Юсуф Акрамзода: Тоҷикистон ба 29 ҳазор техника ниёз дорад5-08-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
Айни замон хоҷагии деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 29 ҳазор техника ниёз дорад, вале дар паркҳои хоҷагиҳо 26 ҳазор техника мавҷуд аст, ки аз он 9 ҳазораш корношояманд. Ин нуктаро дар нишасти матбуотӣ Юсуф Акрамзода, раиси КВД-и «Тоҷикагролизинг» иброз дошт.
Роҳбарияти КВД-и «Тоҷикагролизинг» мегӯяд, ки теъдоди зиёди техникаҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба ном вуҷуд доранд. Тибқи меъёри ҳисобшуда хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон бояд 2 ҳазору 226 комбайн дошта бошанд. Аммо, аз 1121 комбайни мавҷуд буда, 700 адад дар ҳолати корӣ қарор дошта, боқимонда дар ҳолати корношояманд. Дар идомаи нишаст Юсуф Акарамзода, гуфт: «Вазъи буҳроние, дар кишвар ҳоким аст, маълум нест, ки давоми чанд соли дигар кишоварзони ҷумҳурӣ пурра бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин хоҳанд шуд. Бо назардошти вазъи мушкили молӣ муҳлати баргардонидани маблағи техника, ки баробари 3 сол буд, то 5-6 сол зиёд карда шуд. Вазъи мушкили молиявиро ба назар гирифта, кушиш мекунем, ки дар ин давра ҳаҷми маблағи пешпардохт барои техникаву таҷҳизотро аз 30%-и солона қадре поин бибарем. Барои таъмини саросарии кишоварзони тоҷик бо техникаву таҷҳизот зиёда аз 4 миллиард сомонӣ маблағ лозим аст, ки мутаассифона, корхона айни ҳол ин имконияти молиявиро надорад.» Зикр кардан ба маврид аст, ки КВД «Тоҷикагролизинг» ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ бо 12 фоизи солона техника қарз медиҳад ва он дар парки хоҷагии деҳқонӣ нигоҳ дошта мешавад. То пурра иҷро шудани уҳдадориҳои шартномавӣ техника моликияти «Тоҷикагролизинг» аст ва баъди пардохти пурраи маблағ техника аз лизингиранда мешавад. А.Некрӯз |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.