Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конфронси миллии сайёҳӣ

Конфронси миллии сайёҳӣ

29-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Конфронси миллии сайёҳӣ27 июли соли равон дар маркази маъмурии ноҳияи Темурмалик Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо» баргузор шуд. Иштирокчиёни Конфронс нахуст аз намоиши ҳунарҳои дастии сокинони ноҳияи Темурмалик боздид карда, таассуроти ғанӣ бардоштанд.

Сипас, қисмати расмии конфронс ҷараён гирифт. Онро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳия, узви КИ ҲХДТ Мирзохон Гулмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшид.

Дар назди иштирокчиёни конфронс раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам оид ба мавзӯи асосии конфронс суханронӣ намуд.

Дар конфронс оиди мавзӯи «Имкониятҳо ва ташкили хатсайрҳои нави туристӣ ба минтақаҳои туристии вилояти Хатлон» раиси Ассотсиатсияи мададгор ба рушди ташкилотҳои туристӣ Ф. Файзуллоев ва намояндаи маркази сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ дар Бадахшон дар мавзӯи «Таҷрибаи ташкили маркази сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ дар вилояти Хатлон» маърузаҳои ҷолиб карданд.

Ҳамчунин намояндагони муассисаи фароғатии «Пули Сангин» дар шаҳри Норак ва сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон вобаста ба паҳлуҳои мухталифи мавзӯи конфронс суханронӣ намуданд.

Дар қисми хотимавии конфронс оид ба мавзӯҳои матраҳгашта муҳокимаронӣ ҷараён гирифта, роҷеъ ба захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: