Дар Қазоқистон роҳсозон се моҳ аст, ки маош нагирифтаанд27-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Коргароне, ки ба сохтани шоҳроҳи Марказ-Шарқ дар вилояти Павлодари Қазоқистон машғуланд, талаби маош доранд. Ба гуфтаи онҳо, 450 коргар аллакай се моҳ аст, ки моҳона нагирифтаанд.
Корҳои сохтмонии қитъати Қизилорда-Павлодар-Успенка-сарҳади Русия, ки 25 километрро дар бар мегирад, қатъ шудааст. - Ҳамаи коргарон соҳиби оила ҳастанд, фарзандонашонро бояд ба мактаб омода кунанд. Мавсими сохтмон дар Павлодар кутоҳ аст, мо аллакай як моҳро беҳуда сипарӣ кардем. Наметавонем, ки корро пешбарем ва на метавонем, ки маош гирем, - мегӯяд механик Николай Лаптев. Корҳои сохтмонии ин қитъаро бо фармоиши "НК КазАвтожол" ширкати "Автодорсервис" амалӣ мекунад. Ин ду ширкат миёни ҳамдигар баҳси додгоҳӣ доранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.