Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Путин "маҷмуаи зиддитеррористӣ"-и Яроваро имзо кард

Путин "маҷмуаи зиддитеррористӣ"-и Яроваро имзо кард

11-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 144 нафар
Назарҳо: 0
Путин "маҷмуаи зиддитеррористӣ"-и Яроваро имзо кардВладимир Путин, президенти Русия "маҷмуаи зиддитеррористӣ"-и вакили порлумон Ирина Ярова ва узви Шӯрои федератсия Виктор Озеровро, ки қонунгузории ин кишварро сангинтар мекунад, имзо намуд.

Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия иттилоъ додааст.

Ин маҷмуаи тағйиру иловаҳо барои "хабар нарасонидан" ва "майл доштан" ба ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ менамояд. Ба ҷуз ин, ширкатҳои мобилӣ вазифадоранд, ки минбаъд суҳбатҳои телефонию паёмакҳоии муштариёнашонро сабт ва ҳифз намоянд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва мухолифони сиёсӣ, ки зидди "маҷмуаи Ярова-Озеров" ҳастанд, мегӯянд, ин ҳуҷҷат на танҳо дар мубориза зидди терроризм кумак мекунад, балки маҳдудияти ҳуқуқу озодии шаҳрвандонро низ пурзӯр менамояд.

Зиёиёни Конгресс меъёрҳои навро зидди конститутсионӣ хонда, Шӯрои ҳуқуқи инсони президент ҳам тавсия додааст, ки "маҷмуаи зиддитеррористӣ" рад шавад.

Ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, қабули "маҷмуаи Ярова-Озеров" пайоварди манфӣ дорад. Ба гуфтаи онҳо, масъулиятҳои нав арзиши хизматрасониҳоро ду-се баробар боло хоҳад бурд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: