Бузургтарин дастоварди миллат27-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 527 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиклоли Тоҷикистон мебошад.
Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. 24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти ҷумҳурӣ эъломия қабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Дар тамоми собиқ давлати Шӯравӣ ҷунбише барои дигаргунии сиёсӣ ба вучуд омад. Декабри соли 1990 анҷумани чоруми Шӯроҳо дар бораи 17 марти соли 1991 гузаронидани райъпурсии умумииттифоқи қарор кард. 71,3 % -и аҳолӣ тарафдори нигоҳ доштани ИҶШС буд. 19 августи соли 1991 дар Москва Комитети давлатии фавкулодда таъсис ёфт. Аз 20-уми август сар карда Эстония, Украина, Белоруссия, Озорбойҷон, Узбекистон ва дигар миллатҳо худро соҳибистиқлол эълон карданд. Ин маънои амалан аз байн рафтани СССР-ро дошт. 8-уми декабри соли 1991 дар Беловежск, дар бораи Иттиҳоди давлатҳои мустақил созишнома бастанд. Cарони 11 ҷумҳуриҳо дар Алмаато ИДМ ворид шуданд. 25-уми декабр президенти ИҶШС М.С. Горбачёв аз вазифа даст кашид. Давлати абарқудрати шӯравӣ аз байн рафт. Дар Тоҷикистон вазъияти сиёсӣ муташанниҷ гашт. Ҳизбу созмонҳои нав барои ҳокимият мекушиданд. 9 сентябри соли 1991 аввалин маротиба рӯзи истиқлолият қайд карда шуд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои тамомияти он ҷоннисорӣ мекунад. Пас аз ба даст даровардани истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайраҳо шаҳодат медиҳанд. Бо ташаббуси Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони НБО Сангтӯда, Помир-1, Роғун, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди Кулма-Қароқурум, нақби Анзоб шуруъ карда шуда буд, ки пурра иҷро гардидани онҳо Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои мутараққӣ хоҳад гузошт. Вожаи «Истиқлолият» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. Тоҷикистонро шинохтани зиёда аз 165 кишвари ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби Ватани озод ва давлати мустақил аст. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бофарҳангии мардуми шарифи мост. Бешубҳа, низоъ ва кашмакашиҳои дохилии кишвар низ бо раъйи мардуми тоҷик рух надода, нақши хиёнаткоронаи душманони берунӣ аст. Новобаста аз душвориҳои зиёд, билохира нерӯи фарҳангии собиқа ба миллати тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созад. Дар ҳақиқат шукргузорӣ аз он мекунем, ки моҳи декабри соли 1991 вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, Тоҷикистон мисли ҷумҳуриҳои дигар озодии воқеӣ ба даст овард. Ҷумҳурии мо акнун бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мустақилона робита барқарор мекунад. Тоҷикистонро беш аз 165 давлати дунё ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд. Ки ин яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли 25 соли истиқлолият мебошад. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро ба ҳамватанони сарбаланду озодипараст табрик мегӯем. Алиева С., Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.