ИМА зидди созмондиҳандагони ҳамлаҳои киберӣ таҳрим эълон мекунад28-07-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
ИМА зидди онҳое, ки ба системаи нақлиёт ва шабакаҳои барқии ин кишвар ҳамлаҳои киберӣ созмон медиҳанд, таҳрим эълон мекунад. Дар ин бора Лиза Монако, мушовири Кохи сафед дар умури мубориза бо терроризм иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи вай, Русия ва Чин дар фазои киберӣ ба операторҳои комилу моҳиртаре табдил меёбанд. Монако дар бораи намудҳои гуногуну хатарноктари ҳамлаҳои киберии ҷаҳоние ҳарф задааст. Монанди ҳамлаи Эрон ба сомонаи бонкҳои Амрико, ки боиси қатъ шудани хизматрасониҳо гарида буд. Кореяи Шимолӣ низ нишон дод, ки тавони анҷоми ҳамлаҳои харобиоварро дорад. Иёлоти Муттаҳида барои қабули меъёрҳои ихтиёрии ҷавобгарӣ дар фазои киберӣ бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ менамояд, то фаъолиятҳои харобиовар коҳиш ёбанд. Дар ҳамин ҳол, ИМА иҷрои дастурҳои махсуси ҳукуматиро рӯи даст хоҳад гирифт, ки иҷоза медиҳад, зидди ҳамлагарони инфрасохторҳои муҳими ин кишвар таҳрим ҷорӣ намояд. Монако аз дастури нави президент Барак Обама хабар додааст, ки барои ҳамоҳанг кардани иқдомҳои ҳукумат оид ба ҳодисаҳои киберӣ "чаҳорчӯби мушаххас"-еро муайян менамояд. "Ин барои посух ёфтан ба пурсишҳои батакрори ширкатҳову шаҳрвандон, ки "чӣ бояд кард ва барои кумак ба кӣ муроҷиат кунем?" мусоидат менамояд", - афзуд вай. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.