Ҷаласаи кории назди раиси Кумиҷроияи вилоятӣ2-08-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Субҳи имрӯз раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов бо кормандони Дастгоҳи ҳизбии вилоятӣ ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Ҷаласаи корӣ оид ба маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва масъалаҳои ҷории рӯзмарраи кумиҷрояи вилояти буд.
Зикр намудан зарур аст, ки барои иҷрои сифатноки меъёри обуна кумиҷроияи вилоятӣ нақша-чорабинии махсусро таҳия кардааст, ки аз рӯи он кумиҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ вазифадоранд, ин маъракаи муҳимро бо нишондиҳандаҳои хуб анҷом диҳанд. Қарор карда шуд, ки санаи 3 август маҷлиси ситоди вилоятии обуна даъват карда шуда, оид ба пурзур намудани фаъолият ба кумиҷроияҳои шаҳриву ноҳиявии ҳизб дар ин самт дастуру супоришҳои иловагӣ дода шавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани аксияи вилоятии «Нури маърифат», ки давоми моҳи август гузаронида мешавад, масъулин вазифаҳои мушаххас гирифтанд. Дар ҷаласаи корӣ ҳамчунин дар бораи натичаҳои баргузории маҷлисҳои ҷамъбасти шашмоҳаи кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо ахборот шунида шуд. Дар интиҳо раиси кумиҷроияи вилоятӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ нисбати ҷоннок кардани фаъолият дастуру супоришҳо дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.