Ҷамъбасти фаъолият дар 9 моҳ9-10-2015, 10:00
Хабарро хонданд: 450 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа баргузор шуда истодааст.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Зафар», «Кишоварзӣ», «Оила», «Матлубот», «Ҷавонон ва варзиш» ва «Стоматология», аллакай маҷлисҳои ҳисоботии худро гузарониданд. Дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (раисаш Азизов Нуралӣ) оид ба масъалаҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, нақши омӯзгор дар раванди таълим, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», натиҷаи имтиҳонҳои тестӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ва қабули маорифчиён ба сафи ҲХДТ зикр гардид. Дар интиҳои маҷлиси ҷамъбастӣ ба 20 нафар сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.