Вазири фарҳанг: Мо ваколати дастур додан ба мактабҳоро надорем3-08-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 339 нафар
Назарҳо: 0
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба хабарнигорон гуфт: «Ин Вазорат ваколати ба мудирони мактабҳо ва кормандони бахши маориф додани дастур барои ташкил ва гузарондани чорабиниҳои ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагониро надорад.
Мақоми Вазорати фарҳанг дар ҳоле дар ин бора изҳори назар кард, ки яке аз хабарнигорон хост ҳолатҳои аз номи Вазорати фарҳанг ташкил кардани чорабиниҳои ҳунар дар баъзе аз мактабҳоро шарҳ диҳад. Ин хабарнигор, ки худ борҳо шоҳиди чунин ҳолат будааст, барои намуна аз ҳолатҳои дар ноҳияи Ҳисор ташкили барномаи ҳунарӣ аз сӯи гурӯҳи «Лаҳзаҳои гуворо» ёдовар шуд, ки бо тавсияномаи Вазорати фарҳанг ба мактабҳо омада, мудиронро маҷбур мекунанд, барои ташкили барномаҳояшон аз хонандагон пул ҷамъ оваранд. Вазири фарҳанг аз хабарнигорон хоҳиш кард, ки барои ошкор ва пешгирӣ кардани фаъолияти чунин гурӯҳҳои худсар бештар фаъол бошанд. Ибодулло Машрабов, муовини вазири фарҳанг дар такмили ин посух гуфт, ки «Лаҳзаҳои гуворо» танҳо гурӯҳи худфаъолиятие беш нест ва ба вазорат рабте надорад.» Ба гуфтаи ӯ, ҳар номае, ки чунин гурӯҳҳо дар даст доранд, қалбакӣ ва сохтакорӣ шудааст.» У. Машрабов таъкид кард, «Бояд сатҳи огоҳии ҳуқуқии худи мардум баланд бошад ва пеши роҳи ин гуна корҳоро бигиранд.» Ӯ ҳамчунин гуфт: «Нафаронеро, ки ба тақаллуби санадҳо даст мезананд, бояд ба додгоҳ кашид, аммо афзуд, ки ин кор ба салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ марбут аст.» С. Юсуф |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.