Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хизматрасонии фурудгоҳҳо костааст

Хизматрасонии фурудгоҳҳо костааст

4-08-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Хизматрасонии фурудгоҳҳо костааст
Ҷиҳати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани парки нақлиёти роҳи оҳан тӯли шаш моҳ муассисаҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 60 вагони боркаш ва 2 вагони мусофирбарро аз таъмири капиталӣ бароварда, ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ роҳ аз таъмир бароварда шуд, зикр гардид дар нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт.

Фаъолияти босамари заводи шпалбарории шаҳри Сарбанд имкони таъмини ин намуди таҷҳизотро дар роҳи оҳани сохташавандаи Душанбе-Хатлон ва иваз намудани ин таҷҳизот дар дигар роҳро фароҳам сохт.

Дар нимсолаи аввал ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 % афзуда, мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бобати зиёд намудани интиқоли саривақтии содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз 20 то 50% ба муштариён тахфифҳо пешниҳод намудааст, ки барои интиқоли маҳсулоти кишоварзон мусоидат хоҳад кард.

Ба саволи хабарнигори ҳафтанома оид ба омилҳои боло рафтани арзиши чиптаи ҳавопаймо вазири нақлиёт Ш.Ганҷалзода посух дод, ки болоравии арзиши чипта хусуситяти мавсимӣ дошта, ҳаҷми мусофиркашонӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешин 7,1 маротиб афзун гардидааст. Ин дар ҳолест, ки фаъолияти мусофирбари дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 12,1% фурудгоҳи Қурғонтеппа 30,7%, Кӯлоб 56, 5% костааст. Сабаби камшавии хизматрасонӣ қатъ гардидани парвози як қатор ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия маънидод гардида, ширкатҳои «Сомон-Эйр» ва «Тоҷик-Эйр» бо харидории тайёраҳои замонавӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ фаъолияти рӯзмарраи худро ба роҳ мемонанд, хулоса гардид дар нишаст.
Б. Маъруф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: