Дар ВМКБ ҷинояткори коҳиш ёфтаистодааст5-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Тавре намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ доданд, дар нимсолаи аввали соли равон 207 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 40 адад камтар мебошад. Дар ҳаҷми 96,8 килограмм маводи нашъадор мусодира шудааст.
Аз зодагони Бадахшон 46 нафар дар кишварҳои бурунмарзӣ ба гурӯҳҳои террористӣ шомиланд. Як нафарӣ аз навоҳии Рӯшону Шуғнон ва 44 нафар аз ноҳияи Ванҷанд. Нисбати 31 нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Дар Сурия 10 нафар зодагони вилоят ҳалок гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.