мебошад.

Ҷун Шан барои Анвар Юнусов ошност. Имсол ҳарду бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат кардаанд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии қораи Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфта буд.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, Анвар Юнусов дастболо гардида буд.

Қувваозмоии ҳарду дар Олимпиадаи Рио бегоҳи 6-уми август соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 1-и шаби 7-уми август ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Зимнан, Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба мусобиқа шуруъ менамояд.

Дар мавриди пирӯзӣ рақиби Анвар дар даври баъдӣ, ки рӯзи 9-уми август доир хоҳад шуд, муштзани маъруфи бразилӣ Робсон Консеикао мешавад. Бар асоси қуръакашӣ вай бидуни даври аввал ба даври дувум роҳ ёфтааст.

Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматии Қазоқистон) ва медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (2015, Қатар) мебошад.

Муштзани маъруф Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад.

Дар ҳоли ҳозир ӯ дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо раҳбарии мураббиаш Аббос Неъматуллоев дар толори бокси Деҳаи олимпӣ тамрин карда, ба Олимпиада омодагӣ мебинад. Вай дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар пойтахти Озарбойҷон–Боку баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио шудааст.

Анвар Юнусов устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ҷойи 5-ум дар Олимпиадаи Пекин (2008).
Ҷойи 3-юм дар чемпионати ҷаҳон дар Боку (2011).
Қаҳрамони Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2011).
Ҷойи сеюм дар чемпонати Осиё дар Урдун (2013).
Ғолиби Ҷоми ҷаҳон байни кишварҳои тавлидкунандаи нефт дар Ханти-Мансийски Русия (2013).
Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Бори сеюм дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Олимпиадаи Пекин-2008 ҷойи панҷумро гирифтааст. Дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар даври ҳаштякниҳоӣ мағлуб шудааст.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ моҳи июни соли 2016-ум дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 60 кг ҷойи дувумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардидааст.

Нахустин рақиби ду паҳлавони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ маълум шудМанбаъ мегӯяд, бар асоси қуръакашӣ рақиби паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни то 90 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад.

Варлам Липартелиани паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, соли 2015-ум дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон дар вазни то 90 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Вай қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо ва ғолиби бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) мебошад. Ӯ дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонии зӯртарин варзишгарони дзюдо дар ҷойи сеюм аст.

Зимнан, Комроншоҳи Устопириён дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, баъди муштзан Анвар Юнусов дувумин шуда ба мусобиқа шуруъ менамояд.

Комроншоҳи Устопириён, ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад, дар Олимпиадаи Рио-2016 дар Бразилия дар мусобиқоти дзюдо барои медал мубориза хоҳад бурд.

Айни ҳол гуштигири тоҷик, ки дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебарад, ба Олимпиада омодагӣ мегирад. Ҳаррӯз ду бор тамрин мекунад. Субҳ дар толори варзишӣ ба тарбияти бадан машғул мешавад. Баъдан дар толори гуштӣ рӯи татами ё гилем таҳти назорати Владимир Елчанинов ва падараш Усто Устопиров машқ мекунад.

Комроншоҳи Устопириён утоди дараҷаи байналмилалист.

Дар Ҷоми Аврупо соли 2013-ум дар Киев (Украина) ҷойи аввал, дар Ҷоми Владимир Путин (2013) дар Хасавюрт (Доғистон) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Алматӣ (Қазоқистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Тошканд (Узбакистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2014) ҷойи дуюм, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Остона (Қазоқистон, 2014) ҷойи аввал, дар чемпионати Осиё дар Кувайт (2015) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи дуюм, дар чемпионати ҷаҳон дар Остона (Қазоқистон, 2015) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Узбакистон, 2015) ҷойи дуюмро ишғол кардааст.

Комроншоҳ 16 апрели соли 2016-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни то 90 кг медали тилло ба даст овард. Бояд тазаккур дод, Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст. Ӯ баъди гурзандози машҳур Дилшод Назаров дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст ва аввалин бор дар Олимпиада ширкат меварзад.

Ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 ҷудочии ҷаҳон бо 1292 имтиёз дар мақоми 10-ум ва дар рейтинги олимпӣ дар мақоми нӯҳум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август барпо мегарданд. Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҳафт варзишгар - Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириёнва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дохиланд.

Гурзандоз Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки шаби 5 август дар варзишгоҳи "Маракана”-и Рио-де-Жанейро баргузор мешавад, парчамбардори ҳайати Тоҷикистон интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ чорумин ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

6-16 август, бокс
Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг
10 август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ
20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.
И.Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: