Шанбе, 15 март 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Роҳхати ду варзишгари дигари тоҷик ба Олимпиадаи Бразилия

Роҳхати ду варзишгари дигари тоҷик ба Олимпиадаи Бразилия

6-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 311 нафар
Назарҳо: 0
Роҳхати ду варзишгари дигари тоҷик ба Олимпиадаи Бразилия
Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуданд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF).

Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи ин созмони байналмилалӣ нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 ҷудочии ҷаҳон дар мақоми 11-ум қарор дорад.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ дар вазни беш аз 100 кило дар байни 188 нафар дар зинаи 48-ум ҷой гирифтааст. Ӯ бо саҳмияи қитъавӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудааст.

Ёдовар мешавем, дар байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатро ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 гурзандози машҳур Дилшод Назаров ба даст овардааст. Ҳамин тариқ то имрӯз се варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи навбатӣ мушарраф шудаанд.
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: