Маҷлиси навбатии Ситоди «Обуна-2017»29-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси навбатии Ситоди «Обуна-2017» баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ ва аъзоёни ситод иштирок намуданд. Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳамаи аъзоёни ситодро бо нақшаи обуна шинос намуд ва қайд кард, ки ягона воситаи чопию тарғиботии ғояҳои созандаи ҲХДТ, барномаи пешазинтихоботии он, инъикоскунандаи фаъолиятҳои ҳизбию сиёсӣ, таҳаввулотҳо дар ташкилотҳои он, ҳамчунин сафарбаркунии мардум барои иқдому ташаббусҳои неки бунёдкорона нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби Раиси кумиҷроия аъзоёни ситод вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои мазкур фаъолона ширкат варзанд ва саривақт ба кумиҷроия оиди рафти иҷроиши нақшаи тасдиқгардида маълумот пешниҳод намоянд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.