Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Маҳфили сиёсиву фарҳангии “Зарифон” баргузор гардид

Маҳфили сиёсиву фарҳангии “Зарифон” баргузор гардид

9-10-2015, 07:00
Хабарро хонданд: 541 нафар
Назарҳо: 0
Маҳфили сиёсиву фарҳангии “Зарифон” баргузор гардидБо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Президенти муҳтарами кишвар, Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии вилоят корҳои таблиғотиву фарҳангӣ вусъати тоза касб намуда истодаанд.
Тавассути баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ ва роҳандозӣ намудани корҳои таблиғотӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пешгирӣ карда шуда, кӯшишу ғайрати ҷавонон баҳри созандагиву бунёдкорӣ равона карда мешаванд.
Дар Кохи Лоҳутии маркази вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и шаҳр маҳфили сиёсиву фарҳангии “Зарифон” баргузор гардид.
Дар ин чорабиниҳо донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷҳо ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр таҳти унвони “Ҷавонон зидди экстремизм ва ифротгароӣ” бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Маҳфили аввалин бо иштироки донишҷӯёни факултаҳои забонҳои хориҷӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиши Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав оғоз гардид.
Маҳфили сиёсиву фарҳангии “Зарифон” баргузор гардидҚабл аз баргузории маҳфил раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода баромад намуда, донишҷӯёнро бо мақсад ва вазифаҳои озмун шинос карда, қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории ин озмун тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, гиромидошт ва ҳифзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва тарбияи эҳсоси садоқат ба Ватан, инчунин дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси ватандӯстӣ мебошад.
Чорабинӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гашта, аввалин ғолибони озмунро ҳайати ҳакамон муайян намуданд. Дар охир ба иштирокчиёни фаъоли гуруҳҳо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппаро дар фазои тантанавӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А.Ализода супориданд. Озмун то 25-уми октябри соли равон идома меёбад.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: