Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пентагон ҳамлаҳои киберӣ ба ДИ-ро тақвият медиҳад

Пентагон ҳамлаҳои киберӣ ба ДИ-ро тақвият медиҳад

3-03-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
Пентагон ҳамлаҳои киберӣ ба ДИ-ро тақвият медиҳадБа гуфтаи намояндаҳои воломақоми Пентагон, ИМА ҳамлаҳои киберӣ бар зидди гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқро тақвият дода, ба минтақа воҳидҳои нерӯҳои махсуси амриқоӣ интиқол шудааст.

Раҳбари вазорати мудофиаи ИМА Эш Картер хабар дод, коршиносон аз ҷумла аз наҳваҳои наве истифода мекунанд, ки метавонанд серверҳои интернетии ифротгароёнро хароб карда, онҳоро водор ба истифодаи фанновариҳои кӯҳнае кунанд, барои ИМА қобили нусхагирӣ ва назоратанд.

«Мо намехоҳем, ки душман огаҳӣ ӣбад, ки амалиёти мо дар куҷо ва чӣ гуна баргузор мешавад», - гуфт дар нишасти хабарӣ дар Пентагон фармондеҳи ситод генерал Ҷозеф Данфорд.

Картер ҳамчунин хабар дод, ки дар Ироқ гурӯҳи махсуси низомиён қарор дорад. “Мо якҷо бо нерӯҳои ҳукуматии Ироқ фаъолият карда, онҳоро ба муҳосира ва бозпас гирифтани Мавсул омода мекунем”, - шарҳ дод вазир.

Шумораи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ 200 ва дар Сурия 50 нафар эълон шудааст. Ин теъдод чандон зиёд нест, вале аз афзоиши ҳузури низомии ИМА дар минтақа паём медиҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: