Як бому ду ҳаво5-08-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар идораву муассисаҳои Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба маблағи 836,2 млн. сомонӣ қарздории музди меҳнат мавҷуд аст, ки нисбат ба соли 2015 68,4 ҳазор сомонӣ камтар аст. Қарздорон асосан ҶДММ «Таком Голд»-и ноҳияи Дарвоз, Тоҷикматлубот, Телекоми вилоят, Маркази техникии радиою телевизиони вилоят ва Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилоятанд.
Комил Шоисматуллоев, сардори Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ дар вилоят бошад қайд кард, ки дар нимсолаи аввали солӣ ҷорӣ қарздории нафақа вуҷуд надорад. Пардохти ҳаққи маблағи нафақа дар ин давра 19 млн. 895 ҳазор сомониро ташкил дод ва он вақт ба вақт пардохт мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.