Ба 123 довталаб додани мақоми адвокатӣ рад карда шуд5-08-2016, 09:15
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаш моҳи соли равон аз 639 аризаи довталабон 505 довталаб мақоми адвокатиро соҳиб гардида, ба 123 довталаби дигар додани ин мақом рад карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки тибқи талаботи моддаи 48-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ташкилотҳои минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуданд. - Ҳамзамон бо назардошти моддаи 18 ва 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар Вазорати адлия ва мақомотҳои минтақавии он бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ ба роҳ монда шуда, дар маҷмуъ 38 кабинети адвокатӣ, 9 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ва 10 коллегияи адвокатӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамагӣ 212 адвокат ба онҳо фаро гирифта шуданд, - илова намуд вазири адлияи Тоҷикистон. Н.Абӯалӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.